Идомаи сафари кории президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

№140 (3441) 21.10.2015

Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

10984555_913394402064080_4759413025766307162_o

Субҳи рӯзи 19 октябри соли 2015 дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин марказ дорои тамоми шароити зарурӣ буда, барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст.

Маркази таълимӣ- фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта, дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбор бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин ҳашт бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатри тобистона, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпарронӣ мавҷуд аст.

Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Сарвари давлат ба мавқеи ҷойгиршавии маркази мазкур, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд шуда, барои машқу тамринҳо дар шароити кӯҳистон мувофиқ аст, баҳои баланд дод.

Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Раёсати сохтмони асосии ҳамин вазорат мебошад.

Зимни боздид аз Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва дигар имкониятҳои он аз наздик шинос шуда, ҳангоми суҳбат бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои обутоби бадан, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёфтани онҳо, чусту чолокӣ, зиракӣ, далерӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва дигар техникаю муҳимоти ҷангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Президенти мамлакат изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии кормандон ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шуда, хизмати содиқонаи онҳо қадр карда мешавад. Фақат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмини тартиботу амният дар ҷомеа талаб карда мешавад.

Ҳамзамон Сарвари давлат ба иқдоми раёсати вазорат ва соҳибкорон барои бунёди чунин маркази замонавии таълимӣ изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат дастур доданд, ки аз тамоми шароити ин марказ барои тарбияву тавонбахшии кормандон бисёр пурсамар истифода баранд.

 

Www.President.Tj