Ифтитоҳи бинои нави Маркази равонпизишкӣ

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз бинои нави Маркази равонпизишкии вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки маблағи сохтмони он беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони бино аз буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ шуда, онро сохтмончиёни ширкати «Хуҷандсохтмон-1» бо сифати баланд анҷом доданд. Масоҳати умумии бино 1100 метри мураббаъ буда, он аз ду ошёна, даҳ утоқи барҳаво барои 100 кат, ҳамчунин ошхона, утоқҳои корӣ ва дармонгоҳ иборат мебошад.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи бинои нав ширкат варзида, кормандону табобатгирандагони марказро бо фарорасии баҳори фархунда табрик намуд.

 

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»