Худнамоӣ ба қимати 5500 сомонӣ

№34 (3984) 30.03.2019

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои аз байн бурдани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораву тадбири зиёд андешиданд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ поён рафта, зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби сокинони мамлакат гарму ҷӯшон пазируфта шуд, аз ҷумлаи он  тадбирҳост. Қонуни мазкур на танҳо дар пастшавии сатҳи камбизоатӣ, балки таъмини зиндагии шоистаи мардум  ва ривоҷи созандагиву бунёдкорӣ низ нақши муҳим гузошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар дар бораи манфиати қонун ва саҳми модарон дар иҷрои муқаррароти он таъкид карданд, ки:

«Аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд».

Мутаассифона, дар ҷомеа ҳанӯз ҳам ашхосе пайдо мешаванд, ки ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд ва маъракаҳои дар асоси қонун манъшударо мегузаронанд.

Масалан, моҳи феврали соли равон Суди ноҳияи Рашт дар бинои Ҷамоати деҳоти «Қалъанак» ҷаласаи судии сайёр баргузор намуд, ки дар он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Қурбонова Шарафнисо Шодиевна, соли таваллудаш 1976, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, сокини деҳаи Ялдамич, соҳиби чор фарзанд ва муваққатан бекор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Прокуратураи ноҳияи Рашт муайян намудааст, ки Қурбонова Шарафнисо Шодиевна муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро риоя накарда, 19 январи соли 2019 дар манзили истиқоматиаш, қабл аз оғози тӯйи арӯсии духтараш Қурбонова Манижа Нуриддиновна, ғайриқонунӣ маъракаи сарупобинон бо оростани дастурхон ва даъвати 50 хешу табор ва ҳамсояҳо барпо намудааст. Қурбонова Шарафнисо дар мурофиаи судӣ ба кирдори содиркардааш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ карда, узр хост, аммо беҳтар мебуд, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедоду худро дар ҳолати ногувор намемонд.

Судяи Суди ноҳияи Рашт А. Холиқзода баъди муҳокимаи масъала Ш. Қурбоноваро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гунаҳкор дониста, ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 сомонӣ, ҷарима таъин намуд. Ин аст оқибати риоя  накардани қонунгузорӣ. Афсӯс, ҳол он ки Шарафнисо Қурбонова  метавонист ба ҷойи худнамоӣ маблағи барои зиёфат ва ҷарима сарфнамудаашро барои тарбияи  се фарзанди ноболиғаш сарф намояд ё каму кости зиндагиашро дуруст кунад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»