Даъват ба хизмати ҳарбӣ - 2017

Гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

№124 (3761) 19.10.2017

аскарЧанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинии хотирмоне бахшида ба сафарбаркунии навас­карони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қайд намуд, ки бо дастгирии пайвас­таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва шароити хизмати аскарон сол то сол беҳтар мегардад. Бинобар ин, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ бештари аскарбачаҳо бо хоҳишу ирода сарбаландона хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.

Комиссари ҳарбии вилоят Куганзода Ҳакими Самад изҳор дошт, ки ҳар як ҷавони баору номус, шуҷоъ ва ватандӯст бояд қарзи фарзандии худро бо камоли майл адо намояд, яъне муҳофизи Ватану арзишҳои миллӣ бошад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»