ХАТЛОН. ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН МЕГАРДАНД

№74 (3554) 09.06.2016

Дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» корҳои муайян ба анҷом расиданд.

Тавре котиби комиссияи вилоятии мусобиқа, мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи раиси вилоят Зафар Файзуллоев иттилоъ дод, бо мақсади иҷрои Амри мазкур қарорҳои дахлдори раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, комиссияҳои вилоятӣ таъсис ёфтаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, марҳилаи якуми мусобиқа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят то 20 майи соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида,  то 30 май супоридани мукофотҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки аъзои комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони комиссияи вилоятӣ ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Масалан, дар ноҳияи Бохтар маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибон бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва раиси комиссияи вилоятии мусобиқа, муовини якуми раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон хеле пуршукуҳу хотирмон сурат гирифт.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ бармеояд, ки дар марҳилаи якуми мусобиқа 13860 оила ва 11550 хона иштирок намуда, дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 616 оила ва 462 хона ғолиб дониста шуданд. Дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бошад, 75 деҳа ва 57 маҳаллаи беҳтарин, ҳамчунин 75 оила ва 75 хонаи намунавӣ иштирок намуда 24 деҳа, 19 маҳалла, 25 оила ва 25 хонаи намунавӣ ғолиб дониста шуданд. Ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ соҳиби шаҳодатнома, нишони хотиравӣ ва мукофоти пулӣ гардиданд.

Марҳилаи дуюми мусобиқа аз 10 июн то 20 июни соли ҷорӣ доир ва 30 июн маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибон барпо мегардад. 

  Давлат СУЛТОНОВ,

  «Садои мардум»