Дар мамлакат 3800 масҷиди панҷвақтаю ҷомеъ ва 67 ташкилоти динӣ амал мекунанд

№40 (3990) 11.04.2019

IMG_2971++Мусоҳиба бо муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фаррухулло Олимзода доир ба амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин

- Зарурати қабули консепсия аз чӣ иборат аст?

- Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 апрели соли 2018 тасдиқ гардид. Барои дар шакли ниҳоӣ пешниҳод намудани он гурӯҳи корӣ дар ҳайати коршиносон ва олимон аз ниҳодҳои гуногун лоиҳаи онро мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба баррасии васеъ гузошта шуд. Азбаски санади мазкур барои омӯзиши вазъ ва низоми динии кишвар муҳим буд, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳар як банди онро мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои ҷолиб низ манзур карданд. Ҳадафи асосии таҳия ва қабули консепсия рушди робитаҳои неку созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароити беҳтари амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон дар интихоби дин ва пайравӣ кардан ё накардан аз дин, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани ваҳдату ризоят дар ҷомеа мебошад.

- Дар он муносибати давлат бо дин чӣ гуна муайян шудааст?

- Тавре аз муқаррароти консепсия бармеояд, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дарназардош­ти манфиатҳои миллию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ ташаккул меёбад. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба ҳама дину мазҳаб ва баробарии пайравони динҳо дар назди қонун амалӣ карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эъти­қоди динӣ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибатро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Қайд кардан бамаврид аст, ки то даврони истиқлолият дар мамлакат 34 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз ин теъдод 17 масҷиди ҷомеъ ва 17 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ фаъолият мекарданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3800 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта, 3 ҷамоатхона ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.

- Баҳри татбиқи консепсия кадом чорабиниҳо амалӣ гардид?

- Дар асоси банди 54-уми консепсия нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуд. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии кумита, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ва Маркази исломии Тоҷикистон амалисозии бандҳои ҷудогонаи онро таъмин менамоянд. Соли 2018 ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон ва фаҳмондадиҳии моҳияти Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар шаҳру ноҳияҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом дода шуд. Аз ҷумла, 8-9 июни соли 2018 конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Масеҳият ва ислом» бо иштироки коршиносон ва намояндагиҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон доир шуд. Илова ба ин, бо мақсади таъмини иҷрои банди 39- уми консепсия дар иртибот ба амалисозии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизмро муайян менамояд, тадбирҳои муайян андешида шуданд. Дар иртибот ба масъалаи зикршуда 15 марти соли 2018 суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва нақши он дар пешгирии ифротгароӣ», моҳи майи соли гузашта семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Пешгирии ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ» ва «Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ» ва дигар чорабиниҳои маърифатию илмӣ баҳри решакан намудани зуҳуроти хавфноки ҷомеа-ифротгароӣ ва тундгароии динӣ бо ҷалби кормандони соҳа, коршиносон ва ходимони дин баргузор шуд.

Дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони кумита ва Маркази исломии Тоҷикистон барои гузаронидани суҳбату мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ки бештар дар ин раванд осебпазир мебошанд, ба Федератсияи Россия сафар намуданд. Гурӯҳи кории зикршуда бо теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Уфа ва Қазон вохӯрӣ анҷом дода, тақвият ва ташаккули андешаи миллӣ, тарвиҷи фарҳанги таҳаммулгароӣ дар муҳити динӣ, мубориза бо даъватгарони динии виртуалиро дар интернет шарҳу тавзеҳ додаанд.

- Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии тундгароии динӣ ва экстремизм чӣ гуна аст?

- Ходимони дин, баробари дигар қишрҳои ҷомеа, баҳри пешгирии ҳодисаву воқеаҳо мунтазам тарғиботу ташвиқот мебаранд. Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дар мавъизаҳо аъмоли зишти гурӯҳҳои ифротиро маҳкум намуда, доир ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ-истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, гиромидошти фарҳангу расму оинҳои миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати созандаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андеша баён менамоянд.

- «Дар сатҳи таассубу хурофотӣ боқӣ мондани тафаккури динии баъзе шаҳрвандон метавонад яке аз монеаҳои рушди устувори ҷомеа ва нуқтаҳои заифи суботу амнияти миллии кишвар бошад», — омадааст дар консепсия. Оё барои ислоҳи ин камбудӣ барномаҳои таълимию маърифатӣ, омӯзиши қонунҳо, таърих ва асосҳои дин ба роҳ монда шудааст?

- Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту идораҳои гуногун пайваста корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ баҳри баланд бардоштани донишҳои динию ҳуқуқии ходимони дин барои 340 имомхатибу имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Варзоб, Данғара, Муъминобод, Ховалинг, Айнӣ ва Зафаробод дар мавзӯъҳои риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз курс­ҳои омӯзишӣ ташкил шуданд. Дар маҷмӯъ, ин масъала мунтазам мадди назар қарор дошта, минбаъд низ фаъолият дар ин самт густариш хоҳад ёфт.

Мусоҳиб Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»