Фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба меъёрҳои шаръӣ мухолиф аст

№89 (3883) 21.07.2018

1111«Дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накукорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад». Ин иқтибос аз китоби «Ислом муқобили террор» аст, ки  чанде пеш бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъа­на ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар он, ки дас­тури иттилоотӣ муаррифӣ шудааст, масъалаҳои мубрами мубориза бо экстремизм ва терроризм мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.  Муаллифон сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он, таълимоти дини мубини ислом дар муносибат бо пайравони динҳои дигар ва ғайраро бо истифода аз оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ боз­гӯйӣ намудаанд.

Дар боби аввал марому мақсади гурӯҳҳои ифротӣ, ки мухолифи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, возеҳ арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки «Мардуми тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, тамоми ибодату амалҳои динии он дар чорчӯби ин мазҳаби бузургтарини исломӣ анҷом шудааст. Табиист, ки дар Тоҷикистон низ инкор кардани амалҳои динии гузаштаву имрӯзаи ҷомеа фитнаи бузургеро ба бор меоварад, ки тасаввури он осон нест». Дар  қисматҳои алоҳида маънии ифротгаройии динӣ,  аломатҳои шахси ифротгаро, оқибати амалҳои ин қабил ашхос шарҳ дода шудааст.

Дар боби дигар таваҷҷуҳи хонанда ба муносибати дини мубини ислом ба ифротгаройӣ ва терроризм ҷалб гардида, ҳадисе аз ривояти Бухорӣ ва Муслим оварда шудааст: «Ҳар гоҳ мусулмоне ба муқобили бародараш силоҳ бардорад, фариштаҳои Худованд ба ӯ лаънат мехонанд…». Аммо имрӯз мусулмонон дар муқобили ҳам сангар гирифта, боиси ҳалокати якдигар мешаванд, гурӯҳҳои ифротӣ,  аз ҷумла бо ном «Давлати исломӣ», зери ниқоби ислом амалан бар зидди ин дини инсондӯс­тиву сулҳовар мубориза мебаранд. Ба ин маънӣ дар китоб таъкид шудааст: «Тамоми уламои исломӣ имрӯз муқобили ба ном «Давлати исломӣ» баромада, изҳор намуданд, ки халифаи мусулмонҳо бояд  аз сӯи тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Ин, ки як гурӯҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст».

Дар китоб, ҳамчунин роҷеъ ба равияи салафия ва тафриқаандозии он маълумоти қобили таваҷҷуҳ оварда шудааст.«Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад», — қайд шудааст дар бахши хотимавии китоб ва аз сокинони кишвар даъват гардидааст, ки бо дарки чунин хатарҳо муттаҳид бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»