Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи раиси шаҳри Ҳисор таъин намудани Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҷумазода Шарифҷон раиси шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 30 июни соли 2016 №713

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод намудани ­­Шарипов Ф. Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарипов Фаррух Ҳомиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 30 июни соли 2016 №714

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин намудани Раҷабиён М. Д.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 30 июни соли 2016 №715

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ­Туркманистон озод намудани Собиров М.  Н.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Собиров Маҳмудҷон Носирович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 30 июни соли 2016 №716