Хабарнигори «Садои мардум» ғолиби озмун гардид

№44 (3994) 20.04.2019

IMG_20190418_13493716 апрел дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Бемории сил табобатшаванда аст»  баргузор гардид. Дар он, ки аз рӯи  се номинатсия – радио, телевизион, матбуот ва сомонаи интернетӣ бо ташаббуси Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил  доир шуд, беш аз 50 нафар ширкат варзиданд.

Ҳамин тариқ, дар  бахши матбуот  Сайфиддин Суннатӣ – муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум» ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф шуд. Ҷойи дуюм насиби Малоҳат Маҳкамова аз рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» гардид.

Дар бахши телевизион ва радио  ҷойи якум ба Идигули Раҷаб аз Радиои «Тоҷикистон» ва ҷойи дуюм  ба Озода Раҳматуллозода аз телевизиони «Сафина» дода шуд.

Дар бахши сомонаи интернетӣ Қамари Аҳрор («Спутник Тоҷикистон») ва Ибодат Давлатзода (АМИТ «Ховар») сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати нек нисбат ба маризон маънидод гардид.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»