Душманӣ бо офтоб аз аблаҳист

№128 (3922) 23.10.2018

Наҳзатиҳои террорист, ки аз пешравиҳои кишвари азизамон ғашашон меояд, ин нав­бат дар сомонаашон сафари Пешвои миллат­ро ба Япония «таҳлил» кардаанд. Бегуфтугӯ, ин палидон, ки дар зиндагиномаашон ба ғайр аз фисқу фуҷур, ҷинояту иғвоангезӣ чизи дигаре нест, ба обрӯву нуфузи рӯзафзуни Пешвои миллат рашки занона доранд.

Тамоми мардуми олам шоҳид буд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Япония бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд. Хоса, мулоқоти самимӣ ва пазироиву гусели бошукӯҳу сатҳи баланди Пешвои миллат аз ҷониби Императори Япония, ки дар умури давлатдории япониҳо падидаи камназир маҳсуб мешавад, бояд боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.

Аблаҳони наҳзатӣ бо такя ба тахайюлоти ғализашон маблағи барои ин сафар масрафшударо ба «риштаи таҳлил» кашида, худро дилсӯзи миллат вонамуд карданианд. Дар ҳамин ҳол, гӯё аз хотир баровардаанд, ки ба «шарофат»-и онҳо солҳои навадуми садаи гузашта ба кишвар даҳҳо миллиард доллари ИМА зарар расидаву то ҳанӯз мардуми кишвар бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон пайи шифои захмҳои дар ҷисми меҳан боқигузош­таи ин мардумфиребон заҳмат мекашанд. Ҳадафи сафарҳои хориҷии Роҳбари мамлакат ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, Япония, ҳамин аст.

Аслан, таваҷҷуҳ ба ин сафсаттаҳо сарфи беҳудаи вақт ва харҷи барабаси неруи зеҳнӣ аст, на чизи дигар. Вале хулосаҳои беасоси ин «аллома»-ҳо, ки марзи журналистикаи касбиро бо тамоми арзу тӯлаш дағалона убур намудаву ба фаъолияту шахсияти нафаре, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, дасти таарруз дароз намудааст, маро водор сохт чанд андешаро, ки бовар дорам, дар муқоиса бо суханони пойдарҳавои наҳзатиҳо асоси воқеӣ доранд, манзур намоям. Чунки таҳқири Пешвои миллат, ки ба назари банда, дар маҷмӯъ таҳқири миллат маҳсуб меёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бе посух намонад. Маҳз хомӯширо ихтиёр намудани мо аксар маврид аз ҷониби наҳзатиҳо суиистифода мешавад. Далели бебаҳс аст, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои кабиримаобон мисли кордест, ки ба гӯшту нохунашон расидааст, хорест, ки ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяшон дармонда. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ боиси рашки наҳзатиҳо буду ҳаст. Вале онҳо фаромӯш кардаанд, ки:

Обрӯ зотист Бедил, варна монанди гуҳар,

 Муҳраи гил ҳам тавонист дар дили дарё нишаст.

Ман дар тавсифи шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва даст­овардҳои кишварамон, ки бевосита ба номи ин абармард рабт доранд, чизе намегӯям, зеро «он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Моҳиятан амалкарди мазкур «душманӣ бо офтоб аз аблаҳист»-ро шабеҳ аст. Итминонам комил аст, ки агар дар садри давлати Тоҷикистон аз арши аъло фаришта қарор дошта бошад ҳам, ӯ барои ин тӯдаи террорист ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нахоҳад буд.

Ба андешаи инҷониб, дар пайи ноком шудани иқдоми хандаовари наҳзатиҳо — таъсиси ба ном Паймони миллӣ онҳо мехоҳанд бо чунин «эродгирӣ»-и беасосу муғризона нисбат ба Роҳбари давлат шикасту шармандагии хешро то андозае рӯйпӯш кунанд. Муътақидам, ки марҳилаи кунунӣ поёни фаъолияти оппозитсионии (агар воқеан ҳам чунин бошад) наҳзатиҳо аст, зеро агар то ин замон дар дохили Тоҷикистон чанд нафаре ба андешаҳои онҳо мувофиқ буд, баъд аз силсилаи иқдомҳои ноҷавонмардона ва фошкориҳои ҳамсафонашон ҳатман онҳо низ пушт сӯйи ТТЭ ҲНИ хоҳанд гардонид.

Хулоса ин аст, ки наҳзатиҳо аз шикастҳои пай дар пай, шармандагии бемислу монанд, аз канорашон бадар рафтани ҳамсафон ва омилҳои дигар ба бемории ваҳим гирифтор шудаанд ва кирми ҳасуду бадхоҳиву нотавонбинӣ вуҷудашонро ором намегузораду онро ҳамвора арраву парма мекунад. Вой бар ҳолашон!

Алиҷон Сафаров, таҳлилгар