Худхоҳӣ беморист, аз он дурӣ бояд ҷуст

№83 (4033) 11.07.2019

Яке аз камбудиҳои рӯзгор аст, ки чизеро ки медонем, аз рӯи он амал намекунем. Медонем, ки худхоҳӣ хуб нест, инсон набояд доим «ман… ман…» гӯяд, вале… Ҳар кӣ ба ин дард гирифтор шудаву матлубашро дар торикиҳои «эго» меҷӯяд, ба ҷое намерасад.

Худхоҳӣ аз он ҷиҳат ҳам бад аст, ки инсонро тадриҷан аз шинохти лутфу инояти Офаридгор ва дарки неъматҳо дур намуда, ба хасис табдил медиҳад. Кас надониста ба худпарастӣ мегузарад ва мехоҳад, ки ҳама кор ба нафъи вай бошад. Пайваста «ман» «ман кардам, ман дидам, ман бурдам, ман овардам…» мегӯяд. Кор ҳатто ба он ҷо ҳам мерасад, ки муваффақият ва амалҳои хуби дигаронро ба номи худ сабт кардан мехоҳад.

Худхоҳиро сифати шайтонӣ ном бурда, таъкид мекунанд, ки ҳар кӣ ба он гирифтор аст, оқибат рафиқи шайтон мегардад.

Илова бар ин, худхоҳ мехоҳад дар ҳар маҳфил васфи ӯро кунанд, аз хусуси вай ҳарф зананд, кору пайкори ӯро ҳамду сано хонанд. Ин қабил одамонро аз ҳар ҳарфу ҳиҷояшон манманиҳо мерезад, ҳар як баёнашон худситоист, ҳар амалашон як навъ азхудкунист, хоксориву тавозуашон бошад ё риёст ва ё нақшае барои худро ба дигарон хоксору фурӯтан нишон додан.

Миёни худхоҳиву фурӯтанӣ ҳамеша зиддият вуҷуд дорад. Чунон ки бо бештар шудани рӯшноӣ, зулмот аз байн меравад, бо пеш гирифтани фурӯтанӣ ва хайрхоҳӣ нисбат ба дигарон барои худхоҳӣ дар ҳаёти мо ҷой намемонад. Пас месазад ҳамвора кӯшиш кунем, то ин беморӣ аз мо дур бошад.

Маҳмудҷон Усмон, «Садои мардум»