Фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе нигаронкунанда арзёбӣ шуд

№ 05.12.2016

2 декабри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, бахусус таҳлил ва натиҷагирӣ аз корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва муовинони онҳо, раёсатҳои маорифу тандурустӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрию ноҳиявӣ, назорати давлатии  энергетикӣ, корхонаҳои хизматрасонии нақлиёти коммуналию хусусӣ, раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, сохторҳои муҳандисӣ, раисони шўрои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони сохторҳои худфаъолити ҷамъиятӣ, идоракунии биноҳои истиқоматии баландошёна, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. 

Зимни гузориши худ прокурори шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзода фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик», аз ҷумла ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»-ро дар самти иҷрои корҳои нақшавии омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  нигаронкунанда арёбӣ намуд. Ў аз ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар роҳи дастрасии муназзам бо қувваи барқ ва бо суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби баъзе аз нозирони барқ азхудкунии маблаѓҳои пардохтӣ ва худсарона таѓйирдиҳии нишондиҳадаҳои ҳисобкунакҳои барқии муштариён интиқод карда, оид ба пешгирии онҳо, оѓоз карда шудани парвандаҳои ҷиноятӣ  дар ин робита сухан ронд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  бори дигар изҳор дошт, ки масъалаи воқеан бо энергияи гармӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон дар доираи нақшаи тасдиқгардида зери назорати қатъии раисони ноҳияҳо ва сохторҳои марбутаи хизматрасон боқӣ мемонад.

 Бо дарназардошти афзудани талаботи истеъмолкунандон ба неруи барқ ва  дар сатҳи пурра иҷро нагардидани корҳои омодагӣ аз  ҷониби сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик», субъектҳои шаҳрии ширкати зикршударо муваззаф сохт, ки бо дарки масъулият оид ба  роҳандозии истифодаи сарфакоронаву корбарӣ аз таҷҳизоти каммасраф ва технологияҳои муосир бо андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ корҳои назоратию тарғиботиро тақвият бахшанд.

Ҳамзамон, Раиси шаҳр ба директори ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» Асадулло Раҳимзода дастур дод, ки баҳри баррасӣ ва расидагии саривақтӣ ба муроҷиатҳои муштариён теъдоди мавҷудаи телефонҳои бовариро дар Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зиёд намояд ва аз мақомоти прокуратура хоҳиш намуд, ки ҳолати иҷрои ин дастур ва раванди хизматрасониҳоро аз ҷониби ниҳоди зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик» ба сокинони шаҳр зери назорати доимӣ қарор диҳад.

Илова бар он, Раиси шаҳр ба роҳбарони сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиву ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо барои дар ҳамбастагӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, намояндагони ҳизбҳои сиёсию воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ  ба роҳ мондани корҳои фаҳмондиҳӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ як ҳафта муҳлат муқаррар намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба масъалаи назорати таъмини ҳатмии иншооти нақшавии соҳаи тандурустӣ ва маорифи пойтахт бо гармӣ  ба муовини соҳавии худ Лангариева Ҷ.С., сардори Раёсати маорифи шаҳр Фақеров Ҳ.Н., мудирони шуъбаҳои он дар ноҳияҳо ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  Муминов Б. С. як ҳафта муҳлат муқаррар намуд.

Раиси шаҳр, ҳамчунин аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ вобаста ба рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёдборида дар самти таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои шаҳр бори дигар  интиқод намуда,  бинобар сабаби каммасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои барзиммадошта сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи И.Сомонӣ Саид Каримовро аз мақомаш барканор намуд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи роҳбарони субъектҳои масъулро ба хизматрасонии мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар пойтахт ҷалб намуда, таъкид намуд, ки дар сурати аз 70% кам кардани барориши ҳамарўзаи воситаҳои нақлиёт ба хатсайрҳо дар мавсим аз ҷониби дилхоҳ субъект, литсензияи хизматрасонияшон бозхонд ва тавассути баргузории тендер хатсайрҳо ба ташкилотҳои дигар вобаста карда мешаванд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин масъалаҳои таъмини нақшаҳои захираи маводи ниёзи аввалияи истеъмолӣ, ғановати бозори истеъмолӣ, фаъолияти муназзами муассисаҳои иҷтимоӣ дар мавсим, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, вусъат додани корҳои сабзкориву беҳдоштӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва фарҳанги шаҳрнишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ш. Саидов