Хотираҳои ширин аз айёми пешин

№134(3435) 09.10.2015

Хамадониии

- Мақсади ман, писарам, ин муаррифӣ кардани шоирону мутафаккирони марбути Кӯлоб аст. Дар маркази шаҳр мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад. Мехоҳам, ки шогирди кафедраи мо мавзӯи кори дипломии худро ба ҳамин мутафаккир бахшад. Устод Шарифҷон Ҳусейнзода дар идома пурсон шуданд, ки дар хусуси ҳаёту фаъолияти ин мард то кадом андоза маълумот дорам. Ба ростӣ хомӯш мондам, зеро бори аввал ному насаби Ҳазрати Амирҷонро аз забони устод шунидам.

Устод асрори хомӯшиамро дарҳол пай бурда, маслиҳат доданд: — Писарам, медонистам, ки намедонед ва акнун шумо ба сифати шогирди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (соли1980) вазифадор ҳастед, ки пайи омӯзиши зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  камар баста, мавзӯи кори дипломиатонро ба ҳамин шахсият бахшед.

Он вақт бо устод Ш. Ҳусейнзода сари баҳс шудан кори саҳл набуд, зеро дар баробари доштани  ҳама гуна меҳрубониҳо, хеле ҷиддию масъулиятнок ва сахтгиру серталаб буданд.

Пас аз чанде ба шаҳри Кӯлоб омада, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадониро  зиёрат кардам. Дар ин сафар бо  хизматгузорони мақбара ва чанд тан аз донандагони таърихи он ҳамсуҳбат шудам. Ҳамин тариқ, ҷустуҷӯи зиндагиномаи мутафаккир бароям оғоз гардид. Аввалин таҳқиқгаре, ки ба омӯзиши ҳолнома ва маҳсули эҷодии ӯ рӯ овардааст, ин корманди ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳирхӯҷа Султонов мебошанд. Мавсуф панҷ сол қабл аз ин,  яъне соли 1975, дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори ҳазрати Амирҷон»  китобчаеро рӯи чоп овардааст, ки ба таври мухтасар аз ҳаёт ва эҷодиёташ нақл мекунад. Баъдан зарурат пеш омад, ки беш аз як сол вақтҳои фориғ аз таҳсилро дар варақгардон кардани тазкираҳои ба таърихи адабиёти тоҷику форс бахшидашуда, ки дар шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ нигаҳдорӣ мешуданд, пушти сар намоям. Маълумотҳои аз ин тазкираҳо бадастомада аслан аз таҷассуми ҳаёт ва эҷодиёти мухтасари мутафаккир иборат буданду халос, ки муҳаққиқ М. Султонов низ дар таълифи китобчаи  пураҳамияти худ маҳз ҳамин сарчашмаҳоро мавриди истифодаи васеъ қарор дода буданд. Маълумотҳои бадастомада барои анҷоми рисолаи дипломӣ кифоя набуданд.

Бо тавсияи роҳбари рисола шодравон Султон Воҳидов муддате дар китобхонаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи ҷустуҷӯ шудам. Мутаассифона, ба ғайр аз маълумотҳои дар ихтиёрдоштаи хеш маълумоти тозаеро пайдо карда натавонистам. Он вақт ҳадафи ниҳоӣ дастрас намудани намунае  аз осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бахусус ҳамон асари машҳураш «Захират-ул-мулук» буд. Аз як нафар корманди институти мазкур огаҳӣ ёфтам, ки «Захират-ул-мулук» дар китобхонаи Институти шарқшиносии Тошканд маҳфуз аст. Роҳбари рисола, ки табиатан хеле марди дилсӯз буданд, шояд ба хотири ташвиш ва пеш омадани душвориҳои иловагӣ, сафари Тошкандро ҷоиз надониста, тавсия доданд, ки мавзӯи аввали кори курсиамро барои ҳимояи рисолаи дипломӣ омода намоям ва дилпурона таъкид карданд, ки устодро аз ин қарор воқиф сохта,  розӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, достони «Баҳроми Гӯр» ва таҳлили баъзе ҳикояҳои он дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мавриди ҳимоя қарор гирифту маводҳои гирдовардаам дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то соли 1985 дар хазинаи эҷодӣ маҳфузу беҳаракат монд. Маҳз дар ҳамин вақт ба  қароре омадам, ки ба муносибати 670- солагии мутафаккир, маводҳои бо ранҷ ҷамъовардаи хешро манзури хонандагон намоям. Ба ростӣ, дар он замон таҷлили чунин рӯзу санаҳо дар андешаи касе ҳам пайдо намешуд. Ниятамро ба Карим Давлат, ки муҳарририи рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъро ба уҳда дошт, иброз намудам. Он кас маслиҳатомез гуфтанд:

- Усули навишту чопашро фикр кардан лозим, то баъзе хонандаҳои каҷфаҳм дигар хел гумон накунанд.

Ба ҳамин хотир зери рубрикаи «Пурсед, ҷавоб медиҳем» мақолаи калонҳаҷме зери унвони «Донишманду шоири ҷаҳонгашта» чоп шуд. Лаҳзае, ки рӯзнома барои чоп имзо мешуд, маро Карим Давлат даъват карда, ошуфтаҳол гуфтанд: -Темуршоҳ, мабодо баъди чопи мақола ташвишамон  зиёд шавад! Ба ҳар ҳол эҳтиёт хуб аст, биё мақоларо зери рубрикаи «Дар мавзӯи атеистӣ» чоп мекунем! Гумон дорам, ки бо истифода аз ин рубрика, дигар  касе ба мо эрод намегирад. Ман розӣ шудам ва муҳаррир ба чопи шумораи навбатии рӯзнома, ки он ба 13-уми марти соли 1986 рост меомад, имзо гузошт.

Баъди чопи мақола дар шумораи оянда қисмати ками хонандаҳои рӯзнома, ба амсоли чанд нафар аз кормандони кумитаи ҳизбии ноҳия ва баъзе аз ҳамкасбони берунаи коммунистамон, дигар ҳама дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандию сипос намуданд.Эроду хӯрдагирии ин қабил ашхос аслан мазмуни зайлро дошт:

- Магар мавзӯъ кам аст, ки рӯ ба муллоҳову шаҳидҳо овардаед?

Нафарони ба таъриху адабиёт наздики ин гурӯҳ бошад, аз муаллиф сарчашмаҳои истифодашударо пурсон мешуданд. Воқеан, вазъи мавҷудаи он ҷомеаро фаҳмидан мумкин буд, зеро мо — фарзандонаш, қабл аз ҳама, дар рӯҳияи бунёди ҷомеаи афсонавие бо номи «коммунизм» тарбияву камол меёфтем. Дар бораи мақбараву ҷойҳои муқаддас ва ашхоси мадфуншуда навиштан чандон роиҷ набуд.

Акнун шукри соҳибистиқлолии кишвар мекунем, ки мардуми сарбаланди он ба озодии комил расид. Дигар ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Маҳз самараи Истиқлолият ва Сарвари хирадманди он Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 1994, сарфи назар аз кашмакашию ҷангҳои дохилӣ, 680 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуд. Ин маърака аз ҷумлаи аввалин ҷашнҳое маҳсуб меёфт, ки онро Ҳукумати кишвар мавриди истиқбол қарор дод.

Муаллифи ин сатрҳо  сарфарозию хушнудӣ  аз он мекунад, ки 30 сол қабл ба сифати як тан аз қаламкашони  минтақа сокинони маърифатпарвари онро андаке ҳам бошад, ба ҷараёни зиндагӣ ва маҳсули эҷодии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ошно намуда буд. Мақолаи мазкур бо  сатрҳои ифтихоромези зайл ба анҷом мерасид, ки  то ҳол аҳамияти худро гум накардааст: «Мо ифтихор мекунем, ки дар маркази шаҳри бостониамон — Кӯлоб оромгоҳи намоёнтарин донишманду адиби ҷаҳонгашта Амири Ҳамадонӣ қарор дорад.Ин ҳам боиси ифтихор аст, ки туфайли ин марди хирадманд, мақбарае ҳамчун ёдгории таърихии асри ХIV то ба имрӯз боқӣ мондааст.».

Сокинони меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб 700-солагии ин донишманди ҷаҳонгашта ва 70 — солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ботантана ҷашн гирифтанд, ки дар таҷлили онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ва даҳҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»