Иҷтимоигароии сиёсии насли наврас. Вазъ ва паёмадҳо

№74 (3868) 14.06.2018

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти калонсолон, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар ҳама давру замон, хусусан дар марҳилаи кунунии вазъи пурихтилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки хатари аз байн рафтани ваҳдату ҳамгироӣ моҳияти аслии тамад­дунҳо ва арзишҳои волотарини умумибашарӣ (ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, сулҳу осоиштагӣ, амнияти давлату соҳибистиқлолии миллӣ ва ғайраҳо) ба миён омадааст, таҳкиму такмили иҷтимоигароии сиёсии насли наврас масъалаи мубрами рӯз, вазифаи муҳимтарини аҳли зиё ва давлат гардидааст.

Иҷтимоигароии насли наврас бевосита аз фарҳанги сиёсии халқу миллатҳо ғизо мегирад ва сифату самаранокии он аз сатҳи маърифатнокии сиёсиву ҳуқуқии волидайн, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, омодагӣ ва устувории ниҳодҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, нухбагон ва сарварони сиёсӣ зич вобаста аст. Фарҳанги сиёсӣ маҷмӯи тасаввурот, арзишҳо, таҷрибаву малака ва иштироки фардҳои алоҳида дар идоракунии давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне, инсон ҳамчун узви ҷомеа раванди иҷтимоигароиро на фақат дар муҳити иҷтимоӣ-маданӣ, балки дар муҳити сиёсию иҷтимоӣ мегузарад. Ҳамон тавре ки мутафаккири Юнони қадим Перикл таъкид намуда буд: «Фақат баъзеҳо метавонанд сиёсатро эҷод намоянд, вале ҳама метавонанд онро муҳокима кунанд».

Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ дар ин ё он шакл ҳар як шахсро фаро мегирад.

Табиист, ки иҷтимоигароии шахс аз кӯдакӣ дар оила таҳти назорат ва бо кумаки аҳли оила ибтидо мегирад. Сифату самаранокии он бештар аз муносибати атфол ба дастуру нишондодҳои волидайн, баҳогузории воқеӣ аз ҷониби онҳо ба сохти иҷтимоию сиёсии ҷомеа, ба фаъолияти сарварони давлат ва дигар масъулини давлатӣ зич вобаста аст. Алалхусус, фаъо­лияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мустаҳкам намудани ­эътимод ба ин ниҳод аҳамияти хоса дорад.

Маҳз оила атфолро ба арзишҳои ахлоқӣ — иҷтимоӣ, динӣ ва сиёсӣ шинос мекунад. Ин марҳилаи сиёсигардонии атфол ва ташаккули нахустин тасаввуроти сиёсӣ дар шуури онҳо мебошад.

Марҳилаи дуюми иҷтимоигароии сиёсии атфол дар муассисаҳои томактабии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҳатман дар асоси нақшаву барномаҳои муайяни аз ҷониби мутасаддиён тартибдодашуда бояд идома дода шавад.

Иҷтимоигароии атфол дар ин муассисаҳо марҳилаи муҳиму нави равонӣ (психологӣ), иҷтимоию фарҳангии ба сиёсат дохил гардидан, аз доираи таъсири волидайн ва бародарону хоҳарони калонсоли мактабхон, ки аз болои ӯ назорат мекарданд, баромада, ба муҳити дигари иҷтимоӣ — фарҳангӣ дохил шуданро дар бар мегирад. Дар ин муҳит атфол бо одамони ношинос, ки бо ӯ на аз лиҳози хешутаборӣ, балки аз рӯи талаботи якхелаву ҳатмии низоми иҷтимоии ҳукмрон муносибат мекунанд, рӯ ба рӯ гардида, ба маҷрои нави муносибатҳои иҷтимоӣ — сиёсӣ ва фарҳангии бонизому мақсаднок ворид мегардад.

Атфол дар шахсияти роҳбарон, сарпарастон ва алалхусус онҳое, ки дар беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии муассисаи мазкур ғамхорӣ зоҳир мекунанд, дастгирӣ ва қудратмандии давлатро мебинанд. Чунин муносибат дар қалби поки атфол нисбат ба давлат дилгармию меҳри поки кӯдаконро тавлид мекунад.

Маҳз дар кӯдакистон, тифл бори аввал ба мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ шинос мешавад. Қалби ӯро шавқу завқ ва ҳисси ифтихор аз тавоноии давлат фаро мегирад.

Марҳилаи навбатӣ аз мувофиқ омадан ба мазмун ва табиати сохти иҷтимоию сиёсии ҷомеа ва фарҳанги гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус зич вобаста аст. Ин зинаи хеле муҳими ташаккули мафкураи сиёсии толибилмон ва шогирдон буда, сабабгори дар ин заминаи идеологӣ ба вуҷуд омадани муносибати муосир ба низоми сиёсии ҷомеа мегардад. Сатҳу сифат ва самаранокии иҷтимоигароии насли наврасро дар ин марҳилаи на он қадар тӯлонӣ, вале мураккабу ­масъулиятнок омилҳои зерин муайян карда метавонад:

- дониши мукаммал, маҳорату малака ва бархӯрдор будан аз усулҳои муосири таълиму тарбия, омодагии равонӣ ва мавқеи устувори сиёсии устод ва сарварон;

- ҳамкорӣ, ҳамдилии устоду волидайн ва мавқеи граждании онҳо дар тарбияи иҷтимоӣ-сиёсии насли наврас;

- сатҳи маърифатнокии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии волидайн, атрофиён ва дигар субъектҳои иҷтимоигароӣ;

- таъсири мусбат ё манфии муҳити атроф, воситаҳои ахбори умум;

- баромади иҷтимоӣ, ҳавасмандии моддии устод, эҳтиёҷмандӣ ва ниёзмандии аҳли зиё;

- афзалият ва аҳамияти хоса пайдо кардани омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии иҷтимоигароии сиёсии ҷомеа дар шароити иқтисоди бозоргонӣ.

Устодони фанҳои гуманитарӣ бояд дар раванди таълим аз вожаҳои моҳияти иҷтимоию сиёсӣ ва ҳуқуқидошта ба монанди қишр, табақа, синф, миллат, давлат, марзу бум, соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқу озодиҳо, дину мазҳаб, сулҳу ваҳдат, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, терроризм, ифротгаройӣ ва ғайра истифода бурда, мавқеи сиёсӣ ва шаҳрвандии толибилмонро ташаккул диҳанд ва таҳким бахшанд.

Толибилмон бояд идеалҳои худро дар симои қаҳрамонони халқ, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷӯянд.

Беҳуда нест, ки мардуми гуногуннажоду гуногунмазҳаби ИМА урфу одат, анъана ва рамзҳои давлатиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҳаёти худ ва муқаддасоти миллӣ қабул кардаанд. Суруди дӯстдоштаашон «Амрикои зебо ман» — ро самимона ва бо завқи афзоянда месароянду ҳаловат мебаранд. Дар ҷойҳои намоён – даромадгоҳ, майдончаҳои варзишӣ, идораву муассисаҳои давлатӣ ва шахсӣ, ҳатто дар либосҳояшон нишон ва парчами давлатиро насб ва инъикос кардаанд. Лоиқи таваҷҷуҳ аст, ки дар ИМА 93 фисади муаллимони мактабҳои миёна дарсро аз таҳлили мазмун, моҳият ва таърихи парчами давлатӣ шурӯъ мекунанд. Аксарияти талабагон номи 44 Президенти ИМА, саркардаҳои машҳури ҳарбӣ ва қаҳрамонҳои миллии Амрикоро азёд медонанд ва онҳоро эҳтиром мекунанд. Дар низоми маълумоти миёна, махсус ва олии ИМА тарбия нисбат ба таълим болотар меистад.

Яке аз омилҳои асосии ба даст овардани комёбиҳои беназир дар самти иҷтимоигароии сиёсии ҷомеа дар Аврупои Ғарбӣ, ИМА ва Осиёи Ҷанубу Шарқ пос доштани арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва дар низоми маълумоти миёна, махсус ва олӣ, мақсаднок ба роҳ мондани таълими фанҳои сиёсатшиносӣ, сотсиология, ҳуқуқ, равоншиносӣ, этика, иқтисод ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Барои мисол, дар мактабҳои олии Ҷопон 70 фоизи вақт барои омӯхтани фанҳои гуманитарӣ ҷудо шудааст.

Сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии пасошӯравӣ собит намуд, ки ҳар як давлату миллат новобаста аз сохти иҷтимоию сиёсӣ фақат дар заминаи арзишҳои миллӣ ва демократӣ, риояи асос­ҳои баробарию бародарӣ амалӣ намудани ғояҳои инсондӯстиву мардумсолорӣ, вобаста ба хусусиятҳои хоси иҷтимоию фарҳангӣ, асолати миллӣ, сиёсати геополитикӣ ва муборизаи оштинопазир ба муқобили қувваҳои иртиҷоӣ бо тарзу усулҳои хос ба мақсади асосӣ ноил мегардад.

Ба насли калонсол ­маълум аст, ки сарфи назар аз маҳдудият ва маҳрумиятҳо идеологияи коммунистӣ қувваи бузурги муттаҳидкунанда, сафарбаркунанда ва ҳифзкунандаи низоми сиёсӣ, сипари боэътимод зидди маҳалгароиву миллатчигӣ, порахӯриву хешутаборчигӣ ва ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуб буд.

Набудани арзишҳои умумимиллӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри пеш ба ноустувории вазъи сиёсии ҷомеа ва фалаҷ гардидани аркони давлатдорӣ боис гардид. Мамлакатро буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва халои идеологӣ фаро гирифт. Баъзе падару модарон ва фарзандони ноогоҳ ва фирефташуда дар зери таъсири хурофоти мазҳабӣ ва ташвиқу тарғиби зиддикоммунистӣ монда, қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти соҳибватанӣ ва соҳибмиллатиро фаромӯш карданд. Буданд ашхосе, ки фарҳанги бегонагонро дар мадди аввал гузошта, қариб буд, ки худро араб эълон кунанд.

Маълум аст, ки таъриху тамаддуни тоҷиконро, олимону таърихшиносони дигар халқу миллат таҳлил намуда, баҳои воқеӣ додаанд. Аз ҷумла, файласуфи Юнони қадим Арасту дар ибтидои ҳазорсолаи яки пеш аз милод таъкид намудааст, ки фарҳанги Муғон аз фарҳанги Мисриён қадимтар аст. Аллома Б.Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» қайд намудаанд, ки «Оинномаи асосии Зардушт ба системаи фалсафии Юнони қадим таъсири муайян расонидааст».

Аҷдоди ихтироъкори мо — суғдиён аввалин шуда пӯлод­ро кашф намуда, ба сафири Чин дар Суғд туҳфа намуда буданд. Ҳамин тавр, аҷдоди илмдӯсту фарҳангофари мо ҳазорҳо кашфиёти илмӣ — назариявӣ ва фарҳангиву таърихиро дар шароити вазнини иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ дар зери зулму асорати аҷнабиён, истибдоди феодалӣ, ҷаҳолату хурофоти динӣ рӯи кор овардаанд. Ҷаҳонӣ гаштани иди ниёгони мо Наврӯз, ба феҳрасти шоҳкориҳои мусиқии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани «Шашмақом», таваҷҷуҳи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ба ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик, ба монанди Саразм, Аҷинатеппа, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор ва Истаравшан далели эътирофи саҳми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Кӯшишҳои қувваҳои ифротгаро бо мақсади амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ тирамоҳи соли 2015 бори дигар собит намуд, ки бартараф намудани таъсири манфии воқеаҳои нангини солҳои 90-уми қарни ХХ омили асосии ба даст овардани вазъи устувори сиёсӣ, таҳкими сулҳу истиқрор ва омили муҳимтарини иҷтимоигароии насли наврас мебошад.

Дар ин марҳила афзоиш додану таҳким бахшидани боварии донишҷӯён аз ҷониби устодон ба сиёсати дохиливу хориҷии давлат, мақсаду мароми ҳизби пешбар, воқеӣ будани Буҷети давлатӣ ва дурнамои он, нақши сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар иҷтимоигароии муҳассилин аҳамият дорад.

Озод намудани шуури муҳассилин аз тасаввуроти бозгашт ба низоми сиёсии сотсиалистӣ ва бо ҳамин мақсад таҳлили мазмуну моҳияти иқтисоди бозорӣ ҳамчун гарави таъминкунандаи волоияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, такомули фаъолияти эҷодкоронаи соҳибкор, ташаккули табақабандии нави иҷтимоӣ дар заминаи рушди шаклҳои мухталифи моликият ва истеҳсолот, таҳияи консепсияҳо оид ба арзишҳои давраи соҳибис­тиқлолии Тоҷикистон ва дурнамои он идомаи мантиқии ин раванд бояд бошад.

Н. АВАЗМАТОВ,

устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ