«ДУБЛИКАТ» ВА «ОРИГИНАЛ» КАДОМ МАҚОМОТ ИНРО МУАЙЯН НАМУДААСТ?

№67 (3547) 24.05.2016

Webpage 3D display- Бародар, дорем «оригинал», ҳаст «дубликат» (китайский), аз кадомаш диҳам?

Ин суоле ҳаст, ки зимни дархости мо ҳангоми харидории молу маҳсулот аз ҷониби қисмати аъзами фурӯшандагон садо медиҳад. Шурӯъ аз қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои гаронбаҳои хориҷӣ то доруворӣ, атру пойафзол ва ғайра дар кишвари мо ба «оригинал» ва «дубликат» гурӯҳбандӣ шудаанд. Пайгирии масъалаи мавриди назар собит намуд, ки чунин тарзи пешниҳоди молу маҳсулот дар ягон давлати олам вуҷуд надорад ва танҳо «ихтироъ»-и соҳибкорони кишвар аст.

Банда борҳо ба ин ҳолат мувоҷеҳ шудаам. Барои мисол, фурӯшандаи қисмҳои эҳтиётии автомобил, замоне ки ба мизоҷ  қисми эҳтиётии ба истилоҳ, «дуб­ликат»-ро мефурӯшад, ҳатман таъкид менамояд, ки он кафолат надорад. Ҳатто зимни пешниҳоди қисмҳои эҳтиётии ба системаи тормози мошин рабтдошта низ чунин суханҳо садо медиҳанд.  Фурӯшандаи  атр «маслиҳат» медиҳад, ки ба зиёд боқӣ мондани накҳати он умед набандем, зеро «дубликат» аст. Корманди дорухона «дилсӯзӣ» менамояд, ки агар «оригинал»-ашро мехаридед, зудтар шифо меёфтед. Соҳибкоре, ки пойафзол мефурӯшад, «ҳушдор» медиҳад, ки «оҳиста пой гузоред», зеро ин туфлии  «китайский» аст.

Яъне, бо ин амали худ соҳибкорон, баробари фурӯхтани  молу маҳсулоти бесифат, мизоҷонро «миннатдор» намуда, «пеши табарро бо пахта мегиранд». Аз ҷониби дигар, ба ин васила онҳо масъулиятро аз худ дур мекунанд. Шаҳрвандон бошанд, тибқи мақоли «пойро ба андозаи кӯрпа дароз бояд кард» амал намуда, бештарашон аз молу маҳсулоти ба истилоҳ, «дубликат» харидорӣ мекунанд.

Эътироф бояд кард, ки як қисми мардум муътақиданд миёни «оригинал» ва «дубликат»-ҳои дар фурӯшбуда фарқ қариб вуҷуд надорад. Ба ҳар сурат, мавҷудияти «оригинал» ва «дубликат» ҳоло падидаи маъмулӣ маҳсуб шуда, аҳли ҷомеа низ онҳоро қабул кардаанд. Бегуфтугӯ, ин омил бозори соҳибкорони бевиҷдонро «гарм намуда», шиддати зарбаро ба ҳуқуқҳои истеъмолии шаҳрвандон афзун намудааст. Агар вазъ ба ин минвол идома ёбаду номгӯйи ками молу маҳсулоти боқимонда низ ба «оригинал» ва «дубликат» гурӯҳбандӣ шавад, вой бар ҳоли истеъмолкунанда…

Барои мақомоти зидахли назоратӣ (манзурам Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва ғайра) масъалаи мазкур гӯё вуҷуд надорад. Шояд масъулини ин мақомот мунтазам аз молу маҳсулоти «оригинал» баҳраваранду аз мавҷудияти «дубликат» иттилои комил надоранд…

Ҷоиз ба зикр аст, ки  аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ гардида, мавриди истифода қарор дорад. Биноан, зарур аст, ки ин масъала, яъне  ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.

Аввалан, шарҳ дода шавад, ки оё дар заминаи чунин гурӯҳбандӣ фурӯши молу маҳсулот дуруст аст? Сониян, харидорон бояд донанд, ки кадом мақомот фарқияти байни «оригинал» ва «дубликат»-ро муайян намудааст. Ҳамрадиф бо ин фурӯшандагон низ бояд ба харидор далелҳои «оригинал» ё «дубликат» будани молу маҳсулотро фаҳмонанд.

Чанд сол қабл дар аксари мағозаҳои пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии кишвар насби овеза бо навиштаҷоти «маҳсулоти харидоришуда бозпас қабул карда намешавад» «муд» шуд. Замоне ки масъалаи мазкур расонаӣ шуд, кормандони «Тоҷикстандарт» муайян намуданд, ки ин амал хилофи қонунгузории мамлакат вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст. Дар натиҷаи чораандешиҳо он аз байн рафт. Дар Ҷопон мақоли халқие ҳаст, ки чунин маънӣ дорад: «Ман сарватманд нестам, ки молу маҳсулоти бесифатро (арзонро) харидорӣ намоям».

Бовар дорам, ки хонандаи ҳушманд ҳикмати бо ин зарбулмасал ҳусни анҷом бахшидани матлабро дарк менамояд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»