Идеяҳои Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳия ва татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_1268Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиқлол доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ мебошад. Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, назму арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа ва сатҳи тараққиёти ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, дар ҳақиқат, Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад. Бинобар ин, соҳиби Конститутсия ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ шудан марҳилаи олии рушд ва ё камоли ҳар давлат ва миллат ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Конститутсияи устувор ва ҳокимияти конститутсионии пойдор дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин конститутсияҳои ҷаҳон буда, дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад. Он тамоми меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва тамоми ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад. Ин аст, ки мо дар арсаи байналмилалӣ бо ин санади бахту саодатамон, бо ин пояи устувори давлатдориамон, яъне, бо Конститутсияи мукаммал ва пешрафтаи кишварамон, ифтихор менамоем.

Аммо барои ба даст овардани чунин Конститутсияи комилу устувор ва барои соҳиб шудан ба ин шиносномаи пурифтихор, миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаеро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри ин талошу муборизаи таърихӣ Пешвои номвари он, абармарди олами сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Шахсе, ки номаи сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихии тоҷиконро аз оташи таърих берун кашида, ба дасти миллат супорид. Шахсе, ки бо ҷонбозиҳояшон халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, соҳиби аркони давлатдорӣ ва давлати соҳибистиқлол намуд.

Корномаи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро номбурда аввалин қадамашонро ба сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарории ҳокимияти конститутсионӣ» гузошта буданд. Ба ибораи дигар, қонунгароӣ ва конститутсионализм аз ибтидо меҳвари тафаккури сиёсии Пешвои миллатро ташкил дода, батадриҷ ба мазмуни фаъолият ва мактаби сиёсиашон табдил ёфт. Ин аст, ки дар таърихи давлатдории навини мо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои усулие чун волоияти қонун, ҳукумати қонунӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ пайванди амиқ доранд.

Таъкиди Сардори давлат бар волоияти қонун ва иҷрои қатъии меъёрҳои конститутсионӣ бесабаб набуд. Мавсуф дар замоне ба роҳбарии давлат расиданд, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба як санади бетаъсир, балки бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конс­титутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Барои мисол, фақат дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини устувории раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Роҳбари давлат ин масъаларо чунин ба миён гузошта буданд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардид». Аз ин сабаб, Роҳбари тозаинтихоби давлат фаъолияти сиёсӣ ва давлатиро маҳз аз ташаккул ва устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд. Талош ва ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол ва фаъолияти минбаъда барои такмил ва татбиқи амалии ин санади таърихӣ як корномаи бузург аст. Танҳо ҳамин хизмати Президенти кишвар кофист, ки ин абармардро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.

Барои дарки дурусти ин корномаи таърихии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба чор ҷанбаи асосии фаъолият дар ин самт хеле муҳим аст:

Ҷанбаи якум — саҳми муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аввалин нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таҳия ва қабули Конститутсияро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ гузоштанд. Ҳарчанд мувофиқи Конститутсияи амалкунандаи то соли 1994 Шӯрои Олии Тоҷикис­тон ҳуқуқи ворид намудани ҳама гуна тағйиру иловаҳо ба онро дошт, лекин баръакси ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили таҳия ва муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ исрор варзиданд. Барои ҳар чӣ шаффоф ва демократӣ  идома ёфтани ин раванд бо дастури номбурда ҳамзамон се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфт, ки ин як амали бесобиқа буд. Илова бар ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин равандро ба назорат гирифта, пайваста таъкид менамуданд, ки дар Конститутсияи нав бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли ҳар як қишри ҷомеаи мо ба назар гирифта шавад. Қобили зикр аст, ки дар ин раванди таърихӣ аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод расида буд, ки баёнгари иштироки фаъоли оммаи халқ дар ин раванди сарнавиштсоз маҳсуб мешавад. Пешвои миллат ин лаҳзаҳои таърихиро дар яке аз суханрониҳояшон чунин ёдоварӣ намудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

Дар натиҷа, маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мардум дар ин раванд ба марказӣ ва таъинкунанда табдил шуда, аввалин бор ба маънои томаш «конститутсияи мардумӣ» таҳия ва қабул гардид.

Хусусияти дигари муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон дар он буд, ки бо супоришашон гурӯҳҳои корӣ бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти конститутсионализмро ҳамаҷониба омӯхта, дар кори худ дастовардҳои олитарини башарӣ дар ин самтро фаро мегирифтанд. Масъаларо тарзе гузошта буданд, ки фаъолияти шохаҳои ҳокимият, ташаккули институтҳои асосии давлатдорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд ҳамрадифи Конститутсияҳои давлатҳои пешрафтатарини ҷаҳон бошад. Илова бар ин, беҳтарин мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба кори арзёбӣ ва экспертизаи ин санад ҷалб шуданд.

Ҷанбаи дуюм — саҳми муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи Конститутсия дар ёддоштҳояшон хотирнишон кардаанд, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия низ саҳми таърихӣ доранд. Ҳарчанд бисёре аз азъои гурӯҳ ходимони собиқадори давлатӣ, ҳуқуқшиносони касбӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буданд, аммо зимни нишастҳои корӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идея ва механизмҳоеро пешниҳод мекарданд, ки бо дурандешонаву қобили мулоҳиза будан фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки тамоми мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад, бевосита аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии мавсуф ҳангоми интихоб ба ҳайси Роҳбари мамлакат дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ бо қатъият зикр шуда буд, ки ҷонибдори давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз ҳамин идеяи муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аввалин хишти Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буд ва он батадриҷ такмил ёфта, ба меъёри муайянкунандаи модели давлатдории миллии муосири мо — давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Имрӯз, бо гузашти замон, бо андозагирӣ дар маҳаки таҷриба дармеёбем, ки интихоби ин меъёрҳо ва ин модели давлатӣ то чӣ андоза дуруст, муҳим ва барои миллат ва давлати мо сарнавиштсоз будааст.

Яке аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсияи навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид намуданд, дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд. Зеро аз вазъияти зиндагии халқ хуб огоҳ буданд, медонистанд, ки гузариши якбора аз модели давлати иҷтимоӣ ба модели давлати сармоядорию либералӣ боиси қашшоқии мардум, бисёр сангин шудани вазъи иҷтимоии халқ ва якбора ба қафо рафтани сатҳи иқтисодиву фарҳангии кишвар мегардад. Ин буд, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давлат, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мафҳуми «давлати иҷтимоӣ»  ҳуқуқҳои бунёдии аҳолӣ барои дастрасӣ ба таҳсили ройгон, хидматрасонии тиббии ройгон, ҳимояи иҷтимоии қишрҳои осебпазир ва дигар хидматрасониҳои иҷтимоӣ ҳифз шудааст.

Ҷанбаи сеюм — саҳми муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар. Моҳияти ин ҷанба дар он аст, ки пас аз қабули Конститутсияи мукаммал ва пешрафтаи давлати мустақил, бояд тамоми маҷмӯаи қонунгузории кишвар пурра ислоҳ гашта, бо таҳия ва қабули маҷмӯаи бузурги санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иморати ҳуқуқии кишвар ба низоми ҳуқуқии давлати мустақили миллӣ табдил меёфт. Ин вазифаи моҳиятан мушкил ва кори ҳаҷман бузурге буд, ки дар таърихи давлатҳои классикии мутамаддин маъмулан чанд даҳсола ва ҳатто садсоларо дар бар мегирад. Аммо таърих барои мо фурсати кӯтоҳ дода буд ва ин кор бояд дар муддати кӯтоҳ анҷом мешуд.

Ҳамин тавр, зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар заминаи Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт.

Ҷанбаи чорум — саҳми муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Моҳияти ин самти фаъолияти мавсуф дар он аст, ки ӯ дар таърихи давлатдории миллии мо на танҳо ташаббускори қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки, ҳамчунин, ба унвони татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ шинохта мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳарчанд қабули чунин Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар будааст.

Дар ин кор дар рӯ ба рӯи Роҳбари ҷавон чанд мушкили ҷиддӣ меистод. Аввалан, солҳои аввали татбиқи Конститутсия дар шароити мураккаби сиёсию низомӣ, замони низои дохилӣ дар кишвар рост омад. Дар чунин шароит, раванди татбиқи амалии сохтори давлати миллии тоҷикон бояд ҳамзамон бо анҷоми музокироти бисёр печида барои дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ идома меёфт. Аз тарафи дигар, элитаи сиёсӣ ва идории кишвар, ки асосан дар шароити ҷомеаи шӯравӣ ташаккул ёфта буд, дар татбиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ таҷрибаи амалӣ надошт. Бинобар ин, баъзан ташаббусҳои пешқадами Роҳбари давлат дар дохили худи элитаи сиёсӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуд. Душвории дигар он буд, ки кишварҳои дигар барои татбиқи амалии ин аслҳои давлати дунявии демократии ҳуқуқбунёд даҳсолаҳо ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон бояд ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ мегузашт. Ҳамин тавр, дар чунин шароити печида, татбиқи меъёрҳои баланд ва аксаран нави конститутсионӣ дар як ҷомеаи пасошӯравӣ аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллат аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи таърихӣ низ бо сарбаландӣ баромаданд.

Имрӯз мафҳумҳое чун волоияти қонун, давлати дунявии демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва даҳҳо мафҳуми дигар, ки башарият онро дар тӯли асрҳо бо мубориза ба даст овардааст, барои ҷомеаи мо мафҳумҳои бисёр ошно ва маъмулӣ шудаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамагӣ бист- бисту ҳашт сол пештар аксари ин мафҳумҳо барои мардуми Тоҷикистон мафҳумҳои комилан нав буда, дарку эътироф ва татбиқи онҳо ба сахтӣ пеш мерафт. Пас, метавон хулоса гирифт, ки аз назари татбиқи амалии меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, кишвари мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом додааст. Бешубҳа, дар муддати ду даҳсола, ки назди таърих як лаҳзаи кӯтоҳ аст, ба даст овардани чунин муваффақиятҳо дар самти татбиқи арзишҳои демократӣ дастоварди муъҷизаосост.

МУРТАЗОЗОДА Ҷамшед Саидалӣвакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ