ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ БОЛО МЕРАВАД

№22 майи соли 2016 22.05.2016

Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 қарор қабул кард, ки дар асоси он ҳар сол 15 май дар тамоми давлатҳои дунё рӯзи байналмилалии оила қайд карда шавад. Ин сана аввалин бор 15 майи соли 1994 таҷлил гардид. Мақсад аз муқаррар кардани ин рӯз аз ҷониби СММ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи тамоми давлатҳо ба мушкилоти ҷойдоштаи оила равона карда мешавад.

Имсол низ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабиниҳои зиёд баргузор гардиданд.

ВАҲДАТ

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат маҳфили маърифатӣ доир гардид, ки дар он Маҳмадулло Давлатов, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, кормандони бахши кор бо занон ва оила, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр, оилаҳои ҷавон, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва ҷавондухтарон иштирок доштанд. Дар ҳамоиши мазкур Маҳмадулло Давлатов дар мавриди «Пешгирии худкушӣ дар байни занону ҷавондухтарон», Қосимзода Идигул Тағо роҷеъ ба фарҳанги ба бар кардани либоси миллӣ, ба либоси ғарби рӯй наовардан, ба таҳсил фаро гирфтани ҷавондухтарон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавонон, ба касбу кор ҷалб намудани занону духтарон баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз мо дар кишваре зиндагӣ дорем, ки сулҳу субот ва тинҷию оромӣ пойдор аст. Моро зарур аст, ки баҳри пойдории оилаҳои ҷавон ва дар роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун сохтани онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Зеро оила ин сутуни давлатдорист. Агар хонадони ҳар як оила тинҷу ором ва зиндагии хушбахтона дошта бошанд, пас ин сарзамин ҳамеша ободу гулгулшукуфон хоҳад буд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ иштирокдорон атрофи мавзуъҳои мустаҳкамии оилаҳо, мушкилиҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз вайроншавӣ баромад карданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат Заррина Одинаева дар назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла чунин қайд кард:

- Оила муқаддас аст ва он пойгоҳи мустаҳками давлат мебошад. Дар оилае, ки кӯдакон тарбияи дуруст меёбанд, онҳо дар оянда фарзандони арзандаи ин сарзамин шуда метавонанд. Мо бояд аз тинҷию амонии имрӯзаи кишвари азизамон шукрона намоем. Модаронро зарур аст, дар оила барои тарбияи фарзандон ва дар роҳи дуруст ба камол расонидани онҳо ҷиддӣ машғул шаванд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ миёни шаш нафар ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр тарзи тайёр кардани ширинӣ, омода кардани хуришҳо, дарзмол кардани либос ва парпеч кардани тифл озмуни «Кадбону» баргузор шуд, ки он аз омода будани ҷавондухтарон ба оиладоршавӣ гувоҳӣ медод. Сипас аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб гузаронида шуд, ки ҷавондухтарон ба ҳамаи 15 суолҳо ҷавобҳои дуруст доданд.

ТУРСУНЗОДА

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба рӯзи байналмилалии оила дар Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор шуд, роҳбарияти шаҳр, намояндагон аз шуъбаи кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, фарҳанг, маорифу дигар бахшҳои дахлдор ва доираи васеъи сокинон иштирок нашуданд.

Мавзуву масъалаҳое, ки дар ҳамоиши мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ин роҳҳои мустаҳкам намудани оила, ҳаллу фасли мушкилоти оиладорӣ буданд. Қайд карда шуд, ки танҳо дар муҳити оилаи солим шахс метавонад ба ҳадафи худ расад. Зеро ободӣ ва пешрафту тараққиёти Ватан аз оилаи солим сарчашма мегирад ва ҳар як нафарро мебояд дар бораи солимии ҷомеа, ки аз пойдории оила вобастагии калон дорад, кӯшиш намояд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн», ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад гузаронида шуд ва тарроҳони ҷавони шаҳри Турсунзода дастранҷи худро, ки аз матоъҳои миллӣ дӯхта шудаанд ба тамошо гузоштанд.

Зимни таҷлили рӯзи байналмилалии оила ҳамзамон ба як ҷуфти навхонадорон аз шаҳри Турсунзода бо тантана аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардид.

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ олилаҳои намунавии ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»