Иродаи шикастнопазир. Турсуной бо пойҳояш гулдӯзӣ мекунад

№30 (4136) 07.03.2020

Баъд аз он ки бо пой шероза (ҷиҳак) — дӯзӣ ва гулдӯзии Турсуной Мустафоева дар шаҳри Панҷакент ва берун аз он паҳн гардид, воситаҳои ахбори омма дар бораи ӯ зиёд гуфтанду навиштанд. Чанд сол пеш собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ӯ хонаи истиқоматӣ туҳфа кард. Хостам дар арафаи Рӯзи Модар дар бораи ӯ чизе нависам. Чун суроғаи хонаи ӯро намедонистам, ба Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент муроҷиат кардам. Яке аз кормандони муассиса маро то хонааш роҳнамоӣ кард.  

Маъюб духтарак 040320 Т. МустафоеваНомбурда соли 1980 дар деҳаи Қӯштеппаи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ба дунё омада, хеле барвақт ятим монд. Маъюби гурӯҳи 1 мебошад. Аз моҳи апрели соли 2001 то декабри соли 2016 бошандаи Муассисаи давлатии «Хона — интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» буд.

Кормандони ин муассиса дар бораи ӯ хотираҳои нек доранд. Нақл мекунанд, ки  Турсуной рӯзҳои аввали ба ин ҷо омадан шарм мекард, дар танҳоӣ ва пинҳонӣ ба кор машғул мешуд.  Ҳеҷ кас бовар надошт, ки ӯ метавонад бо пой аз иҷрои амали мушкил барояд. Ҳама аз лаёқати духтари маъюб, ки гоҳе шахсони солим аз уҳдааш намебароянд, ангушти ҳайрат газиданд.

Бо ташаббуси директори муассиса Моҳира Амонқулова чанд маротиба дар намоишҳои шаҳриву вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро сазовор гашт. Соли 2014 дар Намоиши ҳунарҳои мардумӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок карда, соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид.

Баъдан, ба ҳунари ӯ таваҷҷуҳ карданд ва  гулдӯзиҳояшро хариданд.

Чун ба хонаи Турсуной расидем, дарро аз хоҳараш Нодира, ки феълан ӯро нигоҳубин мекунад, кушод. Хона аз ду ҳуҷра иборат буда, хеле тозаву барҳаво буд.

Вақте ба хона даромадем, ӯ хушҳолона табассум кард. Аз хоҳараш бо ишора кӣ ва аз куҷо будани маро пурсид. Нодира ба ӯ фаҳмонид. Аввал бовар накард, вале чун мутмаин шуд, хеле шод шуд. Хоҳиш кардем намунаҳои ҳунари ӯро нишон доданд. Турсуной чанд лаҳза дар назди мо ба шерозадӯзӣ машғул шуд. Ӯ ҳатто бо ангуштони пойҳояш риштаро ба сӯзан гузаронид…

Сабаби нобоварӣ ба ташрифи  моро Нодира чунин шарҳ дод: нисбат ба солҳои пеш ӯро кам хабар мегиранд. Ба маҳсули ҳунари ӯ таваҷҷуҳ нест, кам ба фурӯш меравад. Аз ҳамин хотир дили ӯ ба кор гарм нест. Бештар вақти худро бо тамошои телевизион мегузаронад.

Умед дорем, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъулон ба маҳсули ҳунари ин бонуи ҳунарманд таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои  ба фурӯш рафтани он кумак мерасонанд.

Р. УМАР, «Садои мардум»