Худнамоӣ фарзанди ҷаҳл аст

№51 (4001) 07.05.2019

thinking__by_darkangelp26Дунболи мушкилоти зиндагӣ гашта, аз тарбияи фарзандон фарсахҳо дур мондаем. Нисбат ба тақдиру ояндаи онҳо бефарқ шудаем. «Худо худашонро инсоф диҳад!» — гуфта, хотирҷамъ мегардем, ки иштибоҳи маҳз аст. Онҳо аз чунин беэътиноиҳо истифода мебаранд. Дар ниҳояти кор аз кор гузаштан, сар ба девор мезанему аз пастии иқболу пешонаи шӯр нолон мешавем. Андеша намекунем, ки беназорат мондани фарзандон оғози ҳама бадбахтист.

Алҳол тарбияву назорати духтар аз писар ва писар аз духтар мушкил аст. Ҳар ду ҳам дар бозори «сиёҳ» харидори зиёд доранд. Ба фарзандон ба ҷои ҳидоят ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, либосҳои қиматбаҳо, ороишот ва чорчархаҳои хориҷӣ пешкаш менамоем. «Бигузор дар сояи давлати падар аз хушиҳои ҷавонӣ баҳра барад. Фардо, ки зиндагӣ ба сараш зад, илоҷе мекунад!», — мегӯем.

Натиҷаи ҳамин аст, ки гаштугузори аксари духтарон ва тарзи либоспӯшии онҳоро дида, ҳуш аз сари кас мепарад. Дар муқобили ин ҳама шумораи занону духтарони дарбадару идора ба идора, сарсону саргардонро дида, кас ба андеша меравад. Аз бисёр ҷавонписарони донишҷӯ вақте пурсон мешавед, ки донишгоҳро хатм карда, пас чӣ кор мекунед, ҷавоб чунин медиҳанд: «Россия меравем!». Ин ҳақиқати талх магар меваи турши ҳамон рафтору кирдорҳои ноҷо нест? Умуман, одами беҳунар, бефаросат ба кӣ лозим? Гузашт он давре, ки духтарону занҳо умед ба шавҳар мекарданд.

Ба дигар маънӣ, «Ба умеди Худо нашаву буттаро дор», — мегӯянд. Ҷавонон, бахусус, духтарони тоҷикро, ба имтиҳони зиндагӣ омода бояд сохт. Имтиҳони зиндагӣ имтиҳони мактабӣ нест. Эҳтимол, ҷавонӣ ба дарки ин маънӣ имконият надиҳад. Бо либосҳои аз ҳад зиёд танг ва нимдошт пайкарро нишон дода гаштан чӣ суд бошад?

Ба ҷои ин корҳо аз пайи донишомӯзӣ шавем, соҳиби касбу ҳунаре гардем, чӣ бадие дошта метавонад? Шахси бофаросат метавонад бо хонаву дари обод, оилаи хушбахт, фарзандони солеҳ, ҳунару заҳмати ҳалол ифтихор кунад. Аз халқ неку бад пинҳон намемонад. Яъне, беҳтарин бартарият ақлу тамиз аст, на қасрҳои пурдабдаба, зару зевар ва амсоли он.

Рӯзе аз гузаргоҳи зеризаминии нимторик гузашта, бо зани шиносе, ки дӯконча доштаасту майда-чӯйда савдо мекард, рӯ ба рӯ омадам. Бечора ҳасрат кард: «Шумо — журналистон ба куҷо нигоҳ мекунед? Як бор аз ҳоли зори мо наменависед? Муддати зиёд мешавад, ки қувваи барқамонро қатъ намудаанд. Илоҷе карда, ба дӯкон сим кашида овардам, ки ба гузаргоҳ басанда нест. Мо дар ҳасрати харидорем, вале онҳо аз торикӣ ваҳм ё фикр мекунанд, ки гузаргоҳ бастааст.

Аз ноилоҷӣ кор мекунам. Дигар чӣ кор ҳам кунам? Маоши шавҳарам ба чизе намерасад. Хӯрондану пӯшондани фарзандон ба гарданам бор. Ҳамчунин, як донишҷӯ дорем. Ҳамчун модар нисбат ба тақдири ояндаи фарзандҳо азоби сахтро ба гардан гирифтаам. Аламовараш боз он аст, ки писари мактабхонам зери таъсири кадом як «мусулмон» — и навбаромад монда, боисрор талаб мекунад, ки «сатр пӯшам». Ҳол он ки то ҳол ғайри либосҳои миллии тоҷикӣ либосе ба бар накардаам. Гӯё халқ намедониста бошад, ки бисёре аз сатрпӯшон чӣ рафтор доранд. Ман шахсан аз чунин озодии зан ва азоби миёншикан безорам. Магар аз саҳар то шом рӯи бетони хунук, дар муҳити торику ваҳмангез ва намноку барҳаво истодан ҳавас аст? Наход ин қадар ҷабр ба зан мусулмонӣ бошад? Ҳол он ки дар сурати будани шароит вазифаи занӣ, модариро дар рӯзгор адо кунам, беҳтар нест?!».

Дар яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ чанд сол пеш навтоҷике, ки бар асари бесоҳибиҳо, аз ҳисоби халқу давлат якбора соҳибмансаб гардид, иттифоқо бо садри идораи дигар ба суҳбати рӯзи душанбегии раиси ноҳия дертар ҳозир мегарданд. Навтоҷикро ҳамааш тиллоӣ буд, ба ҷуз худаш. Аз афташ ба дандонҳои тиллоӣ қонеъ нагардида, ба гарданаш занҷираи тиллоӣ овезон буд. Илова бар ин, дар банди дасташ занҷираи ҳалқаҳояш калон-калони тиллоиро чун дастпона овехта мегашт. Баъди дарро тақ-тақ карда даромадан, раиси ноҳия ба сардори идора мегӯяд:

- Фалонӣ, ба омадан-ку омадӣ. Ин саги занҷирбандро барои чӣ ҳамроҳ овардӣ?..

Кинояшуда ҳам баробари аҳли толор завқ бурда хандид…

Дар нишасти матбуотие, ки ба масъалаи дастгирии аъзои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, алалхусус, оилаҳое, ки бинобар фаромӯш шудан аз тарафи саробонашон байни аъроф монда буданд, иштирок доштам. Сухан ба яке аз масъулон, ки шастсола буд, дода шуд. Вай бо тугмаҳои қимати остинҳои курта ва ангуштарини дасташ аз ҳама нишастагон фарқ мекард. Дар ваҷоҳаташ як навъ ғурур, худнамоишдиҳӣ ба мушоҳида мерасид. Ӯ дар идораи масъуле, ки ташкилоти хайриявии хориҷие барои оилаҳои бенавою бесаробонмонда маблағгузорӣ менамуд, кор мекардааст. Оё чунин шахси худнамою худпараст ғами бечораеро хӯрда, вазифаи худро беғаразона иҷро менамояд? Магар дар ҷомеаи мо чунин зотҳо каманд? Онҳо аз хӯрдани ҳаққи беваю бечорае рӯй намегардонанд. Чӣ кунем, ки ба ҳамин монанд дардҳои ҷомеа кам нестанд.

Бо чунин тарзи муносибат мо киро фиреб дода, ба куҷо мерасида бошем? Барои нафс, даромади муфт, савлату шукӯҳ аз ҳама восита истифода мебарем. Аз гӯру қиёмат, азоби охират, бебақоии моли дунё бо шавқу ҳаяҷон сухан мегӯем ва намеандешем, ки хусусан, насли ҷавонро ба гумроҳӣ мебарем. Одамизод бо хоҳишу ихтиёр ба дунё намеояду аз он намеравад. Модоме ин ҳама бо хости Офаридгор аст, пас дунёбезорӣ, ташвиқи он ба кадом хотир аст? Чаро онҳое, ки ташвиқгари ғояҳои дунёбезорианд, сахт ба дунё часпидаанд? Оқилон «марг мушкил, зиндагӣ мушкилтар аст» гуфтаанд. Аз меҳнати ҳалол, истеҳсолу ихтироъкорӣ дур шуда, махсусан, мамлакатро заифу миллатро ба қафо бурдан дорем. Ҳамаро метавон фиреб дод. Эй онҳое, ки худро мусулмон, ҳомии ислом меҳисобед, бигӯед, ки оё Худои ҳамабину ҳамадон, Худои ломаконро фиреб додан метавон?

Кошифони нақлиёти нав ба нави хориҷӣ, телефонҳои ҳамроҳу компютерҳо он қадар ман-маниҳо намекунанд, ки мо. Имрӯз ҳатто гадоҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ мошини сабукрави хориҷӣ доранд. Доштани телефони мобилӣ бошад, барои касе ҷои ҳайрат надорад. Оё мошинҳои хӯранда, ҳамаи моро хӯронда метавониста бошанд? То ба кай мо мунтазири ихтирои дигарон, ба умеди дигарон мешуда бошем? Бо чунин фаҳмиш ба кадомин насли миллати тоҷик муяссар мегардида бошад, ки бо кашфиёте аҳли ҷаҳонро ба ҳайрат оварад? Албатта, дар ин мавзӯъ баҳсҳо беохиранд. Кайҳо вақти ҷиддӣ ба андеша рафтан расидааст. Агар нисбат ба тақдири миллату Ватани хеш бетафовут набошем. Ба ҷои дини мубини исломро тафриқа андохтан, аз номи ислом ҷаҳлу таассубро паҳн кардан, «тан ба кор бояд доду дил ба ёр».

Инак, боз Моҳи шарифи Рамазон омад. Боре нашудааст, ки дар ин давра нарху наво дар бозорҳо андаке паст шуда бошад. Баръакс, ба аксарияти савдогарони зоҳирмусулмон мавсими судситонӣ фаро мерасад. Дар бозорҳои ҷумҳурӣ аҳён-аҳён савдогароне ба чашм мерасанд, ки ғайримусулмон бошанд. Болои сарашон «муштарӣ, дод мазан, нася ҳаром аст ин ҷо» -ро овехта метавонанд, вале аз хусуси беинсофию бедиёнатии худашон фармудаеро ёдрас намегарданд. Бисёриҳо онҳоро «мулло», «эшон», «ҳоҷӣ» ном мегиранд. Аз рӯи кадом қонуну қоидаи шариат моли ду-се моҳ пеш аз Рамазон овардаро бо нархи даҳчанд фурӯхтан ҷоиз бошад? Ин ҳама магар ба хотири ҳар чӣ бештар ба сарвату моли дунё соҳиб шудан нест? Талошҳои бартарияти худро аз дигарон нишон додан нест?

Агар «ҳа!», пас биёед мусулмониро ба ҳоли худаш гузорем. Номи Худову расулро воситаи фиреби хосу ом нагардонем. Агарчӣ «дуздию ғарӣ пушти саргини хар» гуфтаанд. Маърифати баланд, фарҳанги баланд, покии даст, дилу забон ин аст аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Дурӯғгӯй, фитнагар, риёкор ва амсоли инҳо душмани Худоянд. Худнамоӣ бошад, фарзанди ҷаҳл асту дар ҳеҷ мавриде қобили қабул нест. Ба қавли Бедили бузургвор:

Чист иқбол? Пешбин будан,

Осмон доштан, замин будан.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»