Эътимод ба табибони оилавӣ бештар мегардад

№58 (4008) 23.05.2019

lazerЯке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии мамлакат, ки аз «Стратегияи миллии  солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2020» бармеояд, рушди  сифатноки кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тибби оила­вӣ асосёфта мебошад. Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма, ба шумор меравад. КАТС вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро  адо намуда, аз ҳолати он самарабахшии фаъолият вобаста мебошад.

Боби 11-уми Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2017 таҳти №374 қабул гардидааст, «Тибби оилавӣ» ном дорад. Дар он, аз ҷумла, зикр шудааст, ки тибби оилавӣ аз рӯи принсипҳои ҳамбастагӣ (кумаки мутахассисони тибби оилавӣ ба беморон бо роҳи табобат, барқарорсозии саломатӣ ва корҳои пешгирикунанда), муттасилии фаъолият (кумаки пайвастаи тиббии мутахассиси тибби оилавӣ), ягонагӣ (баррасии масъалаҳои вобаста ба солимии шахси алоҳида, оила ва ҷомеа дар алоқаи зич бо масъалаҳои мавҷудаи вазъи ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ), таваҷҷуҳ ба оила (баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар доираи оила ва робитаҳои иҷтимоии шахс) ва ғайра фаъолият менамояд.

- Дар кишвар тибби оилавӣ аз соли 1998 ҷорӣ гардида, «Нақшаи  стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипи  тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016 — 2020» 27 июли соли 2016 тасдиқ шуд. Ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ, самаранокии маҷмӯи хизмат­расониҳои тиббию санитарӣ мебошад. Ҳуҷҷати мазкур аз 15 банд иборат буда, бо дарназардошти муҳлати пешбинигашта то ҳол 8 банди он пурра иҷро гардид. Банд­ҳои боқимонда дар ҷараёни амалишавӣ қарор доранд, — мегӯяд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода.

Номбурда зикр кард, ки бо мақсади ҳамоҳанг сохтани раванди рушди тибби оилавӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 августи соли 1998 «Маркази ҷумҳуриявии тибби оилавӣ» таъсис дода шуд. Муассисаи мазкур  аз соли 2016 узви Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) мебошад.

Ба гуфти Саида Умарзода, то ҳол дар ҷумҳурӣ 4352 табиби оилавӣ ва 8155 ҳамшираи тибби оилавӣ омода карда шудаанд. Алҳол дар мамлакат Маркази ҷумҳуриявӣ, 3 маркази вилоятӣ, 3 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Суғд ва 5 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ ва расонидани кумаки ташкилию дастурӣ барои кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС фаъолият  доранд.

Тайи солҳои охир 43 фоизи муассисаҳоии КАТС-и ҷумҳурӣ таъмир ва таҷҳизонида шуда, 46 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид. Мутахассисон бо 1300 борхалтаи табиби оилавӣ ва 1450 борхалтаи кормандони миёнаи тиб таъмин шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки арзиши як борхалтаи тиббӣ барои табиб ба ҳисоби миёна 3000 сомонӣ ва як борхалтаи тиббӣ барои ҳамшираи оилавӣ 1700 сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими онҳо дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардош­тани сатҳи тахассусии тибби оилавӣ ҳар сол 19 май дар Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ таҷлил мегардад. Қарор оид  ба ин сана соли 2010 дар ҷаласаи WONCA қабул шуда, соли 2011 дар маросими кушодашавии Анҷумани умумиҷаҳонии табибони оилавӣ дар шаҳри  Канкуни Мексика расман эълон гардид.

Алҳол дар ҷумҳурӣ мутахассисони тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, ки фаъолияти онҳо дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Муҳим он аст, ки сол то сол нишондиҳандаҳо оид ба муроҷиат ва фарогирӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ беҳтар мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»