Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Дарунмояи андешаи миллӣ

№71 (4021) 20.06.2019

427270Ҳар қадар ки аз соли мубораки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон бо ҳукми таърих дуртар биравем, ҳамон андоза арзиши таърихии он барои миллат ва давлат бештар ва амиқтар дарк мешавад. Инак, 22 сол мешавад, ки дар мамлакат ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардум ба маънои том татбиқ мешавад.

Бо даргузашти вақт ваҳдат ҳамчун идеяи муттаҳид намудани миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ ва идеологияи миллӣ табдил ёфт ва ин раванд комилан табиист. Зеро ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки қишрҳои ҷомеаро ба ҳам оварда, барои расидан ба зиндагии шоиста мусоидат кунад, вуҷуд надорад.

Масъалаи дигар дар робита бо ваҳдат ин аст, ки ин мафҳум хоси ин ё он қишри алоҳида нест, дар чорчӯбаи фаҳми ваҳдат миллат ва қишрҳои он шомил мешаванд. Яъне, ваҳдат идеяи сартосарист, чароғе ҳаст, ки роҳи миллат ва ҷомеаро барои рушду тараққӣ равшан мекунад. Тамоми пешрафт маҳз дар заминаи ваҳдат шуда метавонад, ончунон ки роҳ ҳамвор набошад, гардиши нақлиёт номумкин мешавад.

Ваҳдат ҳамеша дар муқобили парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад. Дунёеро, ки барои зисти бани башар офаридаанд, ҳамеша дуқутба буд ва то кунун чунин ҳаст, зиддиятҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рӯшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, ростиву дурӯғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаргӣ, ҳушёриву девонагӣ, ғасбкориву бахшандагӣ ва ғайраҳо. Ин зиддиятҳо чунон зиёданд, ки дар шумори онҳо кас раҳгум мезанад. Ва ҳамин тақобулҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсуд, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ ҳамеша ихтиёр дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сӯи бахту саодат бошад, ӯ роҳи ростиро интихоб мекунад ва агар баръакс, вайрониву зулмат чун ғубори фасли поиз пеши чашмро хира хоҳад кард.

Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддуни инсонӣ дар масири таърих аз набудани ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмӣ дар сох­тмони ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиа шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқу миллатҳо дар шакли асотиру афсона ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.

Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расиданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллиро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст.

Абдуррауфи Фитрат, вақте ки аҳволи бади мардуми Бухороро дар ибтидои асри XX ба мушоҳида гирифт, дар «Раҳбари наҷот» ном асараш ба хулоса омад, ки сарчашмаи бадбахтиҳои мардум аз ду чиз беш нест: яке ҳирс ва дигаре ғалати муҳокимот. Аз ин ду, ғалати муҳокимот хатари бештар дорад, зеро ҳамин ки дар мафкура ғалат ташаккул ёфт, инсонро ба роҳи нодуруст мебарад.

Мисоли дигар. Соли 184 то милод дар Рим Катон ном сиёсатмадор баробари сензор интихоб шудан муборизаро барои пешгирии вуруди афкору одатҳои барои ҷамоаи Рим хавфнок эълон намуд. Ҳамон ақидаву одат ва расму оинҳое иҷозат дода мешуд, ки барои муттаҳидии ҷомеаи Рим мусоидат мекарданд.

Ё боз мисоли дигар. Солҳои сиюми асри гузашта Иқбол баъди сафаре, ки ба Афғонистон, хусусан шаҳрҳои Кобулу Ғазна ва Қандаҳор дошт, маснавие навишт бо унвони «Мусофир». Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ ва фарзанди ӯ – Зоҳиршоҳро ҳушдор дод, ки рӯ ба маорифпарварӣ, рӯ ба илму мактаб биёранд, вагарна кишварро оқибатҳои номатлуб интизор аст…

Миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расид, сарзамини паҳновар дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб кард. Аммо, тавре ки мегӯянд, бало аз дарун бархост ва кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёд пайдо кард. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои Шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид.

Хуб, ин сабақи таърих аст, ки бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,

Ҳалла бархез, ки андеша дигар бояд кард…

Андешаи дигар ҳамин ваҳдат аст, ки тӯли беш аз бисту як сол аст, ки дар борааш мегӯянду менависанд, аммо боз гуфтаниву навиштаниҳо мемонад. Чаро чунин аст? Чунки роҳу воситаҳо ва омилҳои тақвият бахшидани ваҳдат интиҳо надорад, чунонки як давлати маънавибунёди миллӣ мегӯему бунёди он идома дорад. Сохтани давлате, ки ҳам миллӣ бошаду ҳам қонун­бунёд, кори саҳл ҳам нест, он даҳсолаҳо заҳмат мехоҳад, сабру таҳаммул ва иродаи матини ҳамаро тақозо дорад. Ваҳдат бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори неруманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд дар доми қудратони дигар мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад, ки ҳолиё аксари олимони ҷомеашинос сари он таҳқиқот мебаранд. Боз ҳамон Иқбол ба хотир мерасад, ки ҳушдор дода буд:

Қудсиёнро субҳи ид он соате,

Гар шавад бедор чашми миллате…

 Чун нек бингарем, сарчашмаи бадбахтиҳое, ки солҳо қабл ба сари миллат расид, таназзули ахлоқи ҳамида буд. Ҳамон ахлоқе, ки дарунмояаш имон ва виҷдон аст. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кӯр кард, тундравию ифротгаройӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо ба тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод.

Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ягона роҳи наҷоти ҳар миллат дар олами пурмазҳаб аст. Ҳол он ки Мавлонои Рум бузургтарин шахсияти рӯҳонӣ ва бунёдгузори андешаи нави исломӣ дар таърихи тамаддун эътироф мешавад. Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанӯз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ҷамъиятро намедонад.

Ҳоло ҳам боқӣ мондаанд баъзе аз ғалатандешоне, ки динро омили асосии барҳамзанандаи ваҳдат медонанд, бехабар аз он ки маҳз дин ҳамчун навъи аз ҳама пуртаъсири шуури ҷамъиятӣ дар таҳкими давлати миллӣ ва поянда доштани ваҳдати миллӣ нақши муассир дорад. Дину давлат ду гавҳаре ҳастанд, ки наметавонанд бе ҳамдигар бошанд, гӯиё ба сифати он ки дар як инсон будани ду даст ҳамеша зарурат дорад. Дин дар мағз андар мағзи таълимот андешаи ваҳдати инсонҳо ва дар як ҷомеаи поки ахлоқӣ зистани онҳоро ҳамеша талқин кардааст ва мекунад. Дар ояи 103-юми сураи «Оли Имрон» омадааст: «Ва Шумо ҳама ба китоби Худо чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид».

Ҳамин нуктаро Мавлонои бузург хеле дурус­ту воқеӣ баён намудааст:

Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад…

Ихтилоф кардан дар ҷамоати воҳид бузургтарин гуноҳ аст, ки ин нукта дар ояи 105-и сураи зикршуда низ омадааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст». Маҳз ҳамин низоъ варзидан ва наёфтани роҳи мусолиҳатомези ҳалли қазияҳои баҳсбарангез башариятро пайи ҳам ба фоҷиаҳо гирифтор намудааст.

Аз ин хотир, боистӣ, ки ба ваҳдат ҳамчун беҳтарин неъмат назар карда, на фақат онро бояд неку нигаҳ дошт, балки бо амали нек ва хислати ҳамида ба ояндагон гузошт, ҳамон тавре ки хиште болои хишт мениҳанд, ваҳдат низ бояд беосеб ба пасояндагон ба мерос монда шавад.

Ҳафиз РАҲМОН, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон