Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор институти ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунад

№114 (4064) 24.09.2019

РУШДИ ЧОМЕА19 сентябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии ­назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  унвони  «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» суҳбати гирди миз  доир гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ иштирок карданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Диловар Қодирзода  зикр кард, ки шарти асосӣ ва зарурии бунёди демократия мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандии комил танҳо дар натиҷаи рушди ҳамкориҳо, муносибатҳои байниҳамдигарии ниҳодҳои сиёсӣ ва муносибатҳои бозори озод имконпазир мегардад.

- Ҷомеаи шаҳрвандӣ сохтори худидоракунӣ ва кушодаи муносибатҳои байни одамон аст, ки дар асоси арзишҳои фарҳанги умумӣ, иқтисоди бозорӣ, шаклҳои ихтиёрии ниҳодҳои шаҳрвандӣ муттаҳид гашта, дар ташкили демократияи устувор нақши муҳим мебозад. Мавқеи он, пеш аз ҳама, бо пайдоиши шаҳрванди озод, узви мустақили ҷомеаи дорои як қатор ҳуқуқ ва озодӣ, инчунин, масъули маънавӣ барои амалҳо дар назди ҷомеа алоқаманд аст, чунки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бисёр ҳолат аз пайдоиши иттиҳодияҳои гуногуни одамон вобастагӣ дорад, — илова кард Диловар Қодирзода.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода гуфт, ки бе ҷомеаи шаҳрвандӣ Истиқлолияти давлатиро тасаввур кардан номумкин аст. Муносибати зичи давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ гарави устуворӣ ва фаъолнокии рушди Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамкории самаранок бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ муфид аст, бояд бештар рушд ёбад.

Қайд гардид, ки мувофиқи тадқиқот дар ҷумҳурӣ беш аз 14 ҳазор институти гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунад ва муносибати давлат бо онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ кумак намуда, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барнома, чорабиниҳои ҳукуматиро баррасӣ ва барои такмил таклиф пешниҳод мекунанд.

Коршиноси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ Нусратулло Зокиров дар мавзӯи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чун омили муҳими демократия дар Тоҷикистон», раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов дар мавзӯи «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикис­тон», сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муллоалӣ Алиев дар мавзӯи «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ», раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Нақши васоити ахбори омма дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин посух доданд.

Р. УМАР, «Садои мардум»