Дастгоҳҳои муосири тиббӣ — кафолати ташхиси дақиқ

№126 (3920) 18.10.2018

DSC00382Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» яке аз марказҳои соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба фаъолият оғоз намудааст.

Он 28 апрели соли 2017 бо ташаб­буси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда, дорои имкониятҳои мусоиди корӣ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ мебошад.

- Бартарии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар он аст, ки дар он корро на табибон, балки техникаи муосири тиббӣ иҷро мекунад ва дар як соат як дастгоҳ беш аз сад ташхис гузаронида метавонад. Бартарии дигар дар техникаи замонавии тиббӣ махфӣ нигоҳ доштани асрори бемор мебошад. Мо ба ҷойи ному насаби бемор рамзи махсус мегузорем. Бемор метавонад онро ба интернет дохил карда, ҷавоби ташхис­ро гирад. Натиҷаҳои ташхисе, ки мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосири тиббӣ муайян месозанд, дақиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ буда, ба сатҳи давлатҳои пешрафта, амсоли Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Федератсияи Россия, баробар мебошад, — мегӯяд директори муассиса Дилшод Давлатов.

Ба гуфтаи Д. Давлатов, дар «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» мутахассисони соҳибтаҷрибаи ватанӣ фаъолият менамоянд. Онҳо давраи омӯзиширо бо таҷҳизоти муосир дар ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо гузаштаанд. Инчунин, мутахассисони Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳар ду моҳ ба ҷумҳурӣ омада, бо кормандони озмоишгоҳ семинар — тренинг мегузаронанд. Мутахассисони озмоишгоҳ низ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Федератсияи Россия ва Қазоқис­тон сафар карда, дар семинарҳои омӯзишӣ иштирок менамоянд.

- Бо дарназардошти пешгирии бемориҳои сироятӣ, тақвияти фаъолияти муассиса ниҳоят зарур аст, зеро на ҳама эҳтиёҷмандон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат имконияти ба шаҳри Душанбе омадан доранд. Ин масъала роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти озмоишгоҳро водор месозад, ки дар партави сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат ҳар чӣ зудтар барои ифтитоҳи филиалҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҷӯйӣ кунанд. Чанде пеш бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохтмони филиалҳои «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар оғоз гардид, ки бовар дорем, дар муддати кӯтоҳ ба истифода дода мешаванд, — иброз дошт Дилшод Давлатов.

- Ҳамин тариқ, бо истифода аз шароити мусоид кӯшиш менамоем, ки дар солимии аҳли ҷомеа ҳиссагузор бошем, зеро ояндаи давлату миллат аз насли солим вобастагӣ дорад, — мегӯяд директори муассиса.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»