Файз мехоҳӣ, заминро қадр кун…

№27 (3012) 05.03.2013

шарофатАз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар барои рушд бахшидан ба самти фаъолияти занон ва ҷалби зиёдтари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тадбирҳои зиёде роҳандозӣ шудаанд. Алалхусус ба корҳои ҷамъиятӣ ва роҳбарикунанда занони соҳибмаълумоту ташкилотчӣ бештар пешбарӣ мешаванд.

Руқия Раҳматзода аз ҷумлаи чунин занон буда, алҳол ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ки зиёда аз 17 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, фаъолият менамояд. Аз соли 1989 то соли 1991 Руқия Раҳматзода раиси Ҷамоати деҳоти Пули сангин ва то соли 1999 сардори идораи Маркази шуғли аҳолии шаҳри Норак ва баъди ин дубора то соли 2002 раиси Ҷамоати деҳоти Пули сангин буд, аз соли 2002 то соли 2006 муовини раиси шаҳри Норак ва аз соли 2006 то соли 2012 муовини раиси шаҳри Ваҳдат буд.

Ин бонуи матинирода мушкилоти масъулияти роҳбариро таҳаммул карда, барои пешбурди ғояҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани саҳми аҳолии деҳот дар рушди иқтисоди кишвар ва амалҳои ободониву созандагӣ пайваста талош меварзад.

Зимни суҳбат бо мо Руқия Раҳматзода изҳор дошт, ки айни ҳол дар ҳудуди ҷамоати деҳот 162 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Хоҷагиҳои деҳқонии ин ҷамоат, ки дорои 295 гектар замин мебошанд, асосан ба киштукори зироати полезиву ғалладона машғуланд. Айни замон кишти картошка ва сабзӣ идома дорад. Тибқи нақша, бояд дар 115 гектар ғалладона кишт мекардем, ки ин кор пурра анҷом ёфт.

- Аслан замин модари инсон аст, — мегӯяд Руқия Раҳматзода, — он ҳам мехӯронад, ҳам мепӯшонад. Бинобар ин, ҳар нафар ба замин бояд муносибати хоса дошта бошад. Ба гуфтаи шоир Мирзо Файзалӣ:

Файз мехоҳӣ, заминро қадр кун.

Ҳар ваҷаб хоки замини нозанинро қадр кун.

Ҳама заминҳо қариб киштгардон мешаванд. Баъди гирифтани ҳосили гандум мардум бештар зироатҳоеро кишт мекунанд, ки тез ба бор меояд. Сокинони ҳудуди деҳот ба чорводорӣ низ шуғл меварзанд.

Дар ҳудуди деҳот ду фермаи ширию молӣ ба иҷора дода шудааст. Чун онҳо корро нав сар карданд, барои саршумори чорво ва истеҳсоли ширро афзоиш додан мутахассисони Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат ба онҳо кӯмак мерасонанд.

Ба ободонӣ аҳамияти калон дода мешавад. Дар ҳудуди деҳот мактабҳои таҳсилоти хамагонӣ ва бунгоҳҳои тиббии нав сохта шуданд. Ба маблағи 25 ҳазор доллар бо ҳамкорӣ ва дастгирии ташкилоти хайриявии «Международное добрососедство» (Кореяи Ҷанубӣ) хати обгузар сохта мешавад, ки бо анҷоми он 32 нуқтаи обрасонӣ ба истифодаи мардуми деҳаи Ганҷбор дода мешавад. Ба мактаби деҳа аз ҳисоби ҳамин ташкилот даҳ компютер ҳадя шуд. Инчунин раисони маҳаллаҳо давоми ду сол ба мактабҳои ҳудуди деҳот 13 компютери замонавӣ тақдим карданд.

Тавре аз суҳбат бо Руқия Раҳматзода маълум гардид, мардум моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро хуб дарк мекунанд. Ин қонун зиндагии моро танзим мекунад ва мардумро аз исрофкориву харҷи зиёд боз медорад.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат мардумро ба корҳои таъмир, созандагию ободонӣ сафарбар мекунанд. Дар деҳот зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардида истодааст. Мардум ба ободониву созандагӣ ҳавасманд гардида, мактаб ва бунгоҳҳои тиббиро таъмиру навсозӣ мекунанд. Марказҳои нави саломатӣ қомат меафрозанд.

- Бахусус дар ҳудуди деҳот мағозаву дӯконҳои замонавӣ зиёд сохта мешаванд ва мардум маводи даркориро аз онҳо дастрас мекунанд. Аз соҳибкороне, ки ҳамин хел марказҳо месозанд, хоҳиш кардем, ки марказҳои варзишӣ ва барои духтарон коргоҳҳои дӯзандагӣ низ бунёд кунанд. Ин хоҳиши моро соҳибкорон пазируфтанд, — мегӯяд Руқия Раҳматзода. Дар деҳаи Меҳрбахш соҳибкор Фарҳод Қобилов маркази варзишӣ бунёд кард, ки ҳоло ба ҷавонон хидмат мерасонад.

Дар арафаи 20 — солагии Артиши миллӣ мо таҳти унвони «Ватанпарвар» бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронидем. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон аз манфиат холӣ нест. Дар ҳудуди деҳот миёни ҷавонон мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешавад.

Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат барои гузаронидани Ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегирад. Дастовардҳои ҷамоат дар намоишгоҳи наврӯзии шаҳри Ваҳдат ба намоиш гузошта шуда, мардум бо рӯҳияи идона аз ин ҷашн истиқбол мекунанд. Руқия Раҳматзода аз он ифтихор дорад, ки Ҷашни Наврӯз бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид мақоми ҷаҳонӣ касб кард ва ин иди ниёгон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Саҳми вакилони ҷамоати деҳот, ки 21 нафаранд, дар пешбурди ҳаёти ҷомеа калон аст. Онҳо фаъолияти худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба роҳ мондаанд.

Камбудии ҷиддӣ дар ҳолати ногувор карор доштани роҳҳои байни деҳаҳо буд. Мо бо дастгирии вакилону раисони маҳаллаҳо тавонистем, ки ин мушкилотро бартараф кунем. Бо истифода аз маҳсулоти корхонаи қуму шағалбарорӣ, ки дар ҳудуди деҳот воқеъ аст ва бо кӯмаки корхонаи роҳсозии шаҳри Ваҳдат роҳҳои байни деҳаҳоро тахту ҳамвор намудем.

Соли 2012 дар деҳаи Ҷарбошӣ ду иншооти хидматрасонӣ ба истифода дода шуда, сохтмони иншоотҳои дигар дар ҳудуди деҳот идома дорад. Як бинои чорошёнаи замонавӣ дар арафаи Ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат 10 деҳа, 14 кумитаи маҳалла, чор китобхона, ду маркази саломативу ҳашт бунгоҳи тиббӣ, шаш мактаб мавҷуд мебошад.

Руқия Раҳматзода аз он ифтихор дорад, ки дар пешравиҳо каме ҳам бошад, саҳмгузор аст.

Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»