Фоҷиа дар Плесетск аз он 40 сол сипарӣ мегардад

№33 (4139) 17.03.2020

Абдуразоков Бахром (Фочиа дар Плетсетк) МАХМАД АКАЧил сол пеш, 18 марти соли 1980, дар Космодроми таҷрибавии «Плесетск», воқеъ дар вилояти Архангелски Федератсияи Россия фоҷиаи мудҳиш рух дод, ки дар натиҷа, 48 кас ҳалок ва беш аз 40 нафари дигар захмӣ шуданд.

Он рӯз бояд ракета — барандаи «Восток — 2М»-ро ба ҳаво сар медоданд. Корҳои омодагӣ ба анҷом расида буданд ва ракета дар хатти парвоз қарор дошт, танҳо бо сӯзишворӣ пур кардани дастгоҳ монда буду халос. То оғози парвоз 2 соату 15 дақиқа монда буд. Мутахассисону хизматчиёни ҳарбӣ керосин ва перекиси водородро рехта, аз пайи пур кардани кислороди моеи азот шуданд, ки якбора таркиш ба амал омад. Садои гӯшхароши таркишҳои пай дар пай дар як лаҳза гирду атрофро ба ларза овард. Алангаи оташ чун аждаҳои бадҳайбат ба осмон қомат кашид.

Дар космодром, барои анҷоми корҳои техникӣ, 141 нафар фаъолият доштанд. Лаҳзаи фоҷиа фиғони ҷонкоҳи онҳо ба фазо печид, аммо садои таркиш ва қарсоқарси оҳанпораҳо овози ононро пахш кард. 179 тонна кислороди моеъ ва 73 тонна керосини оташгирифта майдони парвозро ба ҷаҳаннам табдил дод. Баъди фурӯ нишастани шиддати оташ нафарони зиндамонда барои аз ҳалқаи оташ берун омадан талош мекарданд. Ин фоҷиаи мудҳиш дар баробари асбобу таҷҳизоти пуриқтидор одамони зиёд, аз ҷумла, аскарбачаи тоҷик Баҳром Абдураззоқовро низ ба коми худ фурӯ бурд…

Баҳром, вақте даъватномаи аскариро ба даст гирифт, хушҳол шуд, ки барои адои қарзи ҷавонмардӣ — хидмати Ватан меравад ва худро обутоб медиҳад. Орзу дошт, ки баъди адо кардани хизмати ҳарбӣ ба Тоҷикистон баргашта, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шавад ва бо арӯси дӯстдоштааш оила барпо намояд. Вале ҳукми тақдир дигар буд ва ӯ намедонист, ки орзуҳояшро оташ ба ком фурӯ мебараду ҳатто ҷисми беҷонаш ҳам ба Тоҷикистон барнамегардад…

Он шаб падари Баҳром — амаки Убайдуллоро хоб набурд, дилашро чизе фишор медод. Аз як паҳлу ба паҳлуи дигар мегашту қарор надошт. Лаҳзае ғанаб кард, хоби баде диду ҳаросон чашмонашро кушода, ба рӯи ҷогаҳ нишаст. Ҳамсараш холаи Зулфинисо ин ҳолати ӯро дида пурсид:

- Чӣ гап шуд, тинҷӣ аст? Хоб дидед — чӣ?

- Ҳа, хоб дидам, хоби он қадар хуб не, — бо изтироби ниҳонӣ иброз дошт амаки Убайдулло. — Дар лаби сиёҳоб (каналеро, ки аз миёни деҳа ва аз назди хонаи онҳо мегузарад, ҳамин хел меноманд) менишастам, ки як пойафзолам аз поям ба об рафт. Ҳарчанд давидам, онро дигар пайдо накардам…

Холаи Зулфинисо ҳамсарашро гарчанде таскин дода, ором кард, вале дили худаш ҳам алов гирифт.

Убайдулло Абдураззоқов омӯзгор буд. Дар мактаби №6-и деҳаи Пушкини ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) дарс медод. Чанд рӯз баъди он хоб ӯро аз синфхона ба берун даъват карданд. Вақте ба рӯи ҳавлии мактаб баромада, мошини ҳарбӣ ва чанд низомиро дид, аъзои баданаш суст шуд, вале худро ба даст гирифта, назди меҳмонон рафт. Ҳамроҳи онҳо ба ноҳия, ба комиссариати ҳарбӣ омад ва хабари даҳшатнокро фаҳмид…

Ба шаҳри Мирний (Россия), макони ҷойгиршавии майдони озмоишии парвози ракетаҳо — Плесетск аз ҳама гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ волидайни хизматчиёни ҳарбии қурбонгашта даъват шуданд. Амаки Убайдулло ва тағои Баҳром — Ҳайдар ҳам дар қатори онҳо буданд.

Бо вуҷуди он ки замин ях бастаю бо бел кандани қабрҳо имкон надошт, аммо то субҳ ҳама чиз барои маросими дафн омода гашт. Роҳбарони қисми ҳарбӣ волидонро бовар кунониданд, ки ҷасади аскарбачаҳоро ба зодгоҳашон гирифта набаранд, балки иҷозат диҳанд онҳоро дар қабри оммавӣ дар Мирний дафн кунанд. Барои фармондеҳони қисмҳои низомӣ мулоқот бо падару модари шахсони фавтида коре буд мушкил. Душвортар аз ҳама он буд, ки волидонро бовар кунонанд, то дохили тобутҳоро кушода набинанд. Агар кушода назар кунанд чиро хоҳанд дид?… Дар баъзе аз қуттиҳои тобут ба ҷуз хокистар, дигар чизе набуд.

Маросими видоъ бо фавтидагон дар Хонаи афсарони гарнизон баргузор шуд. Сипас, қатори мошинҳо оҳиста-оҳиста ба ҷои дафн раҳсипор шуданд. Ин қатор беохир ба назар мерасид. Гиряву нола, мусиқии мотам як кунҷи ороми соҳили кӯлро, ки ях баста буд, фаро гирифт. Парчамҳои ҳарбӣ ба замин хам гардида буд, зери садои салюти ҳарбӣ замини яхбаста аскарбачаҳоро ба оғӯш гирифт.

Амаки Убайдулло ашк дар чашму хун дар ҷигари сӯзон бо дили афгор, аз сари қабри ҷигарбандаш як мушт хоки сардро ҳамроҳ бо як шиму курта ва кулоҳи аскарии Баҳромҷон ба Тоҷикистон овард. Ҳамон чизҳо ва акси ҷавонмарди зебои абрӯсиёҳ рӯзи мотам, ба ҷойи турбаташ, дар ҳавлиашон гузошта шуд ва мардуми зиёде барои тасаллӣ додану дуою фотеҳа омаданд.

Ёд дорам, он рӯзи сиёҳ дар мактаби деҳа дарс нашуд. Ман дар синфи панҷум мехондам ва муаллим Убайдулло Абдураззоқов роҳбари синфи мо буд. Устодон ва хонандагони мактаб дар паҳлуи оилаи ғамзада қарор гирифтанд, то танҳоиро эҳсос накунанд. Дар маросими азодорӣ аз пойтахт бародари амаки Убайдулло – Ҳабибулло Абдураззоқов, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикис­тон ва дигар намояндагони фарҳангу санъати тоҷик иштирок доштанд. Бо иштироки намояндагони ҳукумат ва мақомоти қудратӣ дар ҳавлӣ митинги калон ҳам баргузор гардид.

Солҳои 80-уми асри гузашта одат буд, аскарбачае ба хизмати Модар-Ватан мерафт ва ё аз он бармегашт, дар хонадони онҳо маъракаи калон барпо мешуд. Баъди ин воқеа амаки Убайдулло ва холаи Зулфинисо ҳар як аскарбачаи даъватшуда ва ё аз хизмат баргаштаро сахт ва дурудароз ба оғӯш мегирифтанд ва гиря мекарданд. Шояд онҳо аз ҳар як аскарбача бӯйи Баҳромро меҷустанд. Ба мурдани ҷигарбандашон бовар намекарданд, зеро ҷасади Баҳромро надида буданд.

Худованд бузург аст, нолаву зораи амаки Убайдулло ва холаи Зулфинисоро қабул кард. Баъди як соли ҳалокати фоҷиабори Баҳром ба ин оила боз писар ато кард. Ба тифлаки хушрӯяку дӯстрӯ Дилшод ном ниҳоданд, ки чун себи ду кафон ба Баҳром монанд аст. Ҳоло Дилшод Абдураззоқови 39-сола сарҳадбон аст ва 18 сол боз марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад.

Бародари дигараш Фирӯз низ сарҳадбон асту собиқаи кории 22 — сола дорад. Полковник Фирӯз Абдураззоқов ҳоло ба ҳайси муовини сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад ва докторанти Академияи сарҳадии назди Хадамоти федералии амниятии Федератсияи Россия мебошад. Зимни суҳбат Фирӯз аз бародари ғуррамаргаш ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт:

- Замони гусели Баҳромҷон ба хизмат, тахминан 5-6 — сола будам. Маросими гусели наваскарон бо шукӯҳу тантана дар майдони васеи назди мағозаи «Зебо» ва дӯкони китобфурӯшии ноҳия доир гашт. Издиҳом, ки зиёд буд, маро тағоям Ҳайдар болои китфаш бардошт ва ба сӯи аскарбачаҳо ман ҳам дастафшонӣ мекардам. Ногоҳ чашмам ба акаам афтид, ки аз тирезаи автобус дастонашро алвонҷ дода, ба сӯям менигарист. Ин нигоҳи охирини пур аз меҳри акаам Баҳром сӯи ман то ҳол дар пеши назарам аст.

- Бо вуҷуди он ки Баҳромҷон умри кӯтоҳ диду риштаи ҳаёташ фоҷиабор канда шуд, вале барои мо намунаи ибрат гардид. Ҳаёти вай намунаи ҷавонмарди содиқ ба Ватану миллат аст ва кори ӯро мо идома медиҳем.

Агар Баҳроми ғурамарг, ки дур аз Ватан, дар оғӯши хок ба хоби абад рафта, дар ҳаёт мебуд, 29 августи соли ҷорӣ ба синни мубораки 60 мерасид. Вале, чӣ илоҷ тақдирро тадбир карда намешавад, номи ӯ ҳамеша дар ёди наздикону дӯстон боқӣ хоҳад монд.

Воқеан, ҳаёти ҷавонмардон барои ҳамсолон ва насли наврас намунаи далерию қаҳрамонист ва онҳоро набояд фаромӯш кард. Тавре аз суҳбат бо наздикон фаҳмидем, аз Баҳром Абдураззоқов, ки номаш дар лавҳаи хотираи қурбониёни фоҷиаи Плесетск сабт гардидаю хотири онҳоро дар Россия пос медоранд, дар Тоҷикистон боре ҳам ёдовар намешаванд. Дар рӯйхати лавҳаи хотиравие, ки зикр кардем, ҳамчунин, номи дигар тоҷикписар – аскари қаторӣ Назаров Шариф Холиқович низ сабт гардидааст.  Тавре Фирӯз Абдураззоқов иброз дошт, моҳи июни соли 2005 ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия мактуб омад, ки дар он хоҳиш карда мешуд, то дар бораи аскари қаторӣ Абдураззоқов Баҳром Убайдуллоевич маълумотномаи пурра омода карда фиристонанд.

- Ҳуҷҷатҳоро омода карда фиристодем, вале бо ҳамин дигар ягон хату хабар нашуд, — иброз намуд Фирӯз ва илова кард: — Солҳои зиёдест сарҳадбонам ва мушоҳида мекунам, ки ҳар сол аз Россия намояндагони баландмақоми ҳарбӣ барои ёдбуди аскарону афсарони дар сарҳад қурбоншуда меоянд ва хотираи онҳоро пос медоранд. Хуб мебуд дар мо низ аз чунин ҷавонмардон, ки баҳри Ватан қурбон шудаанд, ҳамеша ёд кунанд, доир ба ҳаёт, ҷасорату матонати онҳо суҳбату мулоқотҳо ташкил намоянд ва бо гузоштани лавҳае, номи кӯчае ё мактабе ба номашон  рӯҳи онҳоро шод намоянд. Аз ҷумла, Абдураззоқов Баҳром Убайдуллоевич низ лоиқи қадршиносист.

 

РӮЙХАТИ ҲАЙАТИ ШАХСИИ 53-юми МАЙДОНИ ОЗМОИШИИ ИЛМӢ — ТАДҚИҚОТӢ, КИ 18 МАРТИ СОЛИ 1980 ҲАЛОК ГАРДИДААНД

 

1. Подполковник Гринко Валентин Гаврилович

2. Майор Кузнетсов Николай Николаевич

3. Майор Ручков Николай Игнатевич

4. Капитан Кукушкин Александр Виталевич

5. Капитан Шепилов Валерий Василевич

6. Лейтенанти калон Микеров Сергей Борисович

7. Лейтенанти калон Михайлов Виктор Николаевич

8. Лейтенант Куба Александр Александрович

9. Лейтенант Сорокин Сергей Александрович

10. Прапоршик Гареев Айрат Газизянович

11. Сержант Габдуллин Фаридян Хамитович

12. Сержант Назаров Евгений Григоревич

13. Сержант Шарипов Ришат Таксимович

14. Сержанти хурд Лузин Владимир Анатолевич

15. Ефрейтор Аникеев Николай Павлович

16. Ефрейтор Великоредчанин Ярулла Нуриллович

17. Ефрейтор Гераскин Виктор Анатолевич

18. Ефрейтор Годунов Николай Василевич

19. Ефрейтор Жилкибаев Максат Даулеткелдович

20. Ефрейтор Жуков Валентин Михайлович

21. Ефрейтор Зайнуллин Рушан Фаритович

22. Ефрейтор Захаров Владимир Иванович

23. Ефрейтор Кудрявцев Юрий Алексеевич

24. Ефрейтор Кузнетсов Игор Борисович

25. Ефрейтор Постовалов Валерий Михайлович

26. Ефрейтор Яруллин Фаик Фасихзянович

27. Қаторӣ Аббосхонов Тофик Садатхон оғли

28. Қаторӣ Абдураззоқов Баҳром Убайдуллоевич

29. Қаторӣ Агоразов Бекмурод Ҷумаевич

30. Қаторӣ Акберов Сулаймон Маҷид оғли

31. Қаторӣ Алиев Али Омар оғли

32. Қаторӣ Амманов Данатар Акмурадович

33. Қаторӣ Аминов Азод Аллаярович

34. Қаторӣ Денисович Сергей Владимиривоч

35. Қаторӣ Гелдиев Армагелди Муҳаммад Оманович

36. Қаторӣ Гонбаров Фазаил Исмаил оғли

37. Қаторӣ Карасевсев Анатолий Иванович

38. Қаторӣ Қодиров Раҳимбек Ҷонтоевич

39. Қаторӣ Логинов Анатолий Николаевич

40. Қаторӣ Мамадиев Тулкун Турсунович

41. Қаторӣ Назаров Шариф Холиқович

42. Қаторӣ Овечкин  Петр Петрович

43. Қаторӣ Олилов Мусуимонқул Остонович

44. Қаторӣ Сибошвили Нугзари Шалвович

45. Қаторӣ Солтанов Бекмурод Илёсович

46. Қаторӣ Тагиев Ислом Содиқ оғли

47. Қаторӣ Шомуродов Тозабой Кокоҷонович

48. Қаторӣ Шашичев Сергей Николаевич

Маҳмадёқуб  БОБОЕВ, «Садои мардум»

(Факту рақамҳои дақиқ аз сомонаи http://www.plesetzk.ru)