Хушхабар

Давое, ки сирояти коронавирусро пешгирӣ мекунад

№63 (4169) 28.05.2020

IMG_20200526_152115Дорусози маъруфи тоҷик Сайидвалӣ Ҳикматов дар арафаи Иди саиди Фитр истеҳсоли маҳлули антисептикии пошанда  (спрей)-ро ба роҳ монд, ки «Антиковид-19» ном дорад. Он дар асоси сиёҳдона тайёр шуда, қобилияти баланди зиддивирусӣ дорад. Номбурда муътақид аст, ки агар беморони гирифтори коронавирус рӯзе 6-8 маротиба маҳлулро ба кому даҳон пош диҳанд, эҳтимолияти сироят ёфтани дигарон 99 дарсад кам мешавад. Духтурон ва дигар ашхосе, ки бо беморон тамос доранд, агар бо ин маҳлули антисептикӣ даҳонашонро коркард намоянд, хатари сироятёбӣ қариб пурра аз байн меравад.

Бемороне, ки дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Турсунзода ва ноҳияи Мастчоҳ аз маҳлули «Антиковид-19» истифода бурдаанд, беҳбудиро эҳсос намуданд.

Аз ин пештар Сайидвалӣ Ҳикматов истеҳсоли  равған ва нӯшдоруи «Сиёҳдона»-ро ба роҳ монда буд, ки дар мустаҳкамкунии иммунитет ва муолиҷаи COVID- 19 таъсирбахш буданашон собит шуд.

Яке аз бартариҳои нӯшдорую маҳлули антисептикии пошандаи «Антиковид-19» дар он аст, ки хосияти иммуномодуляторӣ дошта, қувваи муҳофизатии ҷисмро пурқувват мекунад. Магнийи таркиби сиёҳдона фаъолияти системаи дилу рагҳо, шуш, мағзи сар, системаи асаб ва мушакҳоро беҳтар мегардонад. Оҳан барои хунофарӣ, мис барои беҳтаргардонии раванди табодули моддаҳо дар ҳуҷайраҳо, манган баҳри фаъолияти хуби ғадуди зери меъда, селен дар муолиҷаи бемориҳои саратонӣ кумак мерасонанд. Витаминҳои гурӯҳи В дар фаъолияти хуби ҷигару низоми асаб нақши муҳим  мебозанд.

Боварӣ дорем, ки давоҳои табиии истеҳсоли ватанӣ самаранокиро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ нишон хоҳанд дод.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»