Хабарҳо аз кишвар

№12 (3313) 26.01.2015

Идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад Зокир, «Садои мардум»)  Бо дастгирии  Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар шаҳри Душанбе доир ба идоракунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ (таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова) семинари техникӣ доир гардид.  Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семинар масъулини ин Вазорат, муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаи Ҷумҳурии Молдова Сержиу Сеинчук, роҳбари намояндагии СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тайма Курт ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд. Мутобиқи барномаи чорабинӣ, дар семинар масъалаҳои хусусиятҳои умумии байни Тоҷикистону Молдова дар доираи кишварҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷанбаҳои умумии таҷрибаи Молдова дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, барномаҳои миллӣ оид ба ҷалби интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна баррасӣ гардиданд.

Санҷишу рейдҳо шумораи ҳуқуқвайронкунандаҳоро кам кард

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Намояндагони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи  Кӯлоб дар тӯли сол бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ва кам намудани шумораи ҳуқуқвайронкунандаҳо бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳои марбута дар ҳудуди шаҳру навоҳии минтақа 392 рейду санҷиши муштарак гузарониданд. Дар рафти гузаронидани ин чорабиниҳо ҳолати 4356 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ мавриди санҷиш қарор гирифт ва баҳри бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ба номи қисми зиёди ронандагон «Огоҳинома»-ҳои хаттӣ тартиб дода шуд.

- Ин тадбирҳо дар пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили  ҳуқуқвайронкуниҳо, натиҷаи мусбӣ ба бор овард, — гуфт дар суҳбат сардори Раёсати мазкур Рустам Валиев.

Таваҷҷуҳи хоса ба арзу шикояти шаҳрвандон

 ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») - Масъалаи қабули шаҳрвандон, шунидани арзу шикоят ва дархости онҳо яке аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад,-гуфт иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Ғаффурзода Мӯсо Зариф.

Танҳо дар давоми соли сипаришуда аз ҷониби раиси ноҳия ва муовинони ӯ 2904 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун қабул карда, ба 4259 муроҷиати хаттии онҳо дар муҳлати муайяншуда ҷавобҳои қаноатбахш  гардонида шудааст. Аслан шаҳрвандон доир ба масъалаҳои марбут ба замин — гирифтани саҳми замин барои таъсиси бунёди хоҷагии деҳқонӣ ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат мекарданд.

-Мо дар ин давра ба арзи шахсоне, ки 5-6 сол боз дар ҳалли мушкилоти баҳсталабашон ранҷ мекашиданд, диққати ҷиддӣ додем,- гуфт  Ғаффурзода Мӯсо Зариф

Ҷинояткорӣ пешгирӣ мешавад

ВАҲДАТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани ҷавонон тадбирҳои судманд андешида мешавад. Давоми бештар аз як сол аст, ки намояндагони бахши кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура дар ҳудуди шаҳраку деҳот бо иштироки доираи васеи сокинон ҷамъомади судбахш доир менамоянд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва шомил нагардидани наврасону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.

Наврасону ҷавонон ояндаи дурахшони ҷомеа маҳсуб меёбанд ва таълиму тарбияи дурусти онҳо дар ҳамкории оила бо мактабу ҷомеа бояд боз ҳам устувору қавӣ гардад.Онҳо бештар барои аз бар кардани илму дониш завқи беандоза дошта бошанд, зеро дар таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, оила, мактаб ва ҷомеа саҳмгузор мебошанд.

Коргоҳи нав

КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Ҳомидҷон Ёқубов дар шаҳр нахустин корхонаи коркарди меваҳои хушк ба кор шурӯъ кард. Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти ин корхона ба коркарди ҳама навъҳои меваҳои хушки ватанӣ мувофиқ гардонида шудааст. Дар  ин корхона 21 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик фаъолияти корхонаро тақвият бахшида, шумораи умумии кормандонро ба 100 нафар расонад.

Озмуни «Ҳисор – се ҳазор сол»

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Дар ноҳия озмуни «Ҳисор-се ҳазор сол» оғоз гардид. Даври аввали он дар толори навбунёди маркази фарҳанги деҳоти «Навобод» доир шуд. Шартҳои асосии озмун аз иҷрои  сурудҳо дар васфи Ватан, сеҳазорсолагии Ҳисори бостонӣ, намоиши сару либосҳои қадимаи миллӣ ва китобҳои гуногунжанру қадима, нигораҳо, осорҳо, маводҳои нодир иборат мебошад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ то ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор аз таъмири ҷорӣ баровардани марказҳои фарҳанги шаҳраку деҳот, ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани  нигораҳои таърихӣ дар осорхонаи марказии ноҳия мебошад.

Ангишт арзон шуд

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар нуқтаҳои ангиштфурӯшии шаҳр ва ноҳияи Бохтар қимати як килограмм ангишт нисбати моҳҳои сентябру октябри соли гузашта  40- 45 дирам поён фаромад. Айни ҳол  дар  нуқтаҳои ангиштфурӯшӣ қимати як килограмм ангишти конҳои  ноҳияи Айнӣ,  Ваҳдат ва Ҳисор 60-65 дирамро ташкил медиҳад. Ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон бошад, аз як сомонию 10 дирам то як сомонию 20 дирам арзиш дорад. Ҳол он ки то фарорасии фасли сармо ангишти дохилӣ мутаносибан 85-90 ва ангишти Ҷумҳурии Қирғизистон  як сомонию 65 дирам арзиш доштанд.

Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки дар фасли зимистон қимати ангишт дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он боло нарафта, баръакс, поён фаромадааст.

Кумак ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат

МУРҒОБ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №5-и ноҳияи Мурғоби ВМКБ  кумаки яквақта расониданд, ки он аз сару либос ва маводи хӯрока  иборат буд. Ҳамзамон барои тарбиятгирандагони мактаб-интернат дастурхони идона ороста шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки барои таъмиру тармими мактаб-интернат маблағ  ҷудо  намояд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.