Даъвати баҳории наваскарон

Хизмати Ватан — шараф

№44 (3029) 09.04.2013

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳар ҷавонмарди тоҷикистонӣ шараф мебошад, зеро на ба ҳар мард муяссар мегардад, ки либоси низомӣ ба бар карда, хизмати Ватан-Модарро адо намояд.

Инак, бо Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ оғоз шуд. Дар шаҳри Истаравшан, чун анъана, гусели нахустин гурӯҳи ихтиёриён иборат аз 41 нафар дар назди комиссариати ҳарбии шаҳр, дар майдони «Ғалаба» бо иштироки раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоту кумитаҳои маҳаллаҳо, хонандагони мактабҳо ва падару модарон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷавононро ба муносибати сафарбар шуданашон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ раиси шаҳри Истаравшан, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев, комиссари ҳарбии шаҳр, полковник  Носирҷон Бобоев, раиси Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат Абдуваҳҳоб Қаюмов ва чанд тан аз падару модарон табрик гуфта, ба онҳо дар ин кори пуршараф муваффақият таманно карданд.

Таваҷҷуҳи моро суханронии як тан аз волидон — ҷанговари байналмилал  Фозил Фозилов  ба худ ҷалб кард. Номбурда гуфт, ки ихтиёрӣ фарзанди худро ба хизмати аскарӣ гусел менамояд, зеро хизмат ба Ватан қарзи мардонагии ҳар ҷавонмард аст. Касе, ки ақаллан як бор либоси ҳарбӣ ба бар накардааст, марди комил шуда наметавонад.

- Омӯзгори фанни омодагии ҳарбии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25, деҳаи Кунҷоки деҳоти Нофароҷ мебошам, — гуфт дар суҳбат  мавсуф. -Як писарамро бо ҳамроҳии се нафар ҷавонихтиёриёни деҳаи Кунҷок ба аскарӣ гусел карда истодаам. Хушбахтона, — гуфт ӯ, — солҳои охир дар шаҳру деҳоти Истаравшан сафҳои ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ торафт зиёд мешавад ва ман сабаби асосии  инро дар ҷоннок гардидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, афзоиши ташкили мусобиқаҳои варзишӣ аз тарафи омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ, комиссариати ҳарбӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинам.

- Ман ба ин  ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ камар бастаанд,  чунин муроҷиат дорам: Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст. Шумо худ шоҳиди шукуфонии Тоҷикистони азиз ҳастед. Пас, биёед, бо хизмати содиқона ва софдилона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гулгулшукуфии  мамлакати худ ҳиссагузор бошед. Ин боиси сарбаландии худи шумо ва ифтихори волидайнатон мегардад.

Артиш ин мактаби ҳаёт, мактаби мардонагист. Шумо дар он ҷо ба қадри падару модар, хоҳару бародар ва Ватани зебоятон мерасед. Дӯстони нав пайдо мекунед. Интизом  асоси хизмат дар артиш буда, шумо сарбози боинтизом бошед, амру фармонҳои командирҳоятонро сари вақт иҷро карда, техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаи ба шумо вобасташударо чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоед. Ба савганди ҳарбии худ содиқ бошед. Муваффақияту пирӯзиҳо ҳамеша ёри шумо бошанд!

Ҷоиз ба зикр аст, ки имсол бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ дар ҳама мактабҳои шаҳру деҳоти Истаравшан мусобиқаи «Ватанпарвар» гузаронида шуд. Ин сабаби дар тафаккури хонандагон пайдо шудани эҳсоси ватандорӣ ва дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ гардид.

 

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»