«Донишҷӯён ба дарс дер намемонанд, агар…»

№126 (3920) 18.10.2018

ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» доир ба ҳалли масъалаи гузош­таи рӯзноманигор С. Наҷмиддинзода, таҳти сарлавҳаи «Донишҷӯён ба дарс дер намемонанд, агар…», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти № 113 (3907) 18 сентябри соли 2018 нашр гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки пештар ҳам ҶДММ «Терминали мусофирбар» -и шаҳри Ҳисор барои хизматрасонии шаҳрвандон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар хатсайри дар мақола зикргардида 4 адад нақлиёти мусофирбари хурд (микроавтобус) вобаста карда буд.

Аммо бо сабаби он ки нархномаи роҳкирои автобусҳои хурд ва таксиҳои хатсайргард он замон баробар, яъне 1 сомонӣ буд, мусофирон бештар нақлиёти сабукрави «таксӣ»-ро интихоб менамуданд. Аз ин лиҳоз, хизматрасонии нақлиётӣ ба воситаи микроавтобусҳо дар хатсайр зараровар ва хизмат­расонӣ ба мусофирон дар он нолозим дониста шуд.

Алҳол масъалаи кушодани хатсайр, тақсимоти автомобилӣ ба Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логис­тикӣ»-и Вазорати нақлиёт тааллуқ дорад. Шаҳрвандон метавонанд оид ба ҳалли масъалаи мазкур ба он дархост пешниҳод намоянд.

 С. ГУЛОВ, директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»