Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ назаррасанд

№144 (3781) 05.12.2017

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Саммит оид ба соли ҳафтуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010 -2020» доир гардид, ки дар он дастовард ва мушкилоти ҷойдошта    мавриди таҳлил қарор гирифт.  

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насим Олимзода ва сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар соли равон сухан ронданд.

– Ифтитоҳи озмоишгоҳи референсӣ ва корхонаи  истеҳсоли дорувории «Суғд Фарм» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии усулҳои нави ташхису табобат, кушодани шуъбаи нави пайвандсозии мағзи устухон ва ба роҳ мондани ин ҷарроҳии нодир аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки зимни татбиқи Стратегия ноил шудем, — гуфт вазири тандурустӣ.

Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  Игор Полканевич ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои дастгирии соҳаи тандурустӣ ва ба роҳ мондани  ҳамкории судманд бо шарикони рушд миннатдорӣ баён намуда, аз дастовардҳо  дар бахши пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, изҳори қаноатмандӣ кард.

 Н. Низомӣ,

«Садои мардум»