Эҳтиёт - ними ҳаёт

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

№70 (3864) 07.06.2018

ывапвапвапСол то сол теъдоди нақлиё­ти автомобилӣ дар кишвар  афзуда истодааст. Ин аз як тараф, нишонаи баланд шудани сатҳи некуаҳволии сокинон бошад, аз тарафи дигар, хавфи зиёд шудани садама ва ифлосшавии ҳаворо бештар мегардонад.

 Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сайёра 1,24 миллион нафар дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ мефавтанд, ки аз онҳо 186000 нафар кӯдакон мебошанд. Илова бар ин, 20 — 25 миллион нафари дигар маъюб мегарданд.

Тибқи иттилои  Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде пеш сокини 33- солаи шаҳри Турсунзода М. Музаффаров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Шамсии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёда­гарди  хурдсол — сокини шаҳри Душанбе Б. Давлатови 10-соларо пахш намуд. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Сокини 58-солаи ноҳияи Хуросон Р. Ҳошимов  ҳангоми ҳаракат  дар роҳи Душанбе – Бохтар, дар деҳаи Ҷавонони ноҳияи Хуросон ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» таҳти идораи сокини деҳаи Қизилқалъа А. Ғаниев бархӯрд. Дар натиҷа, Р. Ҳошимов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамсафари ӯ Ф. Мирзоев дар беморхона бистарӣ шуд. Гузориши чунин ҳодисаҳои нохушро мунтазам аз шабакаҳои телевизионӣ мебинему аз матбуот мехонем.

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зиёда аз нисфи ашхоси дар садамаҳои роҳу нақлиёт фавтида 15 — 44 сола мебошанд. Аксари онҳо таъминкунандаи асосии оила ба шумор мераванд. Барои рафъи оқибатҳои осебёбӣ дар  натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиёт кишварҳои даромадашон паст ва миёна солона 1- 2 фоизи маҷмӯи  даромади миллиро сарф месозанд. Масъалаи мазкур дар баъзе аз кишварҳо он қадар ташвишовар гардидааст, ки ҳатто дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Комитети миллӣ оид  ба бехатарии ҳаракат дар роҳ амал мекунад. Дар қонунгузории Австралия, Зеландияи Нав, Шветсия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор кишварҳои дигар  бе шлем (сарпӯши муҳофизатӣ) рондани велосипед манъ карда шудааст. Зеро сабаби асосии марги дучархасаворон латхӯрии сар ба шумор меравад.

Солҳои охир дар бисёр кишварҳо рӯй додани садама ҳангоми гуфтугӯ бо телефони мобилӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад. Тибқи ҳисоби коршиносон, ронандагоне, ки зимни рондани нақлиёт бо телефон гуфтугӯ мекунанд, хатари рӯй додани садамаро чор маротиба зиёд менамоянд.

Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар рӯз ба ҳисоби  миёна дар ҷаҳон 3,5 ҳазор нафар дар садамаҳои нақлиётӣ мефавтанд, ки ҳар панҷумин нафарашон кӯдаконанд. Бо суръати баланд рондани нақлиёт, сатҳи пасти маърифати ронандагӣ, рондани нақлиёт дар ҳолати сархушӣ сабабҳои асосии сар задани садамаҳо ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Федератсияи Россия 37 фоизи фавтидагон дар садамаҳои нақлиётиро пиёдагардон ташкил медиҳанд. Ин рақам дар Норвегия ба 10 фоиз баробар аст. Коршиносон сабаби камшавии нишондиҳандаи фавти пиёдагардони Норвегияро дар чораҷӯиҳои пешгирикунанда рабт медиҳанд. Масалан, дар маҳаллаҳои Норвегия ҳаракати нақлиёт баландтар аз 30 км/ соат иҷозат нест. Агар нақлиёт бо суръати 60 км /соат пиёдагардро занад, барои ҷабрдида аз даҳ як имконияти зинда мондан мавҷуд асту халос. Лекин агар суръати нақлиёт 30 км /соат бошад, имконияти зинда мондани пиёдагард ба навад фоиз мерасад.

Дар Зеландияи Нав тадқиқот нишон дод, ки агар ронандагон дар ҳолатҳои зерин аз идораи воситаи нақлиёт даст кашанд, сатҳи садамаи роҳу нақлиётро 19 фоиз кам кардан мумкин хоҳад шуд: 1) дар ҳолати хоболудӣ; 2) тайи як шабонарӯзи охир камтар аз 5 соат хобидан; 3) аз соати дуи шаб то 5-и субҳ рондани нақлиёт.

Созмони ҷаҳонии тандурус­тӣ ҳушдор медиҳад, ки  дар сурати наандешидани чораҳо мумкин аст, то соли 2020 сатҳи осебёбӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт дар ҷаҳон зиёд шавад. Чунин вазъият дар кишварҳое, ки шумораи нақлиёт сол то сол меафзояд, бештар ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро танҳо вазифаи кормандони БДА нашумурда, бояд ҳама дар  амалишавии он саҳм гузоранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ».

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»