7 май – Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо диққи нафас

Диққи нафас ва роҳҳои табобати он

№51 (4001) 07.05.2019

7Солҳои охир дар кишвар бемории диққи нафас (дамкӯтаҳӣ, астма) бисёр мушоҳида мешавад. Махсусан дар фасли баҳор гирифторони он азият мекашанд. Омилҳои сар задани беморӣ кадомҳоянд? Онро чӣ гуна табобат мекунанд? Дар ин бора суҳбате доштем бо мудири шуъбаи ҷарроҳии қафаси синаи Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина ва мудири кафедраи фтизиопулманологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб Абдурасул Сангинов.

- Сабабҳои пайдоиши беморӣ кадомҳоянд?

- Дамкӯтаҳӣ тавре аз номаш маълум, бо нафас ва роҳҳои нафаскашӣ алоқаманд аст. Ҳангоми хурӯҷи беморӣ нафаскашии одам душвор шуда, бемор баъд аз сулфаи зиёд ва тоза шудани балғам, каме худро сабук ҳис менамояд.

Онро бемории аллергикӣ (ҳассосият) мегӯянд, ки дар натиҷаи таъсири моддаҳои химиявӣ, бактерияҳо, вирусҳо, хӯрокворӣ, дору, обу ҳаво пайдо мешавад.

Таъсири экологӣ аз ҷумлаи омилҳои асосӣ маҳсуб шуда, сардӣ, тағйирёбии ҳаво, чангу ғубор метавонанд боиси хурӯҷи ин беморӣ гарданд. Сигоркашӣ, фаъолият дар корхонае, ки чангу ғубор дорад, касро метавонад мубталои ин беморӣ гардонад.

- Ҳассосият, яъне аллергияро шарҳ медодед…

1524590695_ingalyatory-ot-astmy-himicheskiy-sostav-1024x768- Аллергия — баландшавии ҳассосияти бадан ба ҳар гуна мавод мебошад. Ин ҳолат боиси инкишофи бемориҳои аллергӣ мегардад. Бемориҳои аллергӣ аз давраҳои қадим маълуманд. Ҳанӯз ҳаким Буқрот (асрҳои V – IV  то мелод) таъкид карда буд, ки баъзе хӯроквориҳо ба организми одам созгор нестанд, боиси пайдоиши саглес ва ихтилоли кори меъда мегарданд. Ба гуфтаи Ҷолинус  (асри 11 то мелод) баъзан аз бӯи гул зуком ба вуҷуд меояд. Дар асри ХIХ исбот шуд, ки сабаби табларзаи хасбедагӣ тавассути нафаскашӣ фурӯ бурдани гарди растаниҳост. Фарзияе низ пайдо шуда буд, ки ба роҳи нафас афтодани гарду чанг боиси пайдоиши бемории диққи нафас мегардад.

Ин намуди бемориҳо дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд. Дар баъзе мамлакатҳо то 10 фоизи аҳолӣ гирифтори онҳо аст. Бештар диққи нафас, поллиноз ва саглес паҳн шудаанд, ки сабаб фаровон истифода бурдани антибиотикҳост. Тараққиёти саноати химия ва истеҳсоли миқдори зиёди моддаҳои гуногуни синтезӣ, рангҳо, хокаҳои ҷомашӯӣ ва ғайра  низ аз омилҳои паҳн шудани бемориҳои аллергӣ мебошанд.

Пайвастҳои гуногун – аз моддаҳои содаи химиявӣ (бром, йод) то моддаҳои мураккаб (сафедаҳо, полисахаридҳо) метавонанд чун аллерген таъсир расонанд. Баъзе аллергенҳо ба организм аз берун ворид шуда (экзогенӣ), баъзеи дигар дар организм ташаккул меёбанд. Аллергенҳои экзогенӣ ду хеланд: ғайрисироятӣ гарду чанги хона, пашми ҳайвонот, дору, моддаҳои химиявӣ, гарди растанӣ, хӯроквориҳои гӯштиву ширӣ ва наботӣ) ва сироятӣ (бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳо ва ғайра). Дар сурати бори аввал ба организм ворид гаштани аллерген, таассуроти ғайримуқаррарии аллергӣ рӯй медиҳанд. Он гоҳ ҳассосияти организм баланд намешавад, аммо худи аллерген моддаҳоеро ҳосил мекунад, ки онҳо ҳуҷайра, бофта ва узвҳоро иллатнок мегардонанд. Ба одам бештар таъсирҳои махсуси аллергӣ хосанд.  Таъсири аллергия баъд аз 15 – 20 дақиқа дар пӯст ва узвҳои дигар мушоҳида мешавад. Обилаи пӯст, ихтилоҷ (спазма)-и бронхҳо, ихтилоли кори меъдаю рӯда, садамаи анафилаксӣ, поллинозҳо, саглес, диққи нафас, аз ҷумла аз таъсири аллергия ба амал меоянд. Таъсири сусти аллергӣ, одатан, пас аз чанд соат ё шабонарӯз авҷ мегиранд. Муқаррар кардаанд, ки агар волидайн гирифтори поллинозҳо, садамаи анафилаксӣ, диққи нафас (шакли ирсии он), баъзе намудҳои зукоми аллергӣ бошанд, дар бештар аз 70%-и кӯдакони онҳо бемориҳои аллергӣ инкишоф меёбанд, дар оилаҳое, ки яке аз волидайн бемор аст, то 56%-и кӯдакон ба амрози аллергӣ гирифтор мешаванд.

- Ин бемориҳоро чӣ гуна пешгирӣ ва табобат кардан мумкин аст?

- Тавре мегӯянд, пешгирӣ аз табобати беморӣ осонтар аст. Роҳ надодан ба тамоси такрорӣ бо моддаҳое, ки ҳассосияти баланди организмро ба вуҷуд меоранд, ҷилавгирии ихтилоли аксуламали муҳофизатии организм, аз дуди сигор, чангу ғубор дурӣ ҷуста, худро эҳтиёт намудан аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ин беморӣ аст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»