Эҳтироми Парчами давлатӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандист

№142 (3936) 24.11.2018

Ба тақвими иду ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рамзҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб мегардад, боиси ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии кишвар аст. Парчам дар низоми давлатдории мо ҷойгоҳи махсус дорад ва ифодагари мақсаду маром, орзую ормонҳои давлату миллат мебошад:

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2009 зимни ироаи Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ таъкид намуданд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки обрӯ ва эъти­бори давлати озоду мустақили мо мебошанд, на танҳо барои сокинони кишвар азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону ҳаммиллатони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодианд ва муҳаббати онҳоро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умедашон меафзоянд.

Таҳқири муқаддасоти миллӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эҳтиром ва эътибори Парчами давлатӣ (моддаи 342) барои таҳқир кардани он аз ҷарима бастан то маҳрум сохтан аз озодӣ муҷозот пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, эҳтироми Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад ва он бояд зеҳну шуури қишрҳои ҷомеаро фаро бигирад.

Мо — намояндагони ҳокимияти судӣ ифтихор дорем, ки тибқи муқаррароти Конститутсия зери Парчами муқаддаси давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон санадҳои асос­нок ва одилонаи судӣ қабул менамоем. Чунин салоҳият моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ талаботи Конститутсия ва қонунҳоро риоя карда, иҷрои онҳоро аз ҷониби шаҳрвандон таъмин кунем. Ҳамчунин, дар доираи муқаррароти қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассиса, корхонаҳоро ҳимоя намуда, адолати судиро тақвият бахшем.

П. РАҶАБЗОДА, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Х. ШАРИФЗОДА, мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон