Эҳтиёҷ ё «бизнес»?

№114 (4064) 24.09.2019

Ҳар гоҳе, ки аз деҳаҳои Туто, Момирак ва Тебалайи ноҳияи Муъминобод гузар мекунам, хонаҳои нимсохтаву деворҳои баландро мебинам, ки «фурӯшӣ» навишта шудаанд. Нонавиштаҳояш низ фурӯшианд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки бештари ин қитъаҳои замини холию канакдошта ба сокинони шаҳри Кӯлоб тааллуқ доранд, ҳол он ки эҳтиёҷмандон миёни сокинони деҳоти зикршуда хеле зиёданд.

Ҳолати имрӯзаи қитъаҳои хонасозӣ аз чанд ҷиҳат воқеан ҳам нигаронкунанда аст. Аввалан, қитъаи замини барои сохтмони манзили зист ҷудошуда соҳиби аслӣ ва ниёзманд наёфтааст. Баъдан, ҳуҷҷатгузории дилбазану такрор ба такрор садди пешравии кор мегардад. Масалан, ҳамон  қитъаи замин, ки Ҳукумат барои хонасозӣ иҷозат додааст, як маротиба аз ҷониби 14 нафар аъзои комиссияи ноҳиявӣ дидаю санҷида, ба афроди мушаххас барои сохтмон дода шуда бошад ҳам, моликони он дуюмбора дар ба дари идораҳои ҳамон 14 нафар аъзои комиссия гашта, имзою муҳру иҷозатнома мегиранд.

Хеле хуб мешуд, агар тақсими қитъаҳои замин барои хонасозӣ ба ваколати комиссияҳои ноҳиявӣ, Кумитаи замин, бахшҳои меъморӣ не, балки ба ҷамоатҳо вогузор гардад. Чунки онҳо беҳтар медонанд, ки кадом шаҳрванд ба қитъаи замини зист эҳтиёҷ дорад. Дар масъалаи ба кӣ додани қитъаи замини зист онҳо бештар масъул ва вазифадоранд, на дигар ниҳодҳо. Ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки баъзеҳо ҳатто барои кӯдаку набераҳояшон бо ҳар роҳу восита қитъаҳои хонасозӣ мегиранд.

Дар маҳаллаи назди беморхонаи маркази ноҳия, ки бо номи «чорсотихаҳо» машҳур аст, ба беш аз 100 нафар қитъаи хонасозӣ тақсим кардаанд. Аммо чӣ мегӯед, ки 30 — 40 нафарашон қитъаҳои заминашонро фурӯхтанд, яъне «бизнес» карданд. Ҳатто собиқ прокурору судяҳову нозирони андоз дар ин мавзеъҳо хоҷагиҳои деҳқонии 5-у 10 то 100 гектара доранд. Яъне, паси ин ҳама дӯлобкорӣ суиистифода аз мансаб пинҳон аст. Агар чунин нест, чаро кормандони бахшҳои меъморӣ ва Кумитаи замин ҷамоатҳоро барои ин саҳлангорӣ, талаю тороҷи замини давлатӣ ба ҷавобгарӣ намекашанд? Кӣ барои дигарон бояд дарси адаб шавад?

Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор