Оид ба лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад

№27 (4133) 29.02.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи камбудию мушкилот ва иштибоҳҳо перомуни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 октябри соли 2019 таъкид доштанд: «Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус забони гуфтор, то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронист… Хотирнишон месозам, ки дар маводи чопии баъзе рӯзномаю маҷаллаҳо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳоло ҳам риоя намешавад».

Ин таъкиду нигарониҳо ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Воқеан ҳам, дар ҳар банду фасли «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» иштибоҳҳои баҳсангез зиёданд, ки муҷиби сардаргумист. Агар ба таърихи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ назар афканем, хоҳем дид, ки тӯли 90 соли қабули аввалин Қоидаи имлои забон он 6 маротиба (солҳои 1929, 1941, 1953, 1972, 1998, 2011) ба таҳаввулот дучор гардида, меъёрҳои забонро ба таври таҳрирнопазир таҷассум карда наметавонад ва муқаррароти он низ риоя намегардад.

Андешаҳо ва хулосаҳо доманадоранд ва баҳс бо шуълаи нав аланга мезанад. Як ҳолат зеҳнро машғул мекунад. Чаро ҳангоми тағйиру иловаҳо дар ду лоиҳаи охир андешаварон якбора нуқсонҳои имлоро ислоҳ карда натавонистанд?

Бояд зикр кард, ки бинои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз забони русӣ ба воситаи ҳуруфоти лотинӣ бо аломатҳо ва ҷузъиёташ ба забони тоҷикӣ гузаштааст. Ҳатто ифодаи хаттии ҳарфи ъ (айн)-и арабӣ ҳам аломати русист. Агар ба таври дигар гӯем, ин имло, имлои классикии мо нест. Он имло қоидаҳои хос дошт, чунки хат, алифбо, қолаби баёни фикр (ҷумлаҳо) ва тарзи навишт хусусияти дигар дошт. Ҷойи таассуф аст, ки имлои забони русӣ солҳо ба ин қадар таҳаввулоту тағйирот дучор наомадааст, ки имлои забони тоҷикӣ ба он ҳанӯз гирифтор аст. Бояд зикр кард, ки солҳои 70-90-уми асри гузашта дар саргаҳи забоншиносӣ беҳтарин олимони забоншиноси тоҷику хориҷӣ меистоданд ва он давраи «тиллоӣ»-и забоншиносии тоҷик маҳсуб мешуд. Агар мо ду ҳолатро дар тағйиру иловаҳои қоидаҳои имло истисно кунем: яке ҳазфи ҳарфҳои русӣ — ы,щ,ь,ц, ки вориди онҳо ба алифбо сабабҳои хос дошт; дувум ҷобаҷогузории ҳарфҳои ҳамгун дар тартиби алифбо, ки дар саргаҳи ин иқдом забоншиносони шинохта Абдулғанӣ Мирзоев ва Бозор Тилавов меистоданд, аксари дигар тағйироту иловаҳо баҳсталабанд. Лоиқи сазовор нест, ки бо ин қадар теъдоди забоншиносон имлои забони тоҷикӣ муқаррароти ниҳоиро то ҳол наёфт ва ин боиси дар сатҳи давлатӣ баррасӣ шудан гардид.

Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар, ахиран лозим донистанд, то барои рафъи дарҳамбарҳамии зиёди ин рукни муқаддасоти миллӣ омода кардани лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро дастур диҳанд.

Ҳар як калимаву ибора, ки бо тақозои давру замон, дигаргуниҳои рӯзафзун ба хазинаи луғавии забон дохил мегардад, бояд бо меъёрҳои хоси забон мутобиқат кунад. Вақте ки Сарвари давлат аз ин нигаронӣ кард, ин имлоро ончунон бояд сохт, ки бо меъёрҳои илмӣ корбаст гардад ва дигар ягон кас ёрои эрод гирифтан, пешниҳоду баррасӣ надошта бошад, яъне, имло ба тағйиру иловаҳо ниёз пайдо накунад. Тасаввур кунед, хонанда мефаҳмад, ки шакли навишт дар интишорот нодуруст аст, вале вақте аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қоидаи имло тасдиқ шудааст, наметавон онро дигар хел навишт.

Аз ин лиҳоз, имло бояд мушаххас, якнавохт бошад, он шуури хонанда ва нависандаро ба шӯр наорад ва зеҳнро машғул накунад.

Масалан, агар таҳрири охирин — 4 октябри соли 2011-ро мавриди баҳс қарор диҳем, мебинему мехонем, ки он то ҳол баҳсангез буда, муҷиби сардаргумист. Ҳамин аломати сактаро чунон «ғел» додем, ки аз хонаи худ баромаду ҳарфи ӯ-и ба истилоҳ, дароз (маҷҳул), қариб ки бехонаву дар мондааст. Ҳатто баъзеҳо пешниҳод карда буданд, ки он аз алифбои забони тоҷикӣ бадар (ҳазф) карда шавад. Бояд зикр кард, ки шевае, ки онро дар бунёди забони адабӣ асос ихтиёр кардем, (манзур шеваи Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд) ва ҳатто дар шеваи Дарвозу Бадахшон овози ӯ хеле фаъол аст. Пас, чаро онро истифода набарем? Имло бояд ҷиҳатҳои овозии нутқро ифода карда тавонад. Вақте ки ба ҷузъи фонетикӣ таъсир мерасонем, хоҳ-нохоҳ ҷузъи морфологӣ осеб мебинад.

Мувофиқи таҳрири мазкур пеш аз ҳамсадоҳои ҳалқии ъ ва ҳ ҳарфи ӯ дароз ояд, кӯтоҳ навишта шавад, вале ин ҷо аз аломати ҳамза ва ҳ-и ҳавваз чизе ёдовар нашудааст, ки ин дигар ҳолати савтӣ дар калимаҳои таҳриршудаи забон аст. Масалан, акнун калимаҳои муъмин, муъзин, муъзӣ, муътаман, муътакиф, ки таърихан бо ҳамза навишта мешаванд бо у-и кутоҳ ва ҳамчунин калимаҳои муҳра, муҳлат, муҳр, шуҳрат низ бо у навишта мешаванд, ки то ҳол дар зеҳн намешинад. Ин калимаҳоро то ҳол дил намехоҳад бе ӯ-и дароз навишт. Намедонам, то ҳол онҳо ба ин ақида ҳастанд ё не? Агар овозшиноси маъруф Толиб Хаскашов зинда мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба ин кор розӣ намешуданд. Хоҳем — нахоҳем, як рӯз не як рӯз ин вожаҳо шакли дурусти навишт касб мекунанд ва боз «таҳриру иловасозӣ» мекунем. Фикр мекунам, ҳавас нест ҳар даҳсола як имлои нав қабул карда шавад.

Як ҳолат дар навишти калимаҳо то ҳол ба чашм мерасад: ҳарфу овозҳое, ки дар дастгоҳи овозӣ истеҳсол мешаванд ва дар таркиби калима мебошанд, навишта намешаванд, гарчанде ин ҳолат дар таҳрири соли 2011 ба инобат гирифта шуда буд. Манзур калимаҳое, ки дар таркибашон ҳарфи й доранд. Дар зербанди «в» банди 9-и моддаи 3-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст, дар калима ва таркибҳои навъи оройиш, рӯйи хотир, ба сӯйи… навишти ҳарфи «й» таъкид шудааст, аммо ин эзоҳу таъкидҳо дар худи феҳристи имло, ки ҳамчун раҳнамо дар китоби «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» замима гардиданд, бидуни ҳарфи й навишта шудаанд, ки аз беаҳамиятӣ гувоҳӣ медиҳад: ойина, ойин, осойиш, рӯйи хотир, оройиш, ойинарӯй… Агар чунин хатоҳо дар сарлавҳа ё овеза ояд хеле дурушт ба назар мерасад.

Ҳазфи ҳарф аз калима ҳолати ногувори фонетикист ва риоя намудани он риоя нашудани ҳолати овозии нутқ аст ва як иштибоҳ тобу тавони дигар кардани маънои луғавии калимаро дорад, ки он боиси заъфи мантиқӣ мегардад. Имло бояд муҷиби сардаргумӣ набошад. Он бояд фақат бо меъёрҳои илмӣ асоснок карда, пешкаш гардад. Дар акси ҳол он корро дар се ниҳод — таълиму тарбия, нашриёт ва матбуот душвор мекунад.

Номунтазамии имло ба идораҳои давлатӣ — Сабти ҳолати асноди давлатӣ, ҷамоатҳо ва мизҳои паспортдиҳӣ, ки ба расмиятдарории ному насаб рабт доранд, сироят кардааст, ки анҷараашро дигарон мекашанд. Масалан, мегӯем имлои навишти фалон калима чунин аст, вале вақте онҳоро ба ном табдил менамояд, мебинӣ, ки як ҳарфаш нест ё баҳамгуни наздик табдил ёфтааст. Дар натиҷа, ҳолати фонологӣ ба инобат гирифта нашуда, калима маънои луғавии дигар пайдо мекунад: Тоир-Тоҳир, Зоир-Зоҳир, Мумин-Муъмин, Тавар-Табар… ва ин ғалатро то ба муқоваи китобҳои таълифиашон расонидаанд, ки ин дар зеҳни хонанда аз ҳамон ҷо ёддошт мешавад. Манзур, дар ислоҳи ном то ҳол масъул нестанд.

Дар эзоҳи банди 12-и моддаи 3 омадааст: Агар дар калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ё пайвандаки у илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад. Дар ин ҷо хуб мешуд, калимаҳои иқтибосии «бо ҳамсадо тамомшуда» мегуфтем, чунки чунин калимаҳо бо садонок ҳам анҷом меёбад. Идомаи фикр дар банди дигар: «ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъин навишта намешавад»; маориф, таом, шурӯи кор, тулӯи офтоб. Ба гуфти доктори илми филология Назрӣ Офаридаев, «агар дар байни ду садонок ҳарфи «ъ» нависем, осмон ба замин намерасад ва ин баҳс хотима меёбад». Баъдан, дар ин ҷо бояд «дар байни ду ҳамсадо ва пеш аз бандаки изофӣ» мегуфтем, возеҳтар мешуд. Дигар ин ки ин ҷо «таъйин» навишта мешуд, на «таъин», чунки таҳрири наве, ки дар ин китоб таҳия шудааст, ҳаминро тақозо мекунад. Боз мебинем, ғалатнависӣ аз фарҳанги имло сар шудааст. Ин ҳолат иштибоҳи ҷузъӣ бошад ҳам, банди мазкурро ноқис мегардонад.

«Ду шакли навишт дорад» ё «ба истиснои фалон калимаҳо» гуфтан, фикр мекунам, меъёр нест. Ин ду вариант бояд ба меъёрҳои ягонаи забони адабӣ мутобиқ гардонида шаванд, то дар хондан ва навиштан душворӣ эҷод нанамояд. Ду шакли навишт гуфтан, фақат хоси масдарҳои дубаҳра ё думахраҷа аст. Масалан, руфтан — рӯфтан. Мутаассифона, дар феҳрист дигар ҳиссаҳои номии нутқро ҳам бо ду шакл менависанд: муҷиб-мӯҷиб, руҳ- рӯҳ, рӯмол-рӯймол… нақора — нағора ва вожаҳое, ки бо онҳо калимабандӣ шудаанд: нақорачӯб-нағорачӯб. Шахс фикр мекунад, ки ин вожаҳо маънои мухталифи луғавӣ доранд. Хуб мешавад, мувофиқи меъёрҳои илмӣ ин ҳолат дар навишт шакли ягона дошта бошад, то дар таълиф, таҳрир ва таълим саргумӣ эҷод накунад. Вақте мегӯем: баъди ҳамсадо, пеш аз бандаки изофӣ ҳарфи ъ ояд, ъ навишта мешавад, агар он баъди садонок пеш аз бандаки изофӣ ояд, навишта намешавад, Ин кадом ҳолати забонист, шарҳи он бо далел ба хонанда бояд фаҳмо бошад. Масалан, дар калимаҳои мавзӯъ-мавзӯи, дифоъ — дифои, самоъ ё симоъ — самои, видоъ — видои, шуҷоъ- шуҷои, авзоъ — авзои, шуоъ — шуои ҳарфи айни (ъ) таркиби калима мувофиқи қоидаи имло навишта намешавад. Хонанда даъво мекунад, ки дар кадом асос овози таркиби калима, ки дар дастгоҳи овозии нутқ ҳосил мешавад ва ифодаи хаттӣ дорад, ҳазф карда шавад? Агар ин калимаҳо дар таркиби ибора бошанду онро таҳлили морфологӣ ё ба ҳиҷоҳо ҷудо кунем, ба талаба чӣ мегӯем. Он дар «ревизия»- и морфологӣ мебарояд ва маънои аслии вожаҳо бошанд, бебозгашт аз байн мераванд.

Чӣ ҷои бадӣ дорад, агар дар байни ду садонок — маориф, таом, тоат, шуҷоат… ва пеш аз изофат ҳарфи ъ навишта шавад? Ин макон ҷойи сукунати аҷдодии ин вожаҳо аст ва таърихан дар таркиби худ ин овози пурсадоро дошта, появу бунёди ин калимаҳо бо «ъ» побарҷост. Як бор ба теъдоди калимаҳои иқтибосии айндор дар таркиби луғавии забон нигаред! Ин гурӯҳ калимаҳо дар хазинаи асосии луғавии забон зиёда аз 1400 сол боз фаъол буда, ибора ва вожаҳои тоҷикиро ҳамроҳӣ мекунанд. Муҳаммад Ғиёсиддини Ромпурӣ дар таъкиди ин маънӣ навишта буд: «Калимаҳое, ки баромадашон арабӣ аст, онҳоро аҷамиҳо бисёр истифода мебаранд ва моли худ мешуморанд»

Бояд зикр кард, ки зербандҳои баҳсталаби ҳарфҳои ӯ, й, ъ, э то ҳол муқараррот наёфтаанд ва аз таҳрир то таҳрир тағйири «рисолат» мекунанд ва мардумписанд нестанд. Инчунин, калимаи «оллоҳ»-и бо «ҳ»-и ҳаваз, бисёр вақт мебинем, ки ҳангоми калимасозӣ дар шакли «олло» навишта мешавад.

Дар боби 2, банди 7, зербанди «в» омадааст: «Дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, шанбе…». Дар навишти имлои таърихӣ ифодаи хаттии ҳарфи э аз ҳарфи е фарқ мекунад. Ҳарфи э бо алиф ва йов навишта мешавад: Эраҷ, Эрон, эшон, эзоҳ. Ҳарфи е бошад, танҳо бо йов. Дигар ин ки агар ҳарфи э ба е табдил меёфт, ифодаи хаттии ҳархела намегирифтанд. Андеша бояд мардумписанд бошад. Агар ин ҳолатро мавриди андеша қарор диҳем, ҳолати фонетикии нутқ тағйир меёбад ва «меҳр»-и бидуни йовро дар хати классикӣ бо алиф ва йов бояд навишт. Аз ин лиҳоз, ин зербанд низ иштибоҳовар аст.

Дар мавриди имлои калимаҳои ташдиддор, ки аз ҳолатҳои серистеъмоли фонетикӣ мебошанд ва дар асоси 4 зербанд: а, б, в, г шарҳ дода шудаанд, чанд нуктаро баён кардан зарур аст. Дар бораи калимаҳои ташдиддори сохта: якка, парра, пурра, чилла, заррин, хаммор… ва мураккаби ташдиддор: равғаннокӣ, оббоз, ёддошт, поккирдор… чизе гуфта нашудааст. Инчунин, дар мавриди ташдидҳое, ки ҳангоми калимасозӣ бо артикли ал дар ҳолати ба инобат гирифтани ҳарфҳои шамсӣ сохта мешаванд, чизе ёдовар нашудааст: Абдуррашид, Ҳорунррашид, Садриддин, Файзиддин … Дар сурати бо як ҳарф навиштани ин навъи калимаҳо имлои калимаҳои ташдиддор вайрон карда мешавад. Ин калимаҳоро таҳлили морфологӣ кунем, боз як иштибоҳи дигар равшан мешавад: Ситамурод, Уктамурод, бархилофи ин дар китоби «Забони тоҷикӣ» барои синфи 10, таълифи соли 2018 ба ҷойи ташдиди калимаҳои мураккаб муаллиф ифодаи «ҳамсадоҳои такрор»-ро оварда, таъкид шудааст, ки талаффузи чунин калимаҳо аз ташдид фарқ мекунад. Бояд тазаккур дод, ки «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки беш аз 65 ҳазор вожа ва истилоҳро дар бар мегирад, таҳрирталаб аст, чунки ноқисии зиёдро фаро гирифтааст.Тарзи навишти калимаҳо дар банду зербандҳо таъйидшуда дигар аст, вале дар замимаи роҳнамо дигар.

Ҳоло сухан дар мавриди тарзи навишти баъзе аз калимаву таркибот меравад, ки дар таркибашон носаҳеҳӣ дида мешавад.

Масалан, таркибҳои шакли Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирем, ки тарҷумаи таҳтуллафзии русист. Дар чунин ибораҳо балоғати сухан мекоҳад ва меъёрҳои ҷории забонӣ риоя намешавад.

Дар ин ҷо калимаи «назди» таркибро ногувор кардааст. Ин калимаро агар дар таркиби «ҷумҳуриҳои назди Балтика» истифода барем, хеле гуворост, чунки калима маъноҳои дигар низ дорад: «пеши», «қариби», «ҳузури», «канори», ки ифодагари маҳалли воқеъ аст ва дар ҳолати истифода духӯрагии ифода пайдо мешавад.

Агар манзур мансубият рабт доштан бошад, бо бандаки и калимаи «вобастаи» ё бо ибораи «таҳти назари», ки тобиши тобеият, мансубият ва рабт доштанро дорад, манзурамонро ифода кунем, ифодаи таркибот дигар хел мешавад. Далели муҷассами ин назари моро дар ин шакл таркибҳо — Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки хеле хушоянданд, тасдиқ мекунанд. Дар «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» то ҳол банду зербанде нест, ки бо пайвандаки «ва» ҷумла оғоз карданро таъйид кунад. Ин хоси табиати забони ҳозираи тоҷикӣ набуда, иштибоҳи забонист, чунки дар ин ҳолат вазъи ҷумлаҳои пайрав табоҳ мешаванд, вале дар баъзе аз ҳолатҳо забоншиносон ба ин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ҷои дигар мебинем, ки ду пешояндро пайи ҳам менависанд, ки ин низ иштибоҳ аст. Мисол, бо дарназардош­ти такмили қоидаҳо ва меъёрҳои таърихӣ номи «Имлои забони тоҷикӣ» ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» иваз карда шуд. (Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» саҳ. 9 соли 2011) ё пеш аз зарфи «ҳанӯз», ки ифодагари вақт аст, пешоянди то менависанд, ки ин ҳам аз замон далолат карда, ҳамвазифа мебошанд.

Забон система аст ва бояд хусусияту рисолатро ба инобат гирем. Онҳое, ки соҳиби фикри саҳеҳу тадбири дурустанд, бояд дар таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» саҳм гузоранд, то имлои ягонаю устувор таҳия гардад.

Акнун вақти он расидааст, ки ба тағйиру иловаҳо нуқтаи таммат гузошта, таҳрири имло бо эътимоди комил мукаммал гардад. Бояд имло бештару хубтар ба табъ расида, бо хусусиятҳои муфид, возеҳ ва меъёр­ҳои хоси илмӣ афзалият дошта бошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»