Дар мамлакат 769 доктор ва 2800 номзади илм фаъолият мекунанд

№46 (3996) 25.04.2019

218 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Илму маориф — бунёди маърифати зеҳнӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мардумӣ, вазорату муассисаҳо, марказву пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) мисол оварда, таъкид намуданд, ки ояндаи илм ва маориф ба худи маорифчиён ва ҷомеаи илмӣ бештар вобастагӣ дорад.

_DSC0424++Лутфия Раҷабова — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон зикр намуд, ки барои пешрафти босуръати соҳа низоми маориф бояд бо заминаи пойдори ҳуқуқӣ таъмин бошад. Соҳаи маориф дар марҳилаи муосир яке аз соҳаҳои муҳиму ҳалкунандаи ҳаёт маҳсуб меёбад. Дар ин робита, доир ба ҳалли як силсила масъала, аз ҷумла, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти мамлакат, зарурати таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ пеш омад. Дар натиҷа, 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, баррасӣ ва қабул гардид, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Қурбонов доир ба мавзӯи «Илм ва маориф — бунёди захираи зеҳнӣ ва рушди устувори ҷомеа» сухан ронд.

- Ҳоло дар ҷумҳурӣ 769 доктор ва 2800 номзад фаъолият доранд, ки тақрибан 64 фоизи онҳо аз 60-сола боло мебошанд. Касе, ки ба фаъолияти илмӣ шурӯъ мекунад, медонад, ки илм сарвати якумрӣ аст. Зарурат пеш омадааст, ки тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ неруи зеҳнии олимону мутахассисон, новобаста ба синну сол, балки вобаста ба вазъи ҷисмонии онҳо бемаҳдуд мавриди истифода қарор дода шавад. Ин яке аз омилҳое хоҳад буд, ки дар марҳилаи кунунӣ барои ҳифзи амнияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Таҳлилҳо собит месозанд, ки бо вуҷуди масрафи зиёди маблағ барои кадрҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳо теъдоди номзадҳои илм ҳанӯз ба нишондоди соли 1985 баробар нашудааст. Аз ин бармеояд, ки муассисаҳои илмӣ имрӯз ҳам дар рӯ ба рӯи мушкилоти шадиди кадрӣ қарор доранд. Дар ин замина, тавре академик В. А. Садовничий гуфтааст: «Масъалаи кадрҳои миллӣ — ин масъалаи калидии амнияти миллӣ мебошад. Кишвари соҳибистиқлол ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ҳамон кишварест, ки захираи кадрии кифоя дорад», — гуфт Абдураҳмон Қурбонов.

Дар охир рӯнамоии ду китоби доктори илми фалсафа Абдураҳмон Қурбонов — «Илм ва маориф: тамоюлот, мушкилот, дурнамо» ва «Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон» доир шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»