Хадамоте, ки ба ҷустуҷӯи гумшудаҳо машғул аст

№ 30.05.2018

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи май — моҳвораи Ҳилоли Аҳмар баргузор мегардад. 30 майи соли равон дар доираи чорабиниҳои моҳвора  дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» — и Хадамоти ҷустуҷӯи ҶҲАТ суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Меҳмононро роҳбари дастгоҳи ҶҲАТ Назирҷон Азимзода хайрамақдам гуфта, оид ба сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо ва ба муҳоҷирату  ғарибӣ афтодани ҳамдиёронамон андешаҳои хешро баён намуд. Зикр шуд, ки Хадамоти ҷустуҷӯ соли 1993 дар рӯзҳои нооромии кишвар, ки бисёр одамон ғайб мезаданду бархе дар муҳоҷирату ғарибӣ беному нишон мегардиданд, таъсис ёфта, имсол 25 — сола мешавад. Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои хадамот дар назди он барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» роҳандозӣ гардидааст. Ҳадафи барнома ҷустуҷӯйи ашхоси гумшуда, барқарор намудани робитаи онҳо бо аҳли оила, дастгирии оилаҳои онҳое, ки дар ғарибӣ фавтидаанд, маҳсуб мешавад.

Танзимгари барномаи мазкур Зарина Нуралиева изҳор намуд, ки дар 5 соли охир ба барнома аз кишварҳои дигар 46 дархост бобати пайдо намудани одамон ворид гардида, 18 дархост иҷро шудааст. Ба ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои дигар аз соли 2017 то имрӯз 181 дархост фиристода шуда, дар бораи 16 нафари гумшуда маълумот дастрас шуд.

Аз соли 2015 инҷониб  дар назди Хадамоти ҷустуҷӯии ҶҲАТ бо дастгирии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барномаи «Ҳамсафар» амал мекунад, ки ҳадафи он расонидани ёрии равонӣ ба ашхосест, ки наздиконашонро гум кардаанд. Танзимгари барнома, равоншинос Мадина Иргашева қайд намуд, ки айни ҳол кормандони ҶҲАТ дар ин бобат бо 365 оила кор мебаранд.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»