Арзҳои дӯстӣ

ХАТСАЙРИ НАВ ДУ БАРОДАРШАҲРРО НАЗДИКТАР КАРД

№62 (3542) 14.05.2016

ПакистанСоли чилум аст, ки Душанбе ва Лоҳур (Покистон) бо ҳам бародаршаҳранд, вале то рӯзҳои наздик миёни онҳо хатсайри ҳавоӣ вуҷуд надошт.

Шашуми майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвозро тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе -Лоҳур ба роҳ монд. Дар маросими ифтитоҳи он, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир гардид, намояндагони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро барои ин иқдом ба ширкати «Сомон Эйр» изҳори сипос намуда гуфт:

- Ифтитоҳи ин хатсайр ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти ду кишвари дӯст қарор дошт. Чунончӣ, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 12 ноябри соли 2015 дар мулоқот бо Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки оянда миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Карочӣ ва Кветтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ кушода шаванд. Умед мекунем, ки ифтитоҳи хатсайри Душанбе — Лоҳур ба густаришу таҳкими робитаҳои тиҷоративу фарҳангии Тоҷикистону Покистон мусоидат мекунад.

Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эъҷоз Хон иттилоъ дод, ки парвоз ба шаҳри Лоҳур ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ шуда, давомнокии парвоз 1 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси ширкати «Сомон Эйр» 20 нафар рӯзноманигори нашрияҳои гуногун ва шабакаҳои телевизионӣ дар ҳайати мусофирони нахустин ба шаҳри Лоҳури Покистон рафтанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Аллома Иқболи шаҳри Лоҳур маросими истиқболи нахустин мусофирони хатсайр баргузор гардид. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов ифтитоҳи ин хатсайрро қадами устувори дигар дар густариши робитаҳои Тоҷикистону Покистон номида, изҳори боварӣ кард, ки ин иқдом ба пешрафти туризм, ҷалби сармоя, рушди тиҷорат ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари бародар мусоидат хоҳад кард.

Рӯзноманигорони тоҷик тайи се рӯз бо ҷойҳои таърихии Лоҳур, ба монанди хиёбони Молл (ёдгориҳои даврони мустамликадорони англисҳо) Лоҳури қадима, Ҳаммоми Вазир Хон (1632), Масҷиди Вазир Хон (1639), Донишгоҳи Панҷоб (1882), Коллеҷи давлатӣ (1864), Манораи Покистон (1960), мақбараи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва ғайра ошно шуданд.

Лоҳур баъди Карочӣ дуюмин шаҳри сераҳолии Покистон буда, аз ҳама зиёд сайёҳон ба он ҷо мераванд.

Муовини вазири иттилооти музофоти Панҷоб Амир Малик дар мулоқот бо рӯзноманигорони тоҷик иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистону Покистон забон, мазҳаб ва расму анъанаҳои наздик доранд. Ӯ изҳори умед намуд, ки рӯзноманигорони тоҷик фирефтаи иғвою фитнаҳои бадхоҳони Покистон нашуда, мушоҳидаҳои хешро холисона рӯи сафҳа меоранд.

Ба гуфти соҳибкори покистонӣ Шайх Ҳошим Мунир, ифтитоҳи хатсайри Душанбе –Лоҳур мушкилии соҳибкорони тоҷику покистониро осон кард. То ин дам онҳо барои ба кишварҳои ҳамдигар рафтан тавассути кишвари дигар сафар мекарданд, ки пулу вақти зиёд (қариб 24 соат) сарф мешуд. Дар маҷмӯъ, ба роҳ мондани хатсайри нав ду бародаршаҳрро наздиктар кард.

 С. Суннатӣ, Душанбе- Лоҳур — Душанбе