Ислоҳоти низоми андоз чӣ натиҷа медиҳад?

№80 (4030) 04.07.2019

IMG_9741Чанд муддат аст, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бун­ёди мадад дар Тоҷикистон маҳфили журналистикаи иқтисодии «Тавозун» амал мекунад.

Маҳфили навбатии он, ки чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, ба мавзӯи «Ислоҳот дар низоми андоз ва андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Директори ташкилоти зикршуда Шаҳло Акобирова иброз дошт, ки яке аз шартҳои асосии воридоти пурра ва саривақтии андозу пардохтҳо ба буҷет, пеш аз ҳама, самаранокии татбиқи сиёсати андозу буҷет ва ҳамчунин, низоми маъмурикунонии андоз мебошад. Аз ин рӯ, ба маҳфил коршиносони соҳа ва намояндагони вазорату  кумитаҳои дахлдор даъват шуданд, то роҳҳои беҳтар гардонидани фаъолияти мақомоти андоз, сохтори таркибии он, унсурҳои асосии андозбандӣ, банақшагирӣ, тартиби ҳисоб ва дурнамои даромадҳои андозии буҷети давлатиро баён намоянд.

Коршинос оид ба масъалаҳои молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинзода дар мавзӯи «Ислоҳоти андоз ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёти миллӣ» ба иштирокчиён маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 дар чор марҳила ташаккул ёфта, шумораи андозҳо аз 45 то 17 ва айни замон то 10 адад  кам шудааст. Тавассути қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми январи соли 2013 низоми андозбандӣ мукаммал ва номгӯи андозҳо то 50 фоиз коҳиш ёфта,  андоз аз фурӯши чакана пурра ихтисор шуд. Инчунин,  бо мақсади такмили низоми маъмурикунонии андоз, аз ҷумла, сарфаи  вақт ва хароҷоти соҳибкорон шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида то 40 фоиз, ҳисобҳои андозӣ то 60 ва шумораи ҳуҷҷатҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ то 30 фоиз  кам шуд.

- То ба ҳол ба Кодекси андоз 13 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки ба беҳтаргардонии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои ҳисобкорӣ мусоидат намудааст, — гуфт Абдураҳмон Наҷмиддинзода.

Номбурда ёдовар шуд, ки мутобиқи моддаи 110 Кодекси андоз, корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда (инчунин, корхонаҳои саноатӣ) ба муҳлати то 5 сол  аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда) озод мебошанд. Барои корхонаҳои навтаъсиси коркарди пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ ба муҳлати то 5 сол  аз андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда) ва андозҳо аз молу  мулки ғайриманқул (андози замин ва андоз барои объектҳои ғайриманқул) озоданд. Муҳим он аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда шумораи соҳибкорон аз 236 ҳазор нафари соли 2012 то ба 315 ҳазор нафар дар соли 2018 расида, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шуд.

Сардори шуъбаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Вазиров дар хусуси «Ислоҳоти низоми андоз дар давраи иқтисоди рақамӣ» маърӯза карда, минҷумла иброз дошт, ки  аз 1 январи соли 2018 ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ ҷорӣ шудааст. Ҳамчунин, як сол боз аз тариқи реҷаи мустақим  (онлайн)   ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ додани рақами мушаххаси суғуртавӣ ва рамзи оморӣ ба роҳ монда шудааст, ки он дар як рӯз анҷом дода мешавад.

Номбурда зикр намуд, ки бо мақсади маҳдуд  ва пешгирӣ намудани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ба танзим даровардани санҷишҳои андозӣ 21 феврали соли 2018 ба Кодекси андоз як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андоз­супорандагоне, ки даромади умумии онҳо дар давраи соли тақвимии гузашта бештар аз 25,0 миллион сомонӣ мебошад, на зиёда аз як  маротиба дар як сол ва нисбат ба онҳое, ки даромадашон камтар аз ин меъёр, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд. Санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошад, пас аз сипарӣ шудани 36 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардад. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли равон №1181 ба ҳама  намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда шуд, ки мақсад аз он боз ҳам бештар фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Дар поёни чорабинӣ маърӯзачиён ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух доданд.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»