ИСФАРА: фаъолияти нуҳмоҳа қаноатбахш аст

№148 (3449) 03.11.2015

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар кори он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор гирифт.

Муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи сипаригашта гузориши муфассал дод. Зикр гардид, ки дар ин муддат тамоми имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи 205 лоиҳаи дар соли 2015 ба нақша гирифташуда дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 — 2017» сафарбар гардидааст.

Чуноне аз таҳлили  ин барнома бармеояд, лоиҳаҳо дар ҳаҷми 69,1 миллион сомонӣ, яъне 100 фоиз ба иҷро расидаанд. Оид ба иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ зикр шуд, ки бо баъзе сабабҳо дар ин давра дар самти таъмини иҷрои буҷет мушкилот ба миён омад ва иҷрои он ҳамагӣ 91 фоиз таъмин шуд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда мебоист ба буҷет 65 млн. 118 ҳазор сомонӣ ворид гардад, вале амалан 59 млн. 206 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 5 млн. 912 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Сарфи назар аз душвориҳои молиявии пешомада хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин карда шуд.  Дар зарфи нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 33,2 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар ин муддат панҷ коргоҳу корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12 маркази таълимӣ — истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис ёфта, 37 дастгоҳ харидорӣ ва насб карда шудааст.

Бино ба гуфти мавсуф, дар давраи мавриди назар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 237,4 миллион сомониро ташкил дод, ки бо дарназардошти индекси нархҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ 21 лоиҳаи гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардида, зимнан 18 миллиону 435 ҳазор сомонӣ, баробар  ба 2 миллиону 92 ҳазор доллари ИМА маблағҳои хориҷӣ аз худ карда шуданд.

Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ бунёди беш аз 60 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву савдо сурат гирифта, 28 км роҳ, аз ҷумла кӯчаҳои дохили маҳаллаҳо таъмири куллӣ ва 170 км таъмири ҷорӣ карда шуд.

Дар рафти  ҷаласа раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулин дар иртибот ба  камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати таъмини Буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва суханронӣ намуда, баҳри рафъи камбудиҳо ва иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳо дод.

 А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»