Ифротгароии ҷавонон — асоси нигаронии ҷомеа

№33 (4139) 17.03.2020

Ифротгароӣ, ки маънои тунд­равӣ, моҷараҷӯӣ, зӯровариро дорад, бо мафҳуми терроризм муродиф аст, ки бо шунидани он одамонро ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор фаро мегирад.

Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурус­тию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задани низоъ ва муноқишаҳо гардиданд.

Ислом ё дигар динро манбаи ифротгароӣ ­эътироф кардан комилан нодуруст аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯъ гуфтанд: «Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом — яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон аслан хатост. Дини мубини ислом, чун ҳама динҳои дигар, инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад». Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод нашавад, бояд маърифатро ба ҷаҳолат муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи онҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Дар ин робита қайд кардан лозим аст, ки ягон дин одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Баръа­кс, динҳо одамонро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зӯроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ даъват менамоянд. Аз рӯи адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбат дода шавад.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ зиёд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ҳизбҳои гуногун ба воситаи паҳн намудани таълимот, ки хилофи таълимоти анъанавии исломанд, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро дар байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракату ҳизбҳо, ба мисли «Ҳизб — ут — таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», «Ихвонулмуслимин», ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ шудаанд, метавонанд на танҳо вазъи динӣ, балки сиёсиро низ дар мамлакат халалдор намоянд. Барои пешгирӣ кардани ифротгароӣ ва терроризм бояд таълимоти дурусти исломиро аз дидгоҳи мазҳаби Имоми Аъзам барои ҷавонон роҳандозӣ намоем.

Таълимоти ифротгароӣ ва тундгароӣ зуҳуроти бисёр хатарноки иҷтимоӣ мебошад. Дар солҳои охир дил бастани бархе аз ҷавонони бемаърифат ба ин таълимот дар ҷомеаи Тоҷикистон ба назар мерасад. Ин зуҳуроти хатарнок метавонад омили аслии нооромӣ, бесуботӣ ва беназмӣ дар дилхоҳ ҷомеа гардад.

Тавре таҳлил ва баррасии иттилооти ҳаррӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи ҷавонони диндор дар сомонаҳои интернетӣ, ба монанди «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар саҳифаҳои шахсӣ, аз он шаҳодат медиҳад, сафи ҷавонони ифротгаро ва тундгаро сол то сол меафзояд, ки боиси нигаронӣ аст.

Хуб аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон созмонҳои гуногуни ҷавонон, чун Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, Ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон, «Созандагони Ватан» ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи меҳварии онҳо, пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна навъи ҷиноят ва ҷинояткорӣ мебошад. Созмонҳои мазкур, воқеан ҳам, барои такомули шахсияти ҷавонон судманд ва муҳиманд.

Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бисёре аз ҷавонон ва ноболиғони дар муҳоҷират қарордошта ногузир зери таъсири ғояҳои ифротӣ ва тундгароии динӣ қарор гирифтанд. Миссионерҳо ва мубаллиғони ҳаракатҳои моҳияти экстремистӣ ва террористидоштаи шабакаи «ал-Қоида», «Салафия», «Байъат», «ал — Ҷиҳод», «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҳизб-ут-таҳрир», Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Рофизиён аз ин фурсат истифода бурда, бо баҳонаи таълими дини мубини ислом ҷавонони тоҷикро дар ҳавзаҳои идеологӣ ва мафкуравӣ ба камол расониданд. Илова ба ин, мубаллиғон мағзи ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ», «амри маъруф ва наҳйи мункар» шустушӯ намуданд. Ҳамин аст, ки ҷавонони дорои мафкураи ифротӣ аз қабул ва шинохти дини мубини ислом, ки сарчашмаи сулҳу субот ва маҳзари покию иффат, махзани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад, маҳрум мондаанд. Дар баробари ин, ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷӣ ва дохилияшон низоми демократӣ ва дунявӣ доштани сохтори конститутсионии давлати моро куфр ва бидъат ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусалмонро дар рӯҳияи ватанбадбинӣ ба воя расонанд.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибис­теъдод ва ҳушманд ифтихор, сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва тундхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ, фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонони ифротманиш ва тундхӯйи ситезаҷӯйи бемазҳаб талош доранд, ки маориф ва фарҳанги асили исломиро барои расидан ба хадафҳои ғаразноки нопок ва пуросеби гурӯҳӣ якҷониба ва барғалат, дар асоси барномаҳои террористӣ ва экстремистӣ доштаашон шарҳу баён созанд.

Зери парчами таълими динӣ дар рӯҳияи ифротгароӣ ва тундгароӣ тарбият намудани ҷавонони ноогоҳ ва камхабар аз улуми исломиро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем. Аз ҷумла, он афроде, ки маълумоти диниро аз ин шабакаҳо гирифтаанд, доир ба забони форсӣ — тоҷикӣ, фарҳанг, маорифи миллӣ ва мазҳабии сокинони кишвар маълумоти кофӣ надоранд, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти роиҷи ҳанафимазҳабони диёрро бидъат ва ширк муаррифӣ намуда, бегонапарастӣ, худбадбиниро бардурӯғ аз номи Худо ва Паёмбари ислом (с) таблиғу ташвиқ мекунанд. Дар ҳақиқат, маълум мешавад, ки чунин ҷавонон ғофил аз худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ буда, бо таърих ошно нестанд. Манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонӣ ва мусалмонӣ эҳсос намекунанд ва намепазиранд. Барояшон хидмат ба миллат ва халқу ватан ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёфтааст, балки эҷодкунандаи нафрат ба арзишҳои олии зиндагӣ ва муқаддасоти миллӣ гаштаанд. Онҳо бегонапарастиро тарзи ақидаи тавҳидӣ ва диёнатӣ қарор додаанд. Илова ба ин, баъзе аз ноболиғон ва калонсолонро низ дар рӯҳияи зидди тоҷикият ва сирф бегонапарастӣ парвариш медиҳанд. Мафҳуми миллат, ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор ва хотира, расму оини таърихӣ барои онон хурофот ва таассубу бидъат ҳисобида мешавад. Инчунин, ҳар ҷавони ифротгаро вазифадор аст, ки осор ва ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги бумиро тахриб ва несту нобуд намояд.

Надоштани хотираи таърихӣ ва шинохти солими дини ислом, махсусан, фиқҳ ва ақидаи тавҳидӣ, ҳифз накардани таърихи миллат ва кишвар, маҳдудияти шуури таърихӣ, заифӣ ё масъулияти шаҳрвандӣ надоштани баъзе аз ҷавонони камсавод, каммаърифат ва беиттилоот аз «Қуръон»-у суннатро бегонапараст, ифротгаро, тахрибкор ва хатарзо намудааст. Ин афрод масъулияти инсонгарӣ ва Худопарастиро дар қатлу куштор, ҷиҳоди мусаллаҳона, тундгӯйӣ, тундхӯйӣ ва куфру бидъат нисбат ба дигар мусалмонон ва пайравони динҳои ғайриисломӣ мебинанд.

Барои мусалмоне, ки хотираи таърихияшро пос намедорад ва онро дар асоси таълимоти хоҷагони хориҷияш бидъату ширк муаррифӣ месозад, истиқлолияти комили давлатӣ, аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, молию илмӣ, амниятӣ, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии мазҳабӣ барояш арзиш ва қимат надорад. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.

Воридшавии ҷавонони роҳгумзада аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул-муслимин» ва «Ҳизб-ун-Нур»-и салафия, рофизия ва ғайра дар хориҷи кишвар бесабаб нест. Ин афрод ба хотири дарёфти ормонҳои имонӣ ва исломӣ намедонанд, ки аллакай қурбони бозингарони мансабхоҳ ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

Дарёфти омӯзаҳои исломӣ барои муғризини миллат ва давлати Тоҷикистон баҳонае беш нест. Муғризини миллати тоҷик ва душманони мазҳаби ҳанафӣ, ки такфир, ифрот ва ситезаҷӯйиро таблиғу ташвиқ менамоянд, ҳаргиз дар пайи таълимоти дини мубини ислом нестанд, балки бо шеваҳои гуногун ва усулҳои санҷидаи террористон ва экстремистони хориҷӣ танҳо неруҳои созандаи ҷавонони исломиро бо роҳи фиреб, тавтеа, дасиса ва талбисот ба манфиати гурӯҳҳои террористӣ истифода мебаранд.

Амирҳамза МИРЗОМУДДИНОВ, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Абӯҳанифа