Хабарҳо аз кишвар

№61 (3362) 28.04.2015

Муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Корея

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Чанде пеш  ҷаласаи панҷуми гурӯҳи кории давлатҳои масири Шоҳроҳи бузурги абрешим дар  шаҳри  Сеули  давлати  Корея баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ризо Назарзода намояндагӣ карда, имкониятҳои туристии кишварро тавассути маводи иттилоотию  тарғиботӣ, саҳми Тоҷикистон дар эҳё ва рушди Шоҳроҳи бузурги абрешим муаррифӣ намуд.  Тибқи  иттилои намояндаи бахши таҳлилу иттилоотии  кумитаи мазкур Наврӯз Қурбонов,  моҳи августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Конфронси байналмилалии туристӣ ва Фестивали сайёҳиву фарҳангии «Мероси роҳи абрешим» гузаронида мешавад.

 Таъсиси маркази забон ва фарҳанги хитойӣ

ХУҶАНД. ( Абдувосит САЛИМЗОДА )   Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба  тайёр кардани мутахассисон  барои бозори  дохилӣ  ва  бозори  байналмилалии меҳнат  гурӯҳҳои махсус ташкил гардида, таълим бо забони англисӣ  ба роҳ монда шудааст.

Дар донишкада  барои омӯхтани 4-5 забони  хориҷӣ   тамоми  шароити зарурӣ  мавҷуд буда, забонҳои  англисӣ, олмонӣ, русӣ ва арабӣ дар  сатҳи баланд омӯзонида мешаванд. Зикр бояд кард, ки соли ҷорӣ дар донишкада  омӯзиши забони хитойӣ низ ба роҳ монда,  омӯзгор — Чин Ян Сияоюй аз Маркази Конфутсийи шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой  даъват шудааст.

Вохӯрии муаллифи китоби «Алифбо» бо омӯзгорони ҷавон

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳия дар толори калони Кохи фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз вохӯрии муаллифи китоби «Алифбо», академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев бо омӯзгорони ҷавон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Устод Маҳмадулло Лутфуллоев ба саволҳои сершумори хонандагон ва омӯзгорон посух дод. Дар ин вохурӣ раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Холиқ Қаноатшо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Конфронс бахшида ба 70-солагии донишгоҳ

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати 70 -солагии муассисаи таълимии мазкур зери унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар тайёр намудани мутахассисон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Кори конфронс дар се бахш — гуманитарӣ, табиатшиносӣ  ва дақиқ ҷараён гирифт, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев,  академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон   ва дигар олимону донишмандон иштирок карда, маърӯзаҳо намуданд.

Фитнес-клуби нав дар маркази шаҳр

ИСФАРА. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ  Атахон Ҷӯраев дар маҷмааи хизматрасонии «Азамат», воқеъ дар ҳудуди гулбоғи ба номи «Сайфи Исфарагӣ», толори фитнес мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз ду толор барои тамрини занҳо ва мардҳо иборат буда, бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар фитнес-клуб  мураббии касбӣ  мизоҷонро раҳнамоӣ  хоҳад кард. Ҳамчунин  дар ин ҷо фито-бар фаъол шудааст, ки ба хоҳишмандон нӯшокиҳои аз гиёҳҳои фоиданок омодашударо пешниҳод менамояд.

 Конференсияи адабӣ ва мусиқӣ

ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО. «Садои мардум»)Дар бинои китобхонаи марказии ноҳия  конференсияи  адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Ҳусейн Ализода иштирок ва суханронӣ кард.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и деҳаи Капалӣ Суҳроб Ваҳҳобов, адибон Баёни Хоҷа ва Давлатмуроди Баллаҷон доир ба мақоми китоб дар тарбияи маънавии инсон суханронӣ намуданд.  Шеъру сурудхонии хонандагон ва ҳунарнамоии сарояндаи хушовози ансамбли рақсу таронаи назди  шуъбаи фарҳанги ноҳия Зайнаб Аҳмадҷонова  дар қисмати дувуми конференсия хеле гуворо ва хотирмон буд.

Мактаби Тағоймурод Хушвахтов

ЁВОН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар Кохи фарҳанги ноҳия, ки номи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтовро дорад, маҳфили фарҳангӣ доир гардид.  Ин сарояндаи нотакрор тӯли ҳаёти хеш бо лаҳн ва истеъдоди хосааш ҳаводорони сершуморе пайдо карда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Имрӯз  шогирдони мактаби Т. Хушвахтов на танҳо дар ноҳияи Ёвон, балки дар дигар минтақаҳо низ  фаъолият доранд. Аксарияти онҳо дар маҳфили мазкур ширкат варзида, хотири мухлисонро бо таронаҳои марғуб шод гардонида, аз устоди хеш ёдоварӣ карданд.

Бозии шоҳмот байни наврасон

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи шоҳмот байни наврасон баргузор гардид. Дар он  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 20 варзишгар ширкат намуда, соҳиби чор медали тилло, шаш нуқра ва чор биринҷӣ гардиданд. Мижгона Давлатова, Ҳофиз Махсудшоев, Нурофарин Шакармамадова ва Рамзӣ Наврӯзмамадов тавонистанд, ки аз ҳамаи рақибонашон дар рақобат бартарӣ нишон дода, сазовори медали тилло ва унвони чемпиони ҷумҳурӣ гарданд.

- Дар чунин синну сол гирифтани унвони қаҳрамони ҷумҳурӣ кори осон нест. Мо кӯшиш менамоем, ки барои сабқатҳои оянда ҳаматарафа омодагӣ бинем ва теъдоди шогирдонро зиёд намоем. Ин муваффақияти беҳтарини Федератсияи шоҳмоти вилоят дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад,- гуфт мураббии федератсияи мазкур  Хишол Хишолов.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91