Мушкилот ва пешниҳод

Хоки ватанро аз шусташавӣ ҳифз намоем

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

ЭррозияҲаёт дар асоси чор унсур: обу хоку оташу бод пойдор аст. Дар сураи «Фуссилат» ояти 52 омадааст, ки «Эй одамӣ, он чизеро, ки дар рӯи замин офаридаам, ҳамаро дар зери итоати ту қарор додаам». Мо мардуми саодатмандем, ки дар ҷумҳурӣ 947 дарёву наҳр дорем, ки дарозии камтаринашон зиёда аз  10 километрро ташкил менамояд. Ба ақидаи коршиносони соҳа, аз обе, ки  дар кишвар тавлид мегардад, аз 3 то 5 фоизро истифода мебарему халос.

Ҳар сол баҳорон, дар натиҷаи борон сел ба вуҷуд меояд ва дар маҷрои дарёҳои Лучобу Варзоб, Кофарниҳону Вахш, Сурхобу Ёхсу ва дигар дарёву дарёчаҳо лойқа ҷорӣ мешавад. Соле ин дарёҳо миллионҳо тонна хоки муқаддаси ватанро бурда, дар баҳри Арал таҳшин месозанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон гуфта буданд,ки НБО — и «Роғун» пойдории НБО — и «Норак» — ро садсолаҳо афзун мекунад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Замоне ки қисмати болооби ҳавзаи обанбори Норакро мушоҳида менамудем,  дар  тӯли 2 — 3 километр лойқа ҷорӣ мешуд. 47 сол аст, ки ин лойоб мунтазам аз баландкӯҳ ҷорӣ шуда, сатҳи поёнии обанбори Норакро аз лой пур кардааст.

Шахсони огоҳ медонанд, ки элементҳои кимиёвӣ, аз хок ҳосил мегарданд. Бо оқилона истифода бурдани об мо метавонем, ҳамчунин хоки муқаддаси кишварро аз шусташавӣ эмин дорем.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳу корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли семент, арматурбарориву оҳангудозӣ дорем. Аз ин рӯ, дар ҳар сангоби паҳноиашон 3 — 4 километра аз рӯи илми муосири геодезӣ, пешбанд ва ё платинаҳои баландиашон 6 — 7 метра сохтан зарур аст. Дар ин замина, бо суръати баланд ҷорӣ шудани обро пешгирӣ менамоем. Ба ғайр аз ин, имкон пайдо мекунем, ки дар заминаи ҳар пешбанди сохта неругоҳҳои барқи обии хурд, бунёд намоем. Ҳамчунин, имкон фароҳам мешавад, ки ба воситаи насосҳои замонавӣ соҳили рӯдҳоро обёрӣ ва дар онҳо кишти  чойро ба роҳ монем, ки талабот ба он хеле зиёд аст.  Илова бар ин, имкон аст, кишти шолиро роҳандозӣ намоем. Дар он маврид биринҷи ватанӣ, нисбат ба биринҷҳои Краснодару Тайланду Покистону оқпари Ӯзбекистон арзон мегардад. Дар миёни  мардуми турк­нажод мақоле ҳаст, ки: «Аз пулат як танга монад, палав хӯр, зи рӯзат як рӯзат монад, палав хӯр».

Тоҷикистон сарзамини камзамин аст. Умед фақат  ба олимони соҳаи заминсозиву фарзандони бомаърифати диёр мебошад, ки роҳҳои истифодаи оқилонаи обу заминро ба мардум фаҳмонанд. Таҷриба шудааст, ки мардуми қисмати ғарбии ноҳияи Восеъ  дар сангобҳо,  бо паҳноии 100 – 150 метр аз санг пешбанд месозанду аз лойқаи овардаи сел барои кишти шоливу пиёз замини корам ҳосил мекунанд. Соли оянда сел ҳамон қитъаи заминро шуста бурда, ҳаволаи баҳри Арал месозад, ки бисёр аламовар аст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло олимону дастандаркоронро мебояд аз таҷрибаи гузаштагон ибрат гирифта, дар асоси илми геодезия  барномае таҳия намуда, хоки ватанро аз шусташавӣ эмин доранд.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,

ноҳияи Восеъ