26 июн – Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва нашъамандӣ

Дар ҷумҳурӣ 7067 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

нашъа30 сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Рўзи байналмилалии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва нашъамандиро таҷлил менамояд. Мақсад аз он бозгўйии оқибатҳои фоҷиабори қочоқ, фурўш, истеҳсол ва истеъмоли маводи мухаддир мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори давлатҳои пешқадам дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешавад. Таъсиси Агентии назорати маводи наш­ъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти муштараку пурсамари он бо дигар сохторҳои қудратии кишвар дар ин ҷода натиҷаҳои назаррас  ба бор овардааст.

Яке аз омилҳои паҳншавии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ва қочоқи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оид ба тадбирандешиҳо ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии паҳншавии нашъамандӣ суҳбат доштем бо сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ташрифӣ Алишер Хоҷа.

 

- Ҷумҳурии Афғонистон яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи нашъадор дар олам аст. Биноан мехостем донем, ки ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддир солҳои охир  дар ин кишвар чӣ қадар аст?

– Мутобиқи  маълумоти  оморӣ  соли  2016  майдони кишти кўкнор дар Афғонистон ба 201000 гектар расидааст, ки  нисбат ба соли 2015 10 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли афюн соли сипаришуда нисбат ба соли 2015-ум 1500 тонна  ё 43 фоиз зиёд шуда, ба 4800 тонна расидааст. Ин миқдор маводи мухаддир бо роҳи қочоқ, аз он ҷумла тавассути кишвари мо ба дигар мамлакатҳо интиқол мешавад.  Соли 2016  аз  34  вилояти Афғонистон дар 21-тоаш кишти кўкнор ба қайд гирифта шуд. Аз вилоятҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонис­тон майдони  кишти кўкнор 55 фоиз, дар вилояти Балх 10 маротиба афзоиш ёфтааст. Соли  2016  ҳаҷми  умумии  афюни  истеҳсолшуда бо нархҳои роиҷбуда 900  миллион  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 2015-ум 330 миллион доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

– Нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин самт чӣ гунаанд?

– Соли 2016 дар муқоиса бо соли 2015 шумораи ҷиноятҳои ба ин масъала рабтдош­та 11 фоиз ё 109 ҷиноят ва ҳиссаи онҳо аз ҷамъи ҷиноятҳо 4 фоиз коҳиш ёфт. Ҳаҷми маводи нашъадори мусодирашуда 1 тоннаю 250 кило ё 26 фоиз кам гардида,  миқдори ҳабҳои мусодирашуда, ки дар таркибашон моддаҳои психотропӣ, МДМА, амфетамин доранд, 2104 дона ё 19 фоиз афзоиш ёфтааст.

– Назорат оид ба муомилоти қонунии маводи нашъадор дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Яке аз ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  такмили назорати муомилоти қонунии маводи нашъадор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро истеҳсол намекунад, бинобар ин, барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолии кишвар бо дорувории нашъадор ва психотропӣ тибқи квотаи давлатӣ прекурсорҳоро аз дигар мамлакатҳо ворид менамояд. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани иҷозатнома дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст. Ҳамчунин, вазорати мазкур воридот, нигоҳдорӣ, тақсимот ва  истифодаи моддаҳои мазкурро дар муассисаҳои тандурустии кишвар  назорат  менамояд. Имрўз дар ҷумҳурӣ 272 муассисаи тандурустӣ ва дорухона барои ин намуди фаъолият иҷозатнома доранд.

– Вазъи нашъамандӣ дар кишвар ва пешгирии онро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– Таҳлилҳо собит менамоянд, ки 8 соли охир теъдоди ашхоси мубталои бемории нашъамандӣ кам шудааст. Тибқи  маълумоти Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ,  ҳоло дар кишвар 7067 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар қиёс ба соли 2015-ум  3,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ чорабинии зиёд, аз ҷумла ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  баргузор шуд. Ба ғайр аз ин, дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чорабинии зиддинашъамандӣ доир гардид, ки дар онҳо намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, иштирок намуданд.

 

 Рустам ТУРСУНОВ, махсус барои «Садои мардум»