Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об

№ 29.06.2018

Бо ин ном чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳамоиш доир гардид.

Дар сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид қайд гардид, ки 21-уми декабри соли 2016 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028»-ро бо иттифоқи оро қабул намуд, ки он идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» буда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Вазир таъкид кард, ки ҳар сол беш аз 100 то 130 мактаб сохта шуда, масъалаи обрасонӣ ва таъмини хонандаҳо бо оби ошомиданӣ дар маркази диққат қарор дорад.

Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд ташаккур гуфта, афзуд, ки тибқи омор дар олам ҳар рӯз ба ҳисоби  миёна 700 кӯдак аз сабаби нарасидани оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасанд. Зиёда аз 250 миллион нафар барои пайдо кардани оби тоза ҷойи зисташонро иваз менамоянд. Пажӯҳише, ки соли 2017 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, муайян кардааст, ки дар шаҳрҳо 95 дарсад ва дар деҳот 71 дарсади аҳолӣ ба оби безарар дастрасӣ доранд. Пизишки кӯдакон  Шералӣ Раҳматуллоев дар суҳбат ба журналистон зикр кард, ки ҳоло ҳам кӯдакон дар самти даст­расӣ ба оби поку безарар мушкил доранд. Номбурда бо такя ба пажӯҳиши як соли пеш афзуд, ки  аксари мактабу беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар кишвар бо лӯлаҳои оби ошомиданӣ таъмин нестанд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода қайд кард, ки норасоии микронутриентҳо (витамину минералҳо) яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Ғизои солим аз рӯзи якуми ҳомиладорӣ ва то дусолагии кӯдак муҳим аст.

Зимни ҳамоиш ба хурдсолону наврасон имкон дода шуд, аз мушкилоти худ оид ба оби ошомиданӣ бигӯянд ва роҳи ҳалро пешниҳод кунанд.

Сипас, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар-ғолибони озмуни иншо дар мавзӯи  «Аҳамияти дастрасӣ ба об, санитария ва гигиена барои таҳсилоти босифат» андешаҳои худро иброз доштанд.

Як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ дар намоиши «Ташаббусҳои наврасони навовар» бо ихтирои худ — собуни кисагӣ ширкат карданд. Ба гуфти онҳо, дар мактабҳо кӯдакон бояд аз як собуни умумӣ истифода баранд, вале на ҳама инро мехоҳанд. Биноан, онҳо баъд аз ҳоҷатхона ва пеш аз ба ошхона даромадан дастонашонро бо собун намешӯянд. Дар робита ба ин, хонандагон собунро дар шакли хурд сохтаанд, ки онро мешавад дар қуттӣ ҷой карда, дохили ҷузвдон гузошт.

Корманди ЮНИСЕФ Хушбахт Ҳоҷиев зикр кард, ки  тарҳҳои беҳтарини кӯдакон барои ҳалли мушкили марбут ба об баъдан дар амал татбиқ мешавад.

Дар бахши сеюми форум озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» баргузор гардид. Дар ин бахш лоиҳаҳои хонандагони литсейи №2-и шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд соҳиби ҷойи аввал, хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи дуюм ва донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»