«Хандаи ҳусн» ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад

№134(3435) 09.10.2015

Бахшида ба ибтикороти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли оила» эълон гардидани соли 2015-ум аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли ҷорӣ баргузории фестивали либоси миллӣ — «Хандаи ҳусн» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадаф аз баргузории фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сару либоси миллӣ, вусъат бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, арҷ гузоштан ба расму русуми ниёгон, густариши санъати чакандӯзӣ, алочабофӣ, адрасбофӣ ва ғайра мебошад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур комиссияи махсус, ки аз намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиб ёфтааст, аз 5 то 11 октябри соли равон ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сафарбар шуда, ба мутасаддиён ва иштироккунандагони чорабинӣ, ки ба даври ҷамъбастии фестивал роҳхат мегиранд, маслиҳатҳои муфид доданд.

 Ҳ. Раҳмоналӣ,

«Садои мардум»