Ташаббус

Хонае, ки 85 фоиз аз партов аст

№150 (3787) 19.12.2017

ё чаро бархе аз омӯзгорон ташаббускор нестанд?

Партов ва масолеҳи истифодашуда, ба мисли шиша, пластика ва фанер метавонанд ашёи арзону дастрас барои сохтмони бинои хуштарҳ гарданд. Бо дарназардошти зиёд будани миқдори партов дар ҷаҳон, бунёди биноҳо аз партов метавонад ба як самти алоҳида дар соҳаи сохтмон табдил ёбад. Бо мақсади исботи ин гуфтаҳо як гурӯҳ донишҷӯён дар Британияи Кабир хонае сохтанд, ки 85 дарсади он аз партов, ба монанди видеокассета, диск ва ҳатто шёткаи дандоншӯӣ иборат аст.

Хонаи аз партов сохташуда дар ҳудуди Донишгоҳи Брайтон воқеъ буда, ба факултети санъат мутааллиқ мебошад. Тарҳи онро устодони факултети мазкур ва меъмор Дуккан Бэйкер тартиб додаанд.

Барои таҳкурсии бино масолеҳи аз бухории корхонаҳо ихроҷшуда истифода гардид. «Хишт»- ҳои бино аз блокҳои дар дарунашон 20000 шёткаи куҳнаи дандоншӯӣ, ҳазорон диски пластикӣ, DVD — кейсҳо ва ҳатто 2 тонна пораи матои ҷинс иборат буд. Як девори биноро, аз 10 тонна оҳаки майдакардашудаи иморати вайрона бунёд карданд. Ҳатто мебели дохили иморатро донишҷӯён аз партов сохтанд.

Эъмори иморати мазкур аз лоиҳакашӣ то ба истифода додан як солро дар бар гирифт. Дар сохтмони он бо навбат 250 донишҷӯи факултетҳои гуногуни донишгоҳ ихтиёрӣ ширкат варзиданд. Ҳоло бино ба «лабораторияи зинда» табдил ёфта, устодону донишҷӯён идеяҳои навро дар он тарҳрезӣ менамоянд. Дар он иморат семинару чорабиниҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва тарғиби манбаъҳои барқароршавандаи энергия баргузор мегарданд.

Иморат тавассути таҷҳизоти офтобӣ бо барқ таъмин шуда, оби он ба воситаи коллекторҳои офтобӣ гарм мешавад.

Дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ факултетҳои сохтмону меъморӣ амал мекунанд. Ҳар сол иморатҳои куҳнаи зиёде ба хотири бунёди биноҳои баландошёнаи замонавӣ вайрон карда мешаванд. Хулоса, гирду атроф пур аз партовҳои сохтмонбоб аст. Агар омӯзгорони факултетҳои сохтмон, экология ва энергетикаи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тарҳи хонаҳои экологиро тартиб дода, ба созмонҳои кумак­расон, аз қабили USAID, JICA, GIZ ва Барномаи рушди СММ (UNDP) пешниҳод кунанд, боварӣ дорем, ки ташаббуси онҳо дастгирӣ меёбад. Ташкилоти байналмилалии зиёде ҳастанд, ки хонаҳои экологиро бо таҷҳизоти офтобӣ муҷаҳҳаз месозанд.

Қобили зикр аст, ки иморатҳоро дар ягон деҳоти ба пойтахт наздик сохта, ҳамчун маркази илмӣ — таҷрибавӣ ва ё маркази ҳунаромӯзии наврасон истифода бурдан мумкин аст. Кӣ ташаббускори аввалин мешавад? Инро, албатта, вақт нишон хоҳад дод.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»