Динро воситаи амалҳои нопок набояд сохт

№136 (4086) 12.11.2019

KOLAJJJJJ-11111Дар ташаккул ва рушди ҷамъияти муосир дин ҳамчун институти иҷтимоӣ — таъминкунандаи рафтори муносиби одамон нақши калон мебозад. Дин аз замони пайдо намудани нуфузу эътибор ба ҳайси низоми меъёрию танзимӣ, ҷорикунандаи принсипу маҳакҳои танзимкунандаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, бадеӣ-эстетикӣ ва илмию ирфонӣ баромад мекард. Нақши динро ҳамчун омили ҳамгироии ҷамъият, дастгирикунандаю ҳифзкунандаи тамомияту устувории он борҳо таърих собит сохтааст. Мутаассифона, тавассути дин баъзе қувваҳо мекӯшанд дар ҷамъият тафриқа андохта, оромиро халалдор намоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадаф ва мароми созанда баҳри таъмини амнияти ҷамъият бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳ ва шукуфоӣ ҳукмрон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 99 фоизи аҳолӣ мусулмон аст, дини ислом мавқеи хоса дорад. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар дар самти таъмини озодии виҷдон корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Чунончи, Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ гардид. Илова бар ин, шумори масҷидҳое, ки дар Тоҷикистон сохта шуд, аз масҷидҳои сохташудаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд мебошад. Ҳоло калонтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. Рӯзи идҳои Рамазону Қурбон истироҳат эълон шуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам (Абуҳанифа (с.699-767) эълон гардид. Вобаста ба ин рӯйдоди таърихӣ дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ доир шуд. Минбари шабакаҳои телевизионии давлатӣ барои баромадҳои ходимони дин барномаҳо ҷудо намуданд ва як қатор корҳои дигар ба анҷом расид.

Бо вуҷуди ин, мутаассифона, нотавонбиноне ҳастанд, ки корҳои анҷомшударо ба назар намегиранд, балки нисбат ба ҳукумат туҳмату норозигӣ баён мекунанд. Онҳо динро суйистифода бурда, ҳизбу ҳаракатҳои ташкил менамоянд ва ба ин восита мехоҳанд мақсадҳои ғаразноку нопокашонро баҳри ба даст овардани ҳокимият истифода баранд. Барои амалишавии ниятҳои ифлосашон аз ягон роҳу усул рӯй намегардонанд, ҳатто аз даҳшатафканӣ.

Ин дар ҳолест ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳо, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм аз муаммоҳои ҳаёти башарият дар замони муосир мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир дар қисме аз давлатҳои дунё, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҷараёну гурӯҳҳои динӣ-ифротгаройӣ пайдо шуда, зери ниқоби дини ислом фаъолият мекунанд. Ҳизбу ҷараёнҳои динии ифротгаро, ба монанди ТТЭ ҲНИ, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ҷамъияти таблиғ», «Ҷамъияти Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ғайра, ки пинҳонӣ фаъолият мебаранд, мақсади асосиашон ҷудоиандозӣ дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба ин васила халалдор намудани тинҷию оромии кишвар мебошад.

Ин аст, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ТТЭ «Гурӯҳи 24» ва дигар ташкилотҳои ба онҳо монанд манъ шудааст. Онҳо тарафдоронро дар хориҷи кишвар ҷамъ оварда, нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои бардурӯғ туҳмату буҳтон паҳн менамоянд.

Онҳо хато мекунанд, намедонанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар фирефтаи сафсата намешаванд, кӣ будану чӣ мақсад доштанашонро дарк намудаанд. Дигар аз номи дин гап задан, динро ҳамчун воситаи амалишавии ниятҳои ғаразнок истифода бурдан маъно надорад. Мардум диданд ва хулоса бароварданд, ки созмонҳое, ки номи динро «болопӯш»-и идеяҳои ифротгароию экстремистӣ намуда, амалҳои нопокашонро ба роҳ мемонданд, оқибат нобуд шуданд. Тавассути терроризму экстремизм созмонҳои бадхоҳ мехоҳанд, ки мардумро тарсонанд, аммо халқ нияти онҳоро чоряк аср пеш фаҳмиданд.

Аз ин рӯ, ҷиноятҳои муташаккил, ба монанди терроризм ва экстремизм, ҳамчун зуҳуроти хатарнок ва ҳатто пешгӯйиаш мушкил, ҳисобида мешаванд, ки бо таҳдиди миқёсӣ дар шаклҳои гуногун амал мекунанд.

Меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро пешбинӣ намудааст.

Мувофиқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгаройӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгаройиро ҳамчун вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ, бо ҷаҳониён баррасӣ намуда, барои тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт ҳамкориҳоро ривоҷ медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари терроризм ва экстремизмро аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир номида, гуфтанд, ки онҳо ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра, таҳдид карда, барои башарият хатаре на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ин гуфтаҳо моро водор месозанд, ки барои пешгирии ин вабои аср тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоем, ҷаҳду талошамонро барои сари вақт ошкор намудани аъзо, нақшаву мақсадҳои гурӯҳҳои ифротгаро равона намоем.

Қонунгузорӣ тоату ибодати Худованд­ро манъ накардааст. Баръакс, кӯшиш менамояд, ки шароит фароҳам оварад ва ҳангоми маросими динӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд. Мутаассифона, баъзе аз намозгузорон, хусусан ҷавонон, намоишкорона риш монда, рафторҳое мекунанд (ба мисли дар назди масҷидҳо мошинҳояшонро бетартиб мондан), ки тартиботи ҷамъият халалдор мегардад. Ибодат набояд ба худнамоӣ табдил ёбад, набояд ба хурофотпарастӣ барад, ҷавонон набояд идеяҳои ифротгаройиро пеша намоянд (ба қавле, «фанатик» шаванд). Ҳодисаҳои мудҳиши давлатҳои Ироқ, Сурия ва Яман нишон медиҳанд, ки чӣ қадар ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шуда, бо умеди «шаҳид» шудан ва ба «биҳишт» рафтан, ҷонашонро аз даст доданд, ҳамсаронашонро дигар террористон ба занӣ гирифта, фарзандонашон ятим монданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути робитаҳои дипломатӣ, занону фарзандони бепарастормондаи онҳоро аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонида, ба ҳаёти осоишта ва таълиму тарбия фаро гирифта истодааст.

Ба ҷуз ин, бархе аз шаҳрвандон, ки ягон мактабу мадраса ё таълимгоҳи расмӣ ва эътирофгаштаи диниро хатм накардаанд, аз бовару эътиқоди мардум суиистифода мебаранд. Ҳазар аз чунин чаласаводҳо, ки ба зеҳну шуури ҷомеа чун заҳр таъсири бад мерасонанд. Зеро чунин муллоҳо, ки саводи динӣ надоранд ва аз фарҳанги ислом тамоман дуранд, худро аз аҷдоди бузургон ва эшонзодаҳо хонда, бо амалҳои номатлуб ба обрӯи дини мубини ислом латма мезананд. Яке аз чунин амалҳои зишти ҳамин гуна муллоҳои чаласавод «савдо»-и дин аст. Дар ҳадисҳои Пайғамбар чунин амал яке аз гуноҳҳои азим шинохта шудааст. Ҳатто яке аз аломатҳои аз дини мубини ислом дур шудани чунин ашхос хонда шудааст. Зеро масъулияти мулло шудан ва ба чунин фаъолияти рӯҳонӣ машғул шудан нозукиҳо дорад, ки, мутаассифона, баъзе тоҷир-муллоҳои имрӯза аз он дарак надоранд. Агар дарак дошта бошанд ҳам, онро ба манфиати мардум ҳеҷ гоҳ истифода намебаранд. Зеро дар ҳолати ошкор шудани чунин маҳдудиятҳои ҳаёти динӣ, мардум аз онҳо рӯй мегардонад, онҳо аз луқмаашон, ки бо роҳи фиреб ба даст меоваранд, маҳрум мегарданд. Ба замми он, эътиборашон аз даст меравад.

Ба тиҷорат табдил додани дин амали нобахшиданист. Зеро ба аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, боиси паст гаштани маърифати динии онҳо мегардад. Аз ҷониби баъзе муллоҳо барои никоҳ, хондани фотиҳа барои гузаштагон, хатми «Қуръон», ташриф овардан ба тӯю маъракаҳои аҳолӣ, дафни фавтидагон ва ғайра «нарх»-ҳо муқаррар шудааст. Аз ҷониби дигар, савол ба миён меояд, ки чаро мардум нисбат ба чунин амалҳои муллоҳои «бизнесмен» бетарафанд? Барои чӣ дар мубориза ба чунин ашхос ташаббускор нестанд? Дуруст, муллоҳои тоҷир онҳоро пурра ба боварии худ даровардаанд. Дар сурати ошкор гаштани амали онҳо, вой бар ҳоли чунин шаҳрвандон, ки бар зидди онҳо бархостаанд. Зеро баъд аз ин ҳама, аз ҷониби муллоҳои тоҷир онҳо радди маърака мегарданд. Муллоҳо худро ҳомии ислом эълон намуда, ба ҳар гуна роҳу усули ғайридинӣ даст зада, оқибат эътибору муқаддасоти динро ҷиддан халалдор месозанд. Барои пешгирии чунин амалҳо, бояд устодон ва мударрисони мактабҳои динӣ фаъол бошанд ва ҳар чӣ тавонанд, дар ошкор намудани амалҳои номатлуби муллоҳои тоҷир мубориза баранд. «Фурӯш»-и никоҳ, хатми «Қуръон», фотиҳаро нодуруст маънидод намудани арзишҳои дини мубини исломро ҳамчун ҷинояти хавфнок ва зараровар ба маънавиёту фарҳанги ислом баррасӣ намуда, дар ин замина, ба гирифтани пеши роҳи чунин зуҳуроти номатлуб хотима бахшем.

Баҳри зиндагии шоиста, рушди ахлоқи солим, ҳимати баланди ислом, фарҳанги тозаи исломӣ ба чунин муллоҳои тоҷир, ки ба ҷои меҳнати арзанда, ба фаъолияти номатлуби зидди мардум машғуланд, ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад мубориза барад.

Пеш аз ҳама, ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон эътибор дода, ба расму оини пешқадами ниёкон, меросу ахлоқи гузаштагон таваҷҷуҳ намоем. Хусусан, баргузории маҷлисҳои падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд роҳандозӣ гардида, самаровар бошанд.

Бояд зикр намуд, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар шароити кунунии ҷомеа вазифаи ҳар як шахс буда, зарур аст, ки миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғу ташвиқро дар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар дуруст ва сари вақт ба роҳ монем. Ба ҳама маълум аст, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди ин хатарҳои муосир дар сатҳи баланд амалӣ гардида, ҳамчун давлати ташаббускор мақсади асосиаш мубориза бар зидди ин хатарҳо мебошад.

Дар хотима зикр намудан зарур аст, ки танҳо дар сурати бетараф набудан, пурзӯр намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ, қавм ва мазҳабҳо, бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, васеъ намудани чорабиниҳои иттилоотӣ -тарғиботӣ ва дар ниҳоди шаҳрвандон бедор намудани ҳисси оштинопазир ба тамоюли экстремизм ва терроризм метавон қотеъона истодагарӣ намуд.

М. ФАЙЗУЛЛОЕВ,  д.и.и., профессор, декани факултети иқтисодии ДСРТ