Хироҷ моҳиятан маблағи хизматрасонист, на чизи дигар

№51 (4001) 07.05.2019

azerbaydzhan16527Чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро қабул карданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи қонун вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор иброз дошт, ки «Дар лоиҳаи санади мазкур муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми сафари хориҷӣ ва аз сайёҳони хориҷӣ дар доираи бастаҳои сайёҳӣ, инчунин аз сайёҳони хориҷӣ барои ҳар як шабонарӯзи хизматрасонии иншооти инфрасохтории сайёҳӣ ва аз шахсони воқеие, ки расмиёти муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба динро доир ба сафари ҳаҷ ва умра анҷом медиҳанд, пешбинӣ гардидааст».

Дар натиҷаи пайгирии масъала маълум гардид, ки ин тарзи кор дар аксар давлатҳои олам, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия, Украина, Федератсияи Россия, Япония, АМА, Ҳиндустон, Нидерландия, Таиланд ва ғайра низ маъмул аст. Муҳим он мебошад, ки кишварҳои зикршуда бо ин васила тавонистанд пояҳои инфрасохтории соҳаро мустаҳкам намуда, дар бозори сайёҳии ҷаҳон рақобатпазир гарданд.

Барои мисол, дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон чунин хироҷ хеле пеш — моҳи октябри соли 2012 ҷорӣ шуда, то соли 2017 ду доллари ИМА барои як рӯзро ташкил медод. Баъдтар ин нишондиҳанда дар робита ба ҳадди ақали музди меҳнат – 10 фоиз аз ҳаҷми умумӣ муқаррар шуд. Дар Австрия сайёҳ муваззаф аст, ки барои боздид аз ин кишвар аз 1 то 2,5 евро иловатан пардохт кунад.

Ҷолиб он аст, ки дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, кишварҳои Аврупо, ҳаҷми хироҷ на танҳо аз шаҳр, балки аз маъруфияти меҳмонхона ва минтақаи сайру тамошо низ вобастагӣ дорад. Дар Миср ин нишондиҳанда 7 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ҳар нафари ба кишвар воридгашта уҳдадор аст онро пардохт кунад. Ин намуди пардохт дар Дубай (аз 1,9 то 5,5 доллари ИМА), дар Ҳиндустон (баробар ба 5,15 фоизи арзиши иқомат дар меҳмонхона), дар ҷазираҳои Малдив (8 доллари амрикоӣ) низ ҷорист. Маблағи ҷамъоваришуда аз ин ҳисоб барои рушди соҳа истифода мешавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон саҳми соҳаи туризм дар маҷмӯи маҳсулоти глобалии олам зиёда аз 10 фоизро ташкил дода, тибқи пешгӯйиҳо солҳои минбаъда афзоиш хоҳад ёфт. Муҳим он аст, ки соҳаи мазкур дар миқёси олам аз 10 нафар як касро бо ҷойи кор таъмин менамояд.

Мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок барои рушди иқтисодиёти миллӣ дар Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба андешаи онҳо, дар замони соҳиб­истиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳот ба амал омад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир аст.

Корҳои дар ин самт амалишуда хеле зиёданд. Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми содакардашудаи дастрас намудани раводид, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон, озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида, пешниҳоди имтиёз барои воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дастгирии Пешвои миллат натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, соли 2018-ум 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, дар маҷмӯъ теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ то ба 160 адад расид. Соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ зиёда аз як миллион (1037,0 ҳазор) нафар шаҳрванди хориҷӣ ҳамчун сайёҳ ташриф оварданд, ки дар қиёс ба соли 2017-ум 607 ҳазор нафар ё 2,4 маротиба зиёд мебошад. Илова бар ин, даромади ширкатҳо соли 2018 нисбат ба ду соли қаблӣ 1,9 маротиба афзуд.

Дар шарҳи иқдоми зикршуда мутахассисон гуфтанд, ки ин кор бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави воридоти ­маблағ ба Буҷети давлатӣ барои рушди инфрасох­тори сайёҳӣ ва истифодаи босамари маблағҳои хизматрасонӣ амалӣ гардид.

Қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки хироҷ моҳиятан маблағи хизматрасонист. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» низ омадааст, ки «Хироҷ ин маб­лағи хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба шахс мебошад». Яъне, ҳуҷҷатгузорӣ ба амал бароварда, кор иҷро ва хироҷ барои он ситонида шудааст. Барои фаҳмотар шудани масъала бояд зикр намуд, ки дар моддаи 632 прим 4 қонуни мазкур тартиби ситонидани хироҷ вобаста ба бастаҳои сайёҳӣ муайян шуда, қисми дуюми он муқаррар кардааст, ки хироҷ мутобиқ ба хизматрасонии ширкат ба мизоҷ ситонида мешавад.

Дар идомаи суҳбат аз фарқият нагузоштани як идда миёни сайёҳ ва меҳмон изҳори нигаронӣ шуда, маҳз ҳамин омил замина барои хулосабарории беасос дар робита ба масъалаи зикршуда арзёбӣ гардид.

Вобаста ба ин, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» иқтибос оварданд, ки тибқи муқаррароти он «турист истифодабарандаи хизмат­расонии сайёҳӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад», таъриф шудааст.

Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки мутобиқи талаботи қонунгузории соҳа сафари сайёҳ иқдоми қаблан тарҳрезишуда буда, аз хатсайр, хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокунӣ, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин, хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизмат­расонии вобаста ба мақсади саёҳат таркиб ёфтааст.

Муҳимтар аз ҳама, захираҳои сайёҳӣ, ки аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва ҷиҳати бақайдгирӣ ва истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристӣ тартиб дода, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад. Дар робита ба масъала, дарки муқаррароти қонунгузорӣ, бобати он ки «истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дохил шудаанд, манъ аст», хеле муҳим ва муфид мебошад.

Илова бар ин, сайёҳон уҳдадоранд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд, нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси, таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, боэҳтиёт муносибат намоянд ва зарару хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти турис­тии қабулкарда ё фиристодаро пурра ҷуброн намоянд.

Тибқи муқаррароти дахлдори қонун, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил», шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — маъюбони гурӯҳҳои 1 ва II, шахсони ноболиғи то шонздаҳсола, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сафарҳои сайёҳии дохилӣ анҷом медиҳанд, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, аз пардохти хироҷи мазкур озоданд.

Дар маҷмӯъ, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» муҳим ва саривақтӣ буда, ба рушди соҳа ва тақвияти инфрасохтор мусоидат менамояд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»