Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Паёми Пешвои миллатро дар шаҳри Ваҳдат шарҳ доданд

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон чанде пеш дар кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат бо собиқадорони меҳнат, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мӯсоева, Гулафзо Савриддинова ва Муродалӣ Маҳмадалиев иштирок намуда, таассуроташонро аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба рушди соҳа ва афзудани сафи ҳунармандони мардумӣ таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Дар хотима, собиқадорони меҳнат, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳидоят намуданд, ки ба қадри ободӣ, шукуфоӣ, пешрафти Тоҷикистон, ки дар Паёми Пешвои миллат ба он ишораҳо шудааст, расанд ва Ватанро самимона дӯст дошта, дар ободию ояндаи пурнишоти он саҳмгузор бошанд, оромиву суботи ҷомеаро ҳифз намуда, обрӯ ва эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

 «Садои мардум»